Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:27

Ҷузъиёти боздошти “кракар”-ҳо дар Душанбе

10 июл 2013, 08:44

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти муттаҳамон ба киберҷинояткориро дар Душанбе, ки тавассути барномаҳои махсуси компютерӣ, низоми муҳофизатии ширкатҳои мобилии кишварро шикаста, садҳо ҳазор доллар рабудаанд, ифшо кард.

Ба иттилои ин ниҳод ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Раҳимов Денис Шамилович, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи К.Сеткина, Ҷураев Ҷамшед Раҳимҷонович, соли таваллудаш 1979, сокини кӯчаи Айнӣ ва Назаров Парвиз Рустамович, соли таваллудаш 1981, сокини кӯчаи Федина бо маслиҳати пешакӣ дар давоми моҳҳои май ва октябри соли 2012 дар суроғаи кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, ғайриқонунӣ таҷҳизоти техникӣ 1-адад блоки системавӣ ва 6-дона USB-HUB бо 58-дона 3G модемро гузошта, бо истифода аз барномаҳои махсуси компютерӣ, ғайриқонунӣ ба системаи муҳофизатшаванда ворид шуда, дар он 217-адад симкортҳои ширкати ҶСП «Вавилон М»-ро ба маблағи умумӣ 226 ҳазору 262 сомонӣ ва 217-адад симкортҳои ширкати ҶСП «Индиго Тоҷикистон»-ро ба маблағи 101 ҳазору 298,66 доллари амрикоӣ истифода намуда, ба ширкатҳои номбурда зарари калони моддӣ расонидаанд. ВКД мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Қаблан Ҷӯрахон Зоиров, генерали Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки аз соли 2011 то кунун дар Тоҷикистон 15 ҷинояткори кибернетикӣ боздошт шудаанд, ки тавассути интернет аз бонкҳои кишвар ва ширкатҳои мобилӣ маблағҳои ҳангуфт дуздидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дӯстону ҳамкорони гиромиқадр!

"Обод агар намекунӣ вайрон макун маро". Ҳар яки шумо ҳамчун шаҳрванд ҳар чӣ ки мехоҳед фикр мекунеду андеша меронед. Аломати сермаънои "@"-ро, ки "at" асту тарҷимаи хубе ба монанди "дар" (пайвандак) дорад, "сагча", "маймунча" ва дигар "ҳайвон"чаҳо номед. Ҳар як амали ғайриқонунии харобкоронро, ки дар олами ТИК ҳамчун "кракар" (cracker) маъруфанд, ҳамчун "хакер" ном баред. Лек, ҳамчу рӯзноманигор не. Аввалан, ҳангоми чунин истифода хуб мебуд, ки вожаи аслиро истифода баред. Яъне дар ин сурат аз вожаи русии "хакер", ки барои гӯши мардуми танҳо русидон ягон таҳқире нест ва овози "ҳ"ро надоранд, истифода бурдан барои гӯши мардуми тоҷикидон чандон раво нест. Беҳтар мебуд, ки ҳадди аққал "ҳакар" ё "ҳакр"-ро истифода баред. Чунки он ҳамоҳанги вожаи аслии "hacker" аст. Ва сипас, "ҳакар" нафарест, ки барои таҳкими амнияти шабакаву барномаҳои компютерӣ хизмат мекунад, яъне созанда аст на сӯзанда ба мисли "кракар". Бешубҳа, шумо ба панду насиҳати ман ниёз надоред. Ин маслиҳатест ба шумо ҳамчун коршиносони соҳа, ки баробари доштани ҳуқуқи рӯзноманигории андаке ҳам бошад бештар аз ҳуқуқи хонандаву корбари муқаррарӣ, масъулияти зиёдтаре низ доред.
Ташаккур!
Посух додан
  • hd

  • 10 июл 2013 16:23
  • Гуруҳ: Администраторы
  • Қайд: 20.02.2013
  • Мақом: Пользователь offline
  • Шарҳҳо: 3
  • Матлаб: 7804
Муҳаррири "Озодагон": Асомиддин Атоев, ташаккури зиёд барои роҳнамоӣ ва таваҷҷуҳ! Матн мувофиқи эроди Шумо ислоҳ шуд. Умед дорем, минбаъд ҳам маслиҳатҳои худро дареғ нахоҳед дошт.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!