Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:53

Медали сеюми Тоҷикистон дар Универсиада--2013

9 июл 2013, 16:44

Варзишгардухтари тоҷик Гуландом Қаробоева дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳон, ки дар шаҳри Қазони Русия ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин варзишгари тоҷик рӯзи 8-уми июл дар сабқати гуштии камарбандӣ дар вазни то 76 кило ҷойи сеюмро гирифта, сазовори нишони биринҷӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7-уми июл, паҳлавонони тоҷик дар риштаи гуштии камарбандӣ ду медал гирифтанд. Абдуазим Бойназаров дар вазни то 68 кило бо услуби озод сазовори медали нуқра гардид. Варзишгари дигари тоҷик Ибодулло Алибердизода, дар вазни то 62 кило нишони биринҷиро соҳиб шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 42 кишваре, ки то ҳол соҳиби медалҳо гардидаанд, бо 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар мақоми 22-юм қарор дорад.

Бозиҳои 27-уми умумиҷаҳонии донишҷӯён рӯзи 6-уми июл шурӯъ шуда, то 17-уми июл идома хоҳад кард. Ин мусобиқа аз рӯи 40 намуди варзиш баргузор мегардад ва бори нахуст варзишгарони тоҷик аз рӯи 11 намуди варзиш дар он ширкат мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 86 варзишгар, 28 мураббӣ, 2 довар ва 3 намоянда аз ҷумла Маликшо Неъматов, роҳбари Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар шомиланд.

Мутаасифона 8 муштзани тоҷик - Файзмамад Малахбеков (49 кг), Асрор Воҳидов (52 кг), Ораз Авзалшоев (56 кг), Музаффар Файзиддинов (60 кг), Фаррух Каримов (64 кг), Назири Пиракӣ (69 кг), Собирҷон Назаров (75 кг) ва Меҳроҷиддин Каримов (+91 кг) ноком шуда, аз ҳарифони худ шикаст хурда, ҳаққи мубориза барои медалҳоро аз даст додаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мутаасифона ин муштзанхо бо интихоб рафтаанд пеш аз ба уневирсиаада рафтан як мусобика гузаронед безор кардед охир ин шарафи республика аст ку е гуфти русхо главная не победа а главная участие тамошо рафтед хамин махмачонов душмани муштзании точик аст кто ему прятнее он приимушество имеет

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!