Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:49

"Русия ҳоло дар фикри иваз кардани Эмомалӣ Раҳмон нест"

10 июл 2013, 15:07

Гуфтугӯи кӯтоҳи хабарнигори “Озодагон” бо Аждар Куртов, коршиноси маъруфи рус дар умури Осиёи Марказӣ.

Озодагон: Назари Шумо дар мавриди изҳороти ахири Андрей Грозин оид ба он ки дар Кремл дигар пуштибони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, боқӣ намондааст, чист?

Куртов: “Андрей Грозин як корманди Инситути ғайридавлтӣ, раҳбари бахши Осиёи Марказии пажӯҳишгоҳи ИДМ, мебошад. Ин назари шахсии ӯст. Рост мегӯяд ё не, ба ин савол ҷавоб гуфтан мушкил аст. Зеро дар Русия мансабдорони зиёде ҳастанд. Аз ҷониби дигар метавон Грозинро дарк кард. Чунки чанд соли охир равобити Тоҷикистону Русия каме сард шудааст. Аз сиёсати Раҳмон ҳатто Вазорати дифои Русия розӣ нест. Ин ниҳод аз Душанбе тасвиби шартнома оиди будубоши Русия дар Тоҷикистонро интизор мебошад ва дигар ин ки ҳанӯз қазияи халабонҳо, боздошту мусодираи амволашон норӯшан аст. Дар аввал онҳо маҳкум ба зиндон шуданд ва баъдан раҳо гардиданд. Тамоми иттиҳомот аз онҳо бардошта шудааст ё не, маълум нест. Агар ҳа, пас, чаро моли онҳоро мусодира карданд? Мушкилот ҳамеша дар равобити кишварҳо дида мешавад. Вале агар касе фикр дорад, ки дар Кремл мехоҳанд, ҳукуматро дар Тоҷикистон иваз кунанд, ин хатост. Танҳо ду мақом аст, ки дар мавриди додани ингуна изҳорот ҳақ доранд, раисиҷумҳур ва вазири умури хориҷии Русия.”

Озодагон: Дар Русия бар инанд, ки равобити Эмомалӣ Раҳмон бо Амрико наздик шудасту ӯ ба як ҷонибдори Вашингтон табдил шудааст, Шумо дар ин маврид чӣ фикр доред?

"Русия ҳоло дар фикри иваз кардани Эмомалӣ Раҳмон нест"Куртов: “Бале, вақтҳои охир равобити Душанбе бо Вашингтон наздик шудааст, ҳатто дар баъзе ҳолат бар хилофи манофеи Русия мебошад. Вале дар худи Тоҷикистон низ ҳастанд нафароне, ки Раҳмонро ҷонибдори Амрико меҳисобанд ва дар Русия низ афроде дида мешавад, ки ӯро тарафдори Маскав медонанд. Барои мисол, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистонро дар Душнбе ҳамчун ҷонибдори Амрико медонанд. Ингуна изҳорот худ аз худ пайдо намешавад. Миёни Русия ва Тоҷикистон дар доираи Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ва дигар созмонҳои минтақаӣ бархӯрди манофеъ дида мешавад. Русия барои иваз кардани қудрат дар Тоҷикистон талош намекунад. Агар равобити ин ду кишвар ба сардӣ гароид, Русия танҳо аз кумак дар мавриди мушкилоти иқтисодию сиёсӣ ба ҳукумати феълӣ худдорӣ мекунад.”

Халил ҚАЮМЗОД


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Призидентро халк интихоб карда ааст на Руссия!!!
Посух додан
  • Довар

  • 11 июл 2013 15:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакти он расидааст,ки дар хакикат мардуми Точикистон , Сарвари худашро, ба таври алтернативи ва интихоботи шаффофу озод , интихоб намояд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АСПИРАНТ дар холате, ки президенти хозира барои боз иштирок кардани дар интихоботи президенти дар ин холат Руссия ёрдамаш карда метавонад бо як шарт. Ба шарти оне, ки боз гуломи Русия мешавем, боз Точикистон милиардхо зиён мебинад.
Посух додан
  • наби

  • 20 июл 2013 15:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Халил! Хеч мавкеъ ва андешаи солими шуморо нафахмидем. Як вакт таргиб мекунед, ки Точикистон бояд ба Руссия мутеъ набошад. Набояд бисёр гулому лабайгуи Кремл бошем. Як хафта баъд боз дигар хел тоб медихед. Шумо номус, шарм ё позитсияи инсони доред. Акалан аз Худо тарсед, ки харду бари руятон сиёх шудааст. Вой бар холи иттиллот ва ВАО

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!