Бахшҳо
09 июл 2013 10:37Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Саидов: Дар бораи марги Ҷаннатой иттилои бештаре наёфтем

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, дар мавриди марги Ҷаннатой Усмонова, мудири кафедраи забон ва адабиёти руси Коллеҷи омӯзгории Хуҷанд, бо муовинони раиси Суғд ва масъулини маорифи вилоят суҳбат кардааст.

Ӯ марги Усмоноваро, ки собиқаи 40-солаи корӣ дар соҳаи маориф доштааст, таассуфовар хонда, таъкид намуд, ки то ҳол ноил нагардидааст, иттилои бештареро дар мавриди ин қазия дарёфт кунад: “Он иттилоеро, ки мо ёфтем, аллакай дар ВАО нашр шудааст.”

Ҷаннатой Усмонова, дар пайи ду бозпурсии маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 27-уми июни соли ҷорӣ аз манзили худ берун рафта, дигар барнамегардад. Ҷасади ӯро рӯзи 29-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз назди соҳили Сирдарё, воқеъ дар ҷамоати Сарбанд, пайдо мекунанд.

Чанде пеш Дилшод Зарифов, сардори шӯъбаи мубориза бо фасод, ба “Озодагон” гуфта буд, нисбат ба Ҷаннатой Усмонова бар асоси моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парванда оғоз гардида ва ӯ барои гирифтани 250 доллар “пора” муттаҳам дониста мешудааст.
Номбурда инчунин афзуд, “худи ҳамон рӯз пас аз дастгир шудан, баъд аз нишон додани нишонаҳои худиқрорӣ ва гузаронидани тафтишоти зарурии муфаттиш, чораҳои пешакӣ дар намуди забонхат дар мавриди аз ҷои зист баромада нарафтанаш, гирифта шуда буд.”

Дилшод Зарифов гуфт, дар мавриди фавти хонум Усмонова аз Раёсати умури дохилӣ иттилоъ ёфтаанд ва фикр намекунанд, ки бозпурсӣ сабаби худкушии ӯ шуда бошад. Ин дар ҳолест, ки наздикони Ҷаннатой Усмонова мегӯянд, ҳангоми азназаргузаронии ҷасад ягон аломати марги маҷбуриро мушоҳида накардаанд.

Мӯҳр
Рост
Бигзор тамоми ахли маориф ин корманди агенти Дилшод Зарифоврро ба суд кашанд. Зеро ин кормандони порахури агенти зурашон ба БДА-и порахур, кормандони андози порахур намерасаду ба муаллим зурашон мерасад. Хол он ки ба кур хам аён аст, ки муаллим пора гирад хам мошин нахаридааст, аммо як корманди тирончаки милиса ё андоз як сол кор накарда сохиби мошин мешавад. Пас худатон гуед, ки инсоф дар кучост?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)