Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:14

Ҳукмҳои сафед дар Тоҷикистон 4 баробар коҳиш ёфтаанд

9 июл 2013, 15:01

Судяҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ҳамагӣ 6 ҳукми сафедкунанда баровардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 4 баробар камтар мебошанд.

Бино ба иттилои Шӯрои адлия, аз 6 нафаре, ки имсол ҳукми сафед гирифтаанд, 3 қисман ва 3 нафари дигар пурра сафед гардидаанд. Ба иттилои Шӯрои адлия дар 6 моҳаи соли гузашта нисбати 27 судшаванда ҳукмҳои сафед бароварда шудааст, ки аз ин 13 нафар қисман ва боқимонда пурра сафед гардида буданд.

Масъулини Шӯрои адлия мегӯянд, имсол аз 4 ҳазору 853 адад парвандаҳои ҷиноятии воридшуда, 4 ҳазору 163 ададаш баррасӣ ва аз натиҷаи онҳо санадҳои судӣ ба тасвиб расидааст: «Инчунин ба судҳо 17934 адад парвандаҳои оилавӣ ворид гардида, аз ин 14608 ададаш баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул шудааст».

Тибқи иттилои шӯрои мазкур, дар маҷмӯъ давоми нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии судҳои ҷумҳурӣ 65 ҳазору 457 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7869 адад зиёд мебошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!