Бахшҳо

Набераи президент дар маърази таваҷҷуҳи ВАО

Дар мавриди хонаводаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисиҷумҳури Туркманистон маълумоти хеле кам дастраси расонаҳост. Аммо ахиран телевизионҳои ин кишвар набераи ӯ – Каримгулиро зуд зуд намоиш медиҳанд.

Бори охир набераи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар консерти бошукуҳе, ки Ҷеннифер Лопес, хонандаи маъруфи Ғарб меҳмони аслияш буд, рӯи саҳна баромад. Телевизионҳои давлатӣ ӯро ҳангоми рақси кӯдакон дар болои асп намоиш доданд. Дар наворҳои дигар вай паҳлӯи бобояш истода, дастони ӯро медошт.

Каримгулӣ Бердимуҳаммадов, набераи президенти Туркманистон, ки наздики 12 сол дорад, аз таваҷҷуҳи расонаҳои давлатӣ аз ҳамаи дигар хонаводаи Қурбонгулӣ дида бештар истифода мекунад, -навиштааст ca-news.org.

Каримгулӣ моҳи феврали соли 2012 мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт. Он замон вай бобояшро дар участкаи интихоботӣ ҳамроҳӣ мекард. Баъди он дар чорабиниҳои сатҳи ҳукуматии Туркманистон зиёд пайдо мешавад. 29-уми июн ҳангоми таҷлили бошукуҳи 56-умин солгарди мавлуди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пианино навохт.

Маълумот дар мавриди хонаводаи Бердумаҳаммадов махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар мавриди Каримгулӣ ҳам иттилои хеле кам дастрас шудааст. Масалан, маълум нест, ки волидони ӯ киҳоянд.

Бино ба иттилои як манбаъ аз сафоратхонаи ИМА дар Ашхобод, ки маълумоти моҳи декабри соли 2009-ро ироа кардааст, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ду духтар ва як писар дорад. Писари ӯ Сердар ном дошта, ихтисоси муносибатҳои байналмиллалиро дар Маскав омухтааст. Соли гузашта дар Вазорати умури хориҷӣ кор мекард, навиштааст ca-news.org.

Гуфта мешавад, духтури бузурги ӯ – Гулҷаҳон ба Ихласгелдӣ Амонов, ки намояндаи Агентии давлатии идора ва истифодаи захоири нафту гази Туркманистон дар Аврупо аст, ба шавҳар баромадааст. Ин ҷуфт як духтар бо номи Айнагозел (соли таваллуд 2009) ва писар Исмоил (2005) доранд.

Духтари дуюми президент соли 2009 дар Париж мезистааст. Шавҳари ӯ сафири Туркманистон дар Фаронса будааст.

Ҳамчунин бино ба иттилои манбаъ, овозаҳое ҳастанд, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов маъшуқаи рустаборе бо номи Марина дорад. Марина дар дармонгоҳи дандонпизишкие, ки қаблан Қурбнгулӣ кор мекард, ҳамшираи шафқат шуда кор мекунад. Гуфта мешавад, вай аз Бердимуҳаммадов як духтари 17-18-солае дорад.

Мӯҳр
Хайр чи илоч.Хонумхои хушкомаду хушабруву мехрубону чашмкабуди рус мардони шаркиро гуломи ишки худ мегардонанд.Хатто президентхоро,Каддофи,Бокиев ва Бердимухмаммадовро хам.Маъшукахои рус яку якбора касру боигариву зару зевару бочу хироч наметалабанд.Хирсу нафси боигариву талаб ва тамъро нисбати молу амволи ошикони худ он кадар хам надоранд.Занхои шарки бошанд,роли хуби маъшукагиро хеч гох тозаву хаккони намебозанд.Хонаатро месузанд.Ана баъд мебини,ки дод аз беандешагиву тахаммул карда,мисли ман кулвору талу тукузхоятро гирифта ба Сибири Россия мерави.Вой аз дасти ишку ошики,вой аз дасти фалак.Ба касе ин хушбахти меоварад,касеро молу амволу хонаву дарашро чудо-чудо таксим месозад.Сустии мард хам дар мукобили хусни зан бо чихо оварда мерасонидааст.Барои рахмхориатон як чахон ташаккур!Зинда бодо духтарону занхои Точикистон.Ба хамааш худам гунахгорам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)