Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:10

Овозхони тоҷик дар Витебск: Натиҷа ҳоло рӯшан нест

19 июл 2011, 04:39

Таҳмина Ниёзова, овозхони маъруфи тоҷик  дар як озмуни вижаи ҳунарӣ дар Беларус ширкат дорад.


Тавре қаблан иттилоъ дода будем, масъулини ҷашнвораи «Бозори славянӣ» ва ё худ «Славянский базар» аз Таҳмина  хоҳиш карда буданд, ки дар озмуни мазкур  дар шаҳри Витебск ширкат варзад.

Маврид ба ёдоварист, Таҳмина Ниёзова дар соли 2008 барандаи шоҳҷоизаи озмуни «Панҷ ситораи интервидение» гардид, ки дар шаҳри Маскав сурат пазируфт. Гуфтанист, барои ширкат дар озмуни «Бозори славянӣ»  сараввал сабти чанд намунаи сурудҳоро бояд ба масъулини ин озмун ирсол намоӣ. Дар маҷмӯъ, се оҳанг: ду оҳанг дар бахши озмуни ҷашнвора ва як оҳанг дар бахши ғайриозмунӣ иҷро мешавад.Гузашта аз ин, як овозхон фақат як маротиба ҳуқуқи ширкат дар ҷашнвораи мазкурро пайдо карда метавонаду бас.Таҳмина Ниёзова мегӯяд, солҳои ахир кӯшиш дошт, ки дар ин озмун ширкат кунад ва инак фурсати мусоид фаро расидааст ва ӯ дар ин ҷашнвора се оҳангро иҷро хоҳад кард. Яке бо забони англисӣ аз сурудаҳои Селин Дион ва дигаре бо забони тоҷикӣ бо номи «Афсонаи дил», ки матни онро шоир Ворис (Ӯрун Назаров) навиштааст. Натиҷаи ниҳоии озмуни овозхонон бо ширкати ситораҳои эстрада  фардо, 20-уми июл эълом хоҳад шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!