Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:05

Убайдуллоев назорати нархҳоро ба мақомоти қудратӣ вогузошт

9 июл 2013, 11:23

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар мулоқот бо тоҷирону директорони бозорҳои пойтахт нархҳои тавсиявии маҳсулоти аввалиндараҷаро барои моҳи Рамазон муайян намуда, назорати риояи онҳоро ба мақомоти қудратӣ вогузор намудааст.

Тавре аз шаҳрдории Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар руйхате, ки 12 намуди маҳсулотро дар бар мегирад, аз ҷумла омадааст, ки “1 кг гӯшти мурғи ҶСШК “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод 7 сомонӣ, гӯшти гов 29 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ, як халта орди навъи якум (аз ғаллаи дар Қазоқистон истеҳсолшуда ва навъи «Шамалған»-и аз ҷониби ҶДММ «Назириён» пешниҳодшаванда) то 130 сомонӣ, 1 литр равғани растанӣ 7,5 сомонӣ, 1 кг биринҷи ватанӣ то 7 сомонӣ, 1 кг шакар то 4,2 сомонӣ, 1 литр шир дар бозорҳо то 3,5 сомонӣ ва дар дӯконҳои сайёри ҶСШК “Комбинати шири Душанбе” 4,5 сомонӣ, 1 кг сабзӣ то 1,6 сомонӣ, 1 кг картошка то 1,5 сомонӣ, 1 кг пиёз то 65 дирам ва 1 дона тухм то 50 дирам дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ҳамчун амали хайру эҳсонкорӣ ҷонибдорӣ карда шудааст”.

Шаҳрдорӣ роҳбарони бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон» ва «Қарияи боло» муваззаф кардааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба ҶСШК “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод дар бозорҳо барои бо нархҳои арзон ба фурӯш баровардани гӯшти мурғ ва тухм нуқтаҳои савдо ҷудо намоянд. Манбаъ мегӯяд, ҷавобан ба ин иқдом ва дастгирии соҳибкорон, шаҳрдорӣ омодааст ба тоҷирон ва соҳибкороне, ки ба воридот ва фурӯши анвои маҳсулоти ниёзи аввалия машғуланд, тибқи дархосташон аз ҳисоби буҷети шаҳр ба муҳлати 3 моҳ қарзҳои бефоиз ҷудо созад.

Аз ҷониби шаҳрдорӣ дастур дода шудааст, ки назорати риояи нархҳои тавсиявӣ дар бозорҳои хусусӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии бозори «Шоҳмансур» ба зиммаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, дар «Саховат» ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, бозори «Деҳқон» - Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе ва дар бозори « Қарияи боло» ба додситонӣ вогузор карда шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷаноби Убайдуллоев, баъди ин қарори шумо дар бозор гӯшти соз ёфта намешавад, ҳама гӯшти пиру чарбу ва серустухон.
Посух додан
  • Бозорчи

  • 11 июл 2013 10:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман фикр мекунам, ки макомоти давлати набояд ба фаъолияти бозор коргири намоянд, соли гузашта макомот дахолат кард барои нархи бозор.. чи шуд? баъди Рамазон хама нарххо дучанд боло шуданд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!