Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:47

Ҳалокати ду нафар дар пайи ду сониҳаи нақлиётӣ

19 июл 2011, 05:38

Садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ҳисор бойиси марги як кӯдак гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, шоми дирӯз ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Исматулло Қосимови 24- сола, аснои ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, наздики рустои Нуробод аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғи шахсияташ номаълум, тахминан 10-12 соларо зер мекунанд. Дар  натиҷа ноболиғ  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ  бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, ба   ҳамин  монанд дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд низ сониҳаи нақлиётӣ рух додааст. Сарнишини автомашинаи тамғаи  «Дэу-Сиелло»  Абдуқодир Очилов , ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Спитеман ба шаҳри Хучанд, бо роҳи мошингарди Душанбе-Чанок дар ҳудуди деҳаи Куланбош,     бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи  тамғаи  «Мерседес-Бенс»  таҳти идораи ронанда Аюбҷон Усмонов  бархӯрдааст. Бар асари ин, мусофирони автомашинаи  тамғаи  «Дэу-сиелло» Бахтиёр  Нӯмонов, Рустам Усмонов, Ҷаҳонгир Очилов ва  Соҳиб Раҳимов  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи  ноҳияи Ҷаббор Расулов бистарӣ гаштанд. Соҳиб  Раимов аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхонаи  мазкур ба ҳалокат расидааст.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!