Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:35

Қосимов: 36 мансабдори нафақахӯр ҷойро холӣ накардаанд

9 июл 2013, 13:35

Грез Қосимов, сардори Раёсати хизмати давлатии Тоҷикистон, мегӯяд, 36 мансабдори давлатӣ, ки ба синни ниҳоии нафақа расидаанд, айни ҳол бар хилофи қонун дар ниҳодҳои давлатӣ фаъолият доранд.

Номбурда, ки имрӯз 9-уми июл дар нишасти матбуотии раёсати мазкур ширкат дошт, иброз намуд, ки дар назар аст, то охири сол 240 нафари дигар аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ ба нафақа бароянд.

Синни ба нафақа баромадани хизматчиёни давлатӣ барои занҳо 58 ва мардҳо 63 сол муайян шудааст. Дар нимсолаи аввали соли равон 57 нафар хизматчии давлатӣ, ки ба синни нафақа расидаанд, аз вазифа озод карда шудаанд ва дар ҳаҷми музди меҳнати 3 моҳа кӯмакпулии яквақта гирифтаанд.

Ба қавли Грез Қосимов дар Тоҷикистон ҳамагӣ 18 ҳазор хизматчии давлатӣ мебошад, ки маоши миёнаи онҳо 823 сомониро ташкил медиҳад.
Имсол тибқи хулосаи комиссияҳои атестатсионии Раёсати хизмати давлатӣ 1807 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд ва 117 нафар хизматчиёни давлатӣ номувофиқ арзёбӣ шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мардак тамоман Раёсати хизмати давлатиро ба ботлоки махалгарои табдил додааст.
Шарофзода Ректори донишкада бошад аз ин бадтар сад хайфи хизматхои Саидов, Давлатов ва Иноятова
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ДОНО,
Донои азиз, шояд Шумо дар ин бора маълумоти муфассал надоред. Зеро банда магистранти шуъбаи гоибонаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлати хастам ва ба ботлоки махалгарои табдил додани муассисахои мазкурро аз чониби ин ду нафар то имруз надидаам. Он чо аз хар манотики чумхури кору фаъолият мекунанд. Он чо нафароне ба мо дарс меомузанд, ки гурури милли доранду ба ояндаи дурахшони мамлакат бо назари нек менигаранд. Инро ман дар мисоли Грез Косимов ва хам Гавхар Шарофзода бо боварии том гуфта метавонам ва Худо шохид аст, то хол ба мо аз фанни "махалбози ё магалбози" ягон нафари омузгорон дарс нагуфтаанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!