Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:00

Исми муддаиёни ҷоизаи «Беҳтарин футболбози Аврупо» эълон шуд

10 июл 2013, 12:49

УЕФА, Иттиҳоди Анҷуманҳои футболи Аврупо феҳрасти муддаиёни ҷоизаи «Беҳтарин бозигари Аврупо дар мавсими 2012/13»-ро нашр кард.

Дар торнамои расмии УЕФА исми 10 футболбоз, ки дар пайи райъи журналистони варзишӣ аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Анҷуманҳои футболи Аврупо интихоб гардид, навишта шудааст.

6-уми август сегонаи бозигарон эълон хоҳад шуд. Аз ин миён ғолиб баргузида мешавад. Беҳтарин футболбози Аврупоро 29-уми август ҳангоми қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳо муаррифӣ хоҳанд кард.

Муддаиёни ҷоизаи «Беҳтарин бозигари Аврупо дар мавсими 2012/13» инҳоянд: Томас Мюллер, Франк Рибери, Арен Роббен ва Бастиан Швайнштайгер (ҳар чор аз «Бавария»-и Мюнхен), Криштиану Роналду («Реал»), Лионел Месси («Барселона»), Златан Ибрагимович (ПСЖ), Гарет Бейл («Тоттенхэм»), Роберт Левандовски («Боруссия») ва Робин ван Перси («Манчестер Юнайтед»).

Ҷоизаи «Беҳтарин футболбози Аврупо» соли 2011 таъсис ёфт. Нахустин ҷоизадори он Лионел Месси буд. Соли 2012 ҷоиза ба Андрес Инест дода шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухлиси Барселона

  • 10 июл 2013 17:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягон футболбози Барселона бояд бигирад ин чоизаро.Афсус дар ин руйхат танхо Месси.Бояд у бигирад! Ман мухлиси Барселона. Тактикаи бозие,ки ин команда дорад.ДАР ЯГООООННН ДДАААСССТТА ДДИИИДДДААА ННААММЕЕЕЕШААВВААДДД

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!