Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:20

Муфтӣ як рӯз пеш омадани Рамазонро шарҳ дод

9 июл 2013, 15:19

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, як рӯз пеш омадани моҳи шарифи Рамазонро дар Тоҷикистон шарҳ дод.

Абдулқодирзода, имрӯз, 9-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, фарорасии моҳи шарифи Рамазон набояд боиси сӯитафоҳум гардад. Ӯ гуфт, Шӯрои уламо, ки аз 25 узв аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон иборат аст, фарорасии моҳи шарифи Рамазонро дар асоси посухи расмии пажуҳишгоҳи астрофизика муайян кардааст ва он дақиқ аст.

Маврид ба зикр аст, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво мебошад, эълом кард, моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 9-уми июл оғоз меёбад. Вале дар аксари кишварҳои исломӣ, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Лубнон, Урдун, Фаластин ва Афғонистон рӯзи чоршанбеи 10-уми июл рӯзи аввали Рамазон эълон карда шуд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” иброз дошт, ки бо қотеъият, ки имрӯз 9-уми июл, рӯзи аввали моҳи Рамазон аст, гуфта наметавонад.

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар, дар аксари кишварҳои исломӣ аз сабаби надидани моҳ, рӯзи 9-уми июлро охири моҳи Шаъбон хонда, рӯзи аввали моҳи Рамазонро, фардо чоршанбе 10-уми июл эълон кардаанд. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода таъкид кард, ки дирӯз 8-уми июл дар Тоҷикистон низ касе моҳро надидааст.

Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода мегӯяд, бар асоси шариати исломӣ, китобҳои фиқҳию аҳодиси паёмбар (с) аввал моҳро бояд диду баъд рӯза гирифт, “вале мутаассифона дирӯз дар Тоҷикистон моҳ дида нашуд.”

Оқои Тураҷонзода афзуд, ки худи ӯ имрӯз рӯзадор мебошад, вале агар нафаре ҳам имрӯз рӯзаашро бихурад ба гарданаш кафорате лозим нахоҳад шуд: “Албатта, агар шахсе имрӯз рӯза бигирад аз аҷру савоби зиёд баҳраманд хоҳад гашт.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом алайкум. дар тамоми давлатхо мохин Рамазон 29 руз мебошад вале намедонам барои Точикистон чи шуда бошад хамеша 30 руз мебошад. дар тамоми давлатхои исломи рузи аввали рамазонро катъи эълом намекунанд мохро мебенанд баъд Рамазовнро эълон мекунанд вале шурои уламои мо ки хеле савод болое доранд як мох ё бештар эълом мекунанд вале ба аходиси дар мавриди саршави Рамазон кордор намешаванд. худо хам мо ва онхоро хидоят кунад.
Посух додан
  • Точик

  • 11 июл 2013 05:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам кормандони сомонаи Озодагон! "Шурои уламо танхо ниходи содиркунандаи фатво". Шумо ин истилохро аз кучо ефтед. Агар худи Шурои Уламо ба худ чунин салохиятро дода бошад, номаъкул кардаанд. Аслан онхо илми кофи ва таквоу тарсе аз Худо надоранд, чи гуна хак доштаанд барои содир кардани фатво? Алхамдулиллох дар Точикистон уламои ботакво ва Худотарс зиеданд ки хакки фатво додан доранд ва мардум низ ба фатвохояшон таклид мекунанд.
Посух додан
  • Алишер

  • 11 июл 2013 06:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
http://www.makkahcalendar.org/en/ramadan-2013.php

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!