Бахшҳо

Чопи нахустин шеъри Бозор дар васфи Эмомалӣ Раҳмон

Нахустин мисраъҳои шеъри Бозор Собир, шоири тоҷик дар васфи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба нашр расид.

Ин шеъри Бозор Собир, ки он “Қаҳрамони ваҳдат” номгузорӣ гардида, дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон суруда шудааст, аз 24 мисраъ иборат буда, дар шумораи 90-уми “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 4-уми июл рӯи чоп омад.

Шеъри “Қаҳрамони ваҳдат”-ро, сарояндагони тоҷик инчунин рӯзи 27-уми июн дар маросими таҷлили Рӯзи ваҳдат дар Наврӯзгоҳи марказии шаҳри Душанбе хондаанд, ки чунин аст:

Чун халқи холиқи мо ҳар сӯ зи ҳам ҷудо шуд,
… Беҷо ба зери гардун барҷои мо зи ҷо шуд.
Ҳарфи муҳаббати ту, ҳарфи зи ваҳдати ту,
Бар ҷумла ҷони хаста, монандаи даво шуд,

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Номус парчамат шуд, бас ёди нанг кардӣ,
Дар роҳи сулҳи миллат бо чанг ҷанг кардӣ.
Садҳо гиреҳ кушодӣ, пайваста қалбҳоро,
Бо меҳр сад бағалро холӣ зи санг кардӣ.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Ҳар роҳи ту чу роҳи бахти сафеди халқ аст,
Неругаҳат чу барқи чашми умеди халқ аст.
Чун марди ваҳдатовар, ҳастӣ саодатовар,
Ҳар рӯзи неки умрат, рӯзи саиди халқ аст.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Сад минбари баландат маъвои роз бодо,
Иқболи халқи хешат, умре ниёз бодо.
Кӯтоҳ агар бигӯем, сӯи саодати халқ
Дастат дароз бодо, умрат дароз бодо!

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!


Дар лаҳзаҳои хондани ин шеър тариқи телевизион ду бор Бозор Собир ва як бор Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шуд.

Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир аз нахустин шоирони тоҷике ба шумор меравад, ки дар даврони Шӯравӣ аз сурудан ё навиштани шеър дар ҳаққи ҳизбу ҳукуматдорони коммунист худдорӣ намудааст.

Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, пас аз нунздаҳ соли ғурбат бегоҳи 27-уми май барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.
Мӯҳр
Далер
Ана акнун Бозор мавкеашро ошкор кард. ДАРБОРИ!!! Як одами бозори будааст.

dsf
Паембари ислом (сас) шоиронро хуш надошт. Сабабаш маддохи ва беномусии шоирон аст. Бозор инро бори дигар тасдик кард.

озод
Хоная ки гирифти менависи да . Нони мард ба мард карз .

dsf. Tu az kujo gap mezani Payombari islom hamaro dust medosh tamomi bashariyatro chi dindor va chi be dinro hatto ba shoire jomai khudro ehdo karda bud. Payombar insonhoi nohaqro dust namedosht.Tu sukhanatro donista gap zan.

Точикбача
Чаро не огои бозор собир хонаро гирифти мадхия гуфтанад даркор . шоири дарбор. инро дар пештоки хамон хона навиштан даркор !

Ана дидед, пулкати хамаро харидан мешавад, хатто исбот гашт,ки номусу вичдону обруву эътибору ...калами шоирро хам.Охир ба хар кас агар хонаву манзил, пулу мол диханд мадхия менависад.Ва барои Бозор барин шоири тавоно ин кор сахл аст...Ахсан барои ШОИРИ ТАВОНОИ МИЛЛАТ!!!

Неъма
Пеш намегуфт, имруз мегуяд! Пеш идеологияи дигар ва одамони дигар буданд, имруз мо давлати миллии худро дорем. Ин давлати миллат шоъирашро руйи даст бардошт. Пеш ки буду чи буд, мухим нест, мухим он аст, ки шоъир дар охир сарфароз ба ватан баргашт. Пас хак надорад дар васфи рохбари худ шеъре гуяд? Бадбинон рохат бадбини доранд, 1000 маводи росту дуруг менависанд. Хайр ин мардак розигии худро бо шеър изхор доштааст. Хеч гап не.

Камол
холо маълум нест ки шеър дар васфи ки навишта шудааст. аз бозор як пуросед чи

Мухлиси бозор
Рост гуфти бародар! Магар як хонаи хукумат ба як шеъри "бозори" киммат надорад? Боз шеърхои нав ба нав иншо кунед Бозор Собир, дар айёми пири як автомашинаи сабукрав, якта бостонсаро аз Варзоб ва боз ягон вазифа аз академия зарар намекунад! Офарин, насибат кунад шоир!

Ачабо!!! Дар назди вичдон, номус, миллат ва таърих чи гуна чавоб медода бошад???Озодагон озод бош!

Шохзамон
Хамон Фирдавси номиро хам агар гонорарашро пурра Султон Махмуд медод, шохро дар осмон мебардошт. аз барои пул шуда Шохро паст мезад. Ин шоирон мадоханд. Аслан вакти он расидаст ки номи шеъру шоириро аз миен бардорем . касе ки шеър мегуяд штарфи калон кунем. Инхо факат навиштаро нагз мебинад , ба суд доданро нагз мебинад ва пулситоданро нагз мебинанд. хозир муд шудаги ба суд менависанд ана хами кадар пул, ки маро тахкир карданд. О, шумо худтон тахкиред ба ин шеърхотон.

Ачаб замоне солхои пештар устодро мегуфтанд ки фахри миллату шоири миллат аст имруз ана хамон одамон даст ба танкиди устод заданд шумо аввал аз худ бипурсед ки чаро аз акидахои худ гаштеду бад устодро танкид кунед харчанд ки устоди гиромии мо дар амрико аз фикри миллату ватан дур набуд дар ишки ватану миллат менавишту менавишт боре хам танкидашро нисбати ватану миллату Э Рахмон нашунидему надидем. махз хамин буд ки Э Рахмон 2маротиб дават бар ватан кардаш ва худ дар касри миллат дар хонаю бостонсарояш не балки дар дарбораш ба хузур базируфт чаро устод бар намаки ин мухабатхо эхтиром наорад ва эчод накунад.

Илҳом
Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Устод! Пас ин шеъри Шуморо, ки чанд сол қабл навишта будед, дар куҷои Қасри миллат бо "оби ноби тилло" нависем?

Говест дар осмону номаш Парвин,
Як гови дигвр нуҳуфта дар зери замин.
Мо низ дар ин миёна гове дорем,
Ин говаки мо карда подаро рихин.

уфффффффффффф хама аз ин суханхои ..... хаста шуданд! як Лагандбардори дигар.

Faqir
Payombar dar hadise mefarmoyand ki ba.ze az hikmatho dar qolabi she.r bayon meshavad.. binobarin dar mohi sharifi ramazon Payombarro tuhmat nakuned... on ash.ore ki payombar nahy farmuda chizi digar ast ki shumoho dertar mefahmed.. ba.dan kase ki guft she.rro az miyon bardorand bachai khub nabudast ..ayayayayay.. agar she.r az miyon ravad farki mo va uzbak va qirqiz va jugi namemonad.. harchand in harfro korbaroni sayt naboyad chop mekardand.. zero u namurda gurashro sukht...digar in ki navishtai Bozor Sobirro she.r gufted.. hamin voja ba fikri faqir durust nest.. bovar nakuned az Ustod Mu.min Qanoat pursed

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)