Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:55

Вазир тафтиши ҳамла ба “Агроинвестбонк”-ро зери назорат гирифтааст

9 июл 2013, 09:56

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 7 июли соли равон, тахминан соати 18:05-дақиқа, шахсони номаълум вориди бинои филиали «Агроинвестбонк», воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Файзобод шуда, посбони бонк, сержанти калони милитсия Шерализода Раҳмонхуҷаро, бо яроқи оташфишони хизматиаш тамғаи АКС ба ҳалокат расонидаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, шахсони номаълум бо олоти буранда талош кардаанд, дари сандуқи оҳанини (сейф) –и бонкро буранд, аммо натавониста, автомат Калашникови посбони кушташударо гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Барои ифшои ҷузъиёти ҳодиса ва дастгир намудани ҳамлагарон бо фармони вазири корҳои дохилӣ, Раҳимов Рамазон, гурӯҳи махсуси тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шудааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, сардорони Раёсатҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ барои кушодани ҷинояти мазкур сафарбар шуда, тафтиши ҳодисаи мазкур зери назорати қатъии Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вазир чустучуи кудакони гумшударо хам зери назорат гирифта буд. Аммо натича ку?
Посух додан
  • нозабондон

  • 9 июл 2013 10:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
олоти буранда- хамин "олот" ягон муродиф дигар доштагист..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хабаргузории мухтарами "Озодагон". Ман фикр мекунам, ки агар котилони ин посбони бонк хам ёфт нашаванд бояд вазири корхои дохила ба истефоъ биравад. Чаро ки кудакони гумшударо наёфт, котилони тилофуруши Сугдиро хам наёфт. На танхо наёфтанд, балки хич гуна нишоне хам наёфтанд. Вазире, ки шарму номус дошта бошад вакте чунин ходисахои шадидро бозкушои карда наметонад бояд истефоъ бидихад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо накушодани чиноятхои содиршуда (дуздидани духтарчахо Араловхо, куштори вахшиёнаи оилаи тиллофурушхо дар Сугд ва куштори ин посбон) милисаи точик ба чинояткорон ва авбошон "умедхои дурахшон" дода истодаанд. Пас боз мунтазири як силсила чиноятхои дигар хохем шуд. Дуруст аст, ки вазири корхои дохила агар инсофу номус дошта бошад, бояд ба истефоъ равад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!