Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:45

Маскав ва Петербург ихроҷу ҷаримабандии муҳоҷиронро шиддат медиҳанд

10 июл 2013, 16:07

Аз 9-уми августи соли равон ҳаҷми ҷарима барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла барои тоҷикон дар як қатор минтақаҳои Русия, аз ҷумла шаҳрҳои Маскав, Санкт –Петербург, вилояти Маскав ва Ленинград афзоиш меёбад.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар лоиҳаи қонуне, ки рӯзи 5-уми июл аз ҷониби Думаи давлатии Русия дар қироати 3-юм қабул гардид, афзоиши ҳаҷми ҷаримаи муҳоҷирон пешбинӣ шудааст ва ҳамчунин гуфта мешвад, ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ низ дар ин минтақаҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Айни ҳол барои шаҳрванди хориҷие, ки тартиби вуруд, будубош ва қайди муҳоҷиратиро вайрон кунад ё ин ки мақсади будубошашро нодуруст қайд карда бошад, аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, баъди як моҳ барои чунин қоидавайронкунӣ дар минтақаҳои зикршуда аз 5 то 7 ҳазор рубл ҷарима ситонида мешавад: «Мувофиқи меъёрҳои нав агар шахс ба Русия бо раводиди сайёҳӣ ворид гардида, ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шавад, маротибаи якум ҷарима баста шуда, бори дуюм аз ҳудуди Русия берун карда мешавад. Ҷалби ғайриқонунии муҳоҷирони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ дар ин 4 минтақа- шаҳри Маскав, Санкт –Петербург, вилояти Маскав ва Ленинград нисбат ба дигар манотиқ бештар мавриди ҷарима қарор мегирад. Дар ин ҳолат ҳаҷми ҷарима барои шаҳрванди воқеӣ аз 5 то 7 ҳазор рубл, барои шахсони мансабдор аз 50 то 70 ҳазор рубл, барои шахсони ҳуқуқӣ – аз 800 то 1,5 миллион рубл ё ин ки боздошти маъмурии фаъолият ба муддати аз 14 то 90 шабонарӯзро ташкил мекунад».

Зимни шарҳи лоиҳаи мазкур узви Президиуми шӯрои генералии «Единая Россия», раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат ба коррупсия Ирина Яровая изҳор доштааст, ки дар қонуни мазкур барои соҳаи сохтмонӣ муқаррароти принсипиалӣ дар назар дошта шудааст. Номбурда иброз доштааст, ки баробари ин навгонӣ истифодаи механизми таъсиргузории ҳамбастагиро пешниҳод менамоянд: « Яъне мо ба доираҳои соҳибкорӣ имкон медиҳем, то нисбати корхонаҳое, ки қувваи кории хориҷиро ғайриқонунӣ ҷалб мекунанд ва дар бозор рақобати ғайрисолимро ба вуҷуд меоранд чора андешӣ кунанд».

Манбаъ мегӯяд, тағйироти мазкур ҳамчунин вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия қасдан ҷиноят содир кардаву доғи судиашон адо нашудааст, ё ин ки бекор нашудааст ё шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода кардаанд, аз пардохти ҷаримаю андоз саркашӣ кардаанд, ба ҳудуди Русия манъ менамояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!