Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:19

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба ҳимоят аз Тутубалина бархост

10 июл 2013, 11:28

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон матлаби баҳсбарангези Олга Тутубалина, «Неинтелегентно об интеллигенции», ки моҳи май дар ҳафтаномаи «Азия-плюс» нашр шудааст, баррасӣ карда, ба хулосае омадааст, ки нақзи этикаи журналистӣ дар ин матлаб ҷой надорад.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, матлаби батабърасонидаи Олга Тутубалина танҳо назари шахсии муаллиф буда, дар он нишонаҳои таҳқир ба унвони шахси мушаххас вуҷуд надорад ва ба ягон банди «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» мухолифат надорад. Шарифзода таъкид намуд, ки ҳангома сохтан аз ин мавзӯъ ба манфиат нест: “Тибқи банди 4-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» баёни андешаи ашхос мавриди санҷиш ва бозпурсӣ қарор намегирад».

Шӯрои ВАО баръакс таъкид мекунад, ки дар вокунишҳои матбуотӣ ба матлаби «Неинтеллигентно об интеллигенции», ҳолатҳои халалдор шудани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ба чашм мехурад ва таъкид намудааст, ки кормандони идораҳои ВАО ҳангоми омода ва интишор намудани ҷавобия ва матолиби мубоҳисавии ҳаммонанд, масъулияти бештар зоҳир намоянд.

Шӯро аз журналистон даъват намудааст, ки ВАО-ро барои хусумати шахсӣ ва ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд.

Ахиран панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб кардаанд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон аризаи даъвогиро ба суд пешниҳод карда, иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таъқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!