Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:32

Усмонов ҳукми додгоҳ алайҳи Собировро "бемаънигӣ" хонд

10 июл 2013, 12:37

Бархе аз вакилони Қирғизистон ҳукми додгоҳ алайҳи Равшан Собиров, собиқ вазири рушди иҷтимоӣ ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони ин кишварро хилофи усулҳои адолати судӣ хондаанд.

Қурмонбек Усмонов, раиси пешини Додгоҳи олӣ ва намояндаи мардумии Қирғизистон, рӯзи 9-уми июл зимни мизи мудавваре дар Бишкек ҳалномаи додгоҳро алайҳи Равшан Собиров “як бемаънигӣ” дар таҷрибаи додгоҳӣ донист.

Ба гуфтаи ӯ, додгоҳ бояд шоҳидии муовини собиқ вазири рушди иҷтимоиро ба назар намегирифт: “Ӯ худ шахси муттаҳаме буд ва наметавонист ҳамчун шоҳиди айнӣ баромад кунад ва ҳама шакку шубҳае, ки ҷой дошт, бояд ба фоидаи Собиров равона мешуд.”

Равшан Собиров ба он айбдор шудааст, ки дар замони вазири рушди иҷтимоии ин кишвар буданаш гӯиё ба ришвахӯрӣ даст задааст. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз гардида буд, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дода буд.

Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид. Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфта буд. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!