Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:13

Пас аз чанд соат тақдири хабарнигори «Имрӯз-News» маълум мешавад

10 май 2011, 09:06

Қарор аст, пас аз чанд лаҳза дар суди ноҳияи Синои пойтахт баррасии парвандаи марбут ба хабарнигори рӯзномаи «Имрӯз-News» хотима ёбад.

Маърифат Ашӯрмамедова, судяи суди ноҳияи Синои Душанбе, ки масъули баррасии парвандаи мазкур аст, гуфт, идомаи баррасӣ соати 15:30 сурат пазируфта, он ниҳоӣ мешавад.

«06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!» унвони матлаби рӯзномаи «Имрӯз-News» дар санаи 3-юми марти соли равон аст, ки боиси оғози парванда алайҳи хабарнигори нашрия шуд. Дар ин матлаб Маҳмадраҷаб Шарипов, як ронандаи «Тангем» гуфтааст, нозири роҳ бо рақами сарисинагиии 06008 аз ӯ 10 сомонӣ пора гирифтааст. Муаллифи матлаб Мирзомуроди Бозор оид ба ин қазия ба БДА-и ҷумҳуриявӣ муроҷиат намудааст. Аз дафтари матбуотии ин ниҳод гуфтаанд, ки воқеан ронандае аз қонуншикании нозири роҳ ба онҳо шикоят бурдааст. Масъули дафтари матбуотӣ ба хабарнигор гуфтааст, аз рӯи рақами сарисинагӣ шахсияти нозирро муайян кардаанд, ки як  масъули «Воҳиди махсус»-и ВКД будааст ва барои чораандешӣ ба раҳбарияти он дархост фиристодаанд. Баъди нашри ин матлаб Қаландар Назаров, сарнозири ротаи бехатарии ҳаракати воҳиди махсус алайҳи хабарнигор Мирзомуроди Бозор ва ронандаи «Тангем» Маҳмадраҷаб Шарипов аризаи шикоятӣ навишта иддао дорад, нисбати вай таҳқир ва тӯҳмат кардаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!