Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:19

Зоиров: Танҳо Бозор ҳаққи ба суд кашидани Тутубалинаро дорад

10 июл 2013, 14:36

Раҳматилло Зоиров, раиси консорсиуми юридикии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот, аз даъвогарон алайҳи Олга Тутубалина хостааст, барои нигоҳ доштани шаъну шарафи худ ва ниҳодҳои зертобеашон аризаашонро аз суди иқтисодии Душанбе бигиранд.

Зоиров даъвои Иттифоқи нависандагон, Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологиро, ки аз Олга Тутубалина ва нашрияи Азия Плюс 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ мехоҳанд, беасос хонда, таъкид намудааст, ки иддаои пешгузоштаи ин созмонҳои илмию эҷодӣ ба самти фаъолияташон мувофиқ нест ва онҳо ҳаққи баромад аз номи тамоми табақаи зиёӣ надоранд: “Ин иддаои пешгузошта аз он шаҳодат медиҳад, ки даъвогарон на танҳо аз қонунгузории Тоҷикистон дар масоили ВАО, ҳуқуқи муаллифию моликияти зеҳнӣ дуранд, балки рисолати иҷтимоии зиёӣ, аҳамияти баҳсро дарк намекунанд.”

Раиси консорсиуми юридикии Тоҷикистон мегӯяд, ягона нафаре, ки назариявӣ аз рӯи матлаби Олга Тутубалина ҳаққи ба додгоҳ шикоят карданро дорад, ин Бозор Собир аст, ки маҳз бозгашти ӯ ба Ватан дар матлаб баррасӣ шудааст.

Ахиран панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб кардаанд ва хостаанд, рӯзноманигору нашрия расман аз онҳо узр пурсад.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таъқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Аммо Зоиров мегӯяд, қонеъ намудани ин даъво як тараф истад, додгоҳ набояд онро ҳатто ба баррасӣ бигирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Азиз

  • 10 июл 2013 14:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Зойиров! Агар Тутубалина ба чои калимаи "зиёиён" калимаи "хукукшиносон" ё ин ки "оппозитсинерон"-ро истифода мебурд чй кор мекардед? Боварй дорам, ки фикратонро 180 дарача дигар мекардед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Аммо Зоиров мегӯяд, қонеъ намудани ин даъво як тараф истад, додгоҳ набояд онро ҳатто ба баррасӣ бигирад". )Озодагон(
Хмм, хова мегуи чи ан!!!! Додгох хаминро мехохад. Фармон ай боло омагие, касе хакки ба барраси накардан надорад. Инхели гапхора назан укои рахматулло. Чаноби Оли чи гуфта буд як бор дар мачлисаш медони?! "ман хамун касе, ки итоат намекунад, даб-даллаша мебарорам". Бачча ёши дия, соддаги мекни.
Посух додан
  • корманди АИ

  • 12 июл 2013 05:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо кормандони Академияи улум касе дар бораи казияи Тутубалина машварат накардааст. Бештари кормандони илми ба акидаи хонум мувофиканд. Дар Иттиходияи нависандагон хамчунин.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!