Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:43

Иброҳимов: Бе пармакунӣ пешгӯии захираҳои газ мушкил аст

9 июл 2013, 12:58

Азим Иброҳимов, сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати пайдо шудани конҳои нафту газ дар Тоҷикистон имкони ба Чин интиқол додани он низ пайдо мешавад.

Азим Иброҳимов, ки рӯзи сешанбе, 9-уми июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод суҳбат мекард, афзуд, ки феълан як ширкати хориҷӣ бо номи “Тетис-петролиум”дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон як минтақаи қарордодӣ дорад. Ӯ таъкид намуд, ки ин ширкат дар Тоҷикистон бисёри корҳоро анҷом дод, вале то имрӯз натиҷаи назаррасро нишон надодааст: “Танҳо як миқдор газ дар кони “Бешкинтоқ”-и Балҷувон истихроҷ карда мефурухтанд ва дар кони “Хоҷасартез” ҳам як миқдор газ истихроҷ мешуд ва ба шаҳри Кӯлоб интиқол медоданд. Аммо инҳо конҳое буданд, ки қаблан низ аз он ҷо истихроҷ мешуд.”

Ба қавли Азим Иброҳимов, ширкати “Густафсон”-и Амрико дар асоси маводҳои ҷойдошта таҳқиқот анҷом дода гуфтааст, дар баъзе минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон захираҳо дида мешавад: “Аз нуқтаи назари касбӣ то агар конҳо парма нашавад, пешгӯӣ кардан бисёр мушкил аст. Барои ҳамин ширкати “Тетис-петролиум” бо ширкатҳои “Тотал”-и Фаронса ва “CNPC”-и Чин меомӯзанд. Ман фикр мекунам, ки агар дар ин ҷо ягон ишора набошад ин ду ширкати шинохта -“Тотал” ва “CNPC” ба Тоҷикистон намеомаданд.”

Иброҳимов омадани ширкатҳои шинохтаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон манфиатовар хонд: “Дигар ширкатҳо бовар мекунанд, ки фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон солим аст. Дуюм ин ки умед пайдо мешавад, хусусан ширкати “CNPC”-и Чин то кадом умқе, ки бошад мерасад.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкати “Тетис петлолиум” аз захираҳои ҳангуфти нафту газ дар Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки баробари таъмини талаботи дохилӣ Тоҷикистон қодир аст, Чинро низ бо ин манобеи нерӯ таъмин кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!