Бахшҳо

"Хап кы", "Чабргади лабргади…" ё "Ма имшаб тра мехом"?

Маҳбуби ГАНҶААЛӢ

Беҳрӯз Зеваров, продюсери маъруфи тоҷик, ахиран дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мазмуни таронаҳои овозхонҳоро ба баҳс кашид.

Ин мавзӯъ зоҳиран аз ёдҳо рафта буд. Бархе соҳибназарон мегуфтанд, танқидҳои зиёд дар расонаҳо овозхонҳоро маҷбур кард, то ба мазмуни таронаҳояшон аҳамият бидиҳанд. Бо ҳамин бисёриҳо умед доштанд, ки акнун ҷумлаи замоне мӯдшудаи «шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям» ба оҳистагӣ моли таърих мешавад.

Аммо вақте Беҳрӯз Зеваров ба ин мавзӯъ баргашт ва як нигоҳи сарсарии мо ҳам ба матни таронаҳо нишон дод, ҳоло низ шоу-бизнеси тоҷик аз гирдоби ҳарфҳои по дар ҳаво ва ғайримантиқӣ берун нарафтааст. Беҳрӯз Зеваров дар саҳифаи Фейсбукаш навишта, ки «ин чӣ мудест, сурудҳои бемазмун навиштан? Ҳамин тавр дар сари мардум ҷой мешавад: «Ту ках, ах, накы", "Бовар намекнм" ("Хап кы"), "Очата бгууу!"...?

«Очата бугу…» таронаи маъруфи Бобои Файз аст, ки чанд соли қабл иҷро кардааст. Аммо танҳо баъди чорабиниҳои аслии ҷашни Наврӯзи имсол дар Душанбе ба таври бесобиқа «мӯд» шуд. Вақте Бобои Файз «Очата бугу»-ро ҳамроҳ бо як хонум дар ҳузури президент иҷро кард, Эмомалӣ Раҳмон ӯро тавсиф намуда, аммо гуфт, ҳамон варианти аввалинаш беҳтар буд. Баъди ин телевизионҳои давлатӣ моломоли «Очата бугу» шуд. Дар мавриди Бобои Файз барномаҳо таҳия карданд ва таронаҳояш фаровон пахш гардид. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо сари ин тарона ва Бобои Файз баланд шуд. Бархеҳо онро як навъ фолклор арзёбӣ карданд, гуруҳе таронаи кӯчагӣ ва гуфтанд, ҷуз суханҳои бемантиқ ва хор кардани забони модарӣ чизе нест.

Аммо «Бовар намекнм» таронаи муосир аст, ки онро Нозияи Кароматулло хондааст.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери хонандаҳои муваффақи поп, назири Парвин Юсуфӣ, Ҷонибек Муродов, Таҳмина Ниёзова ва чандеи дигар аст. Аммо гуфта мешавад, мазмуни таронаҳои ин хонандаҳо низ на ҳамеша олӣ ҳастанд. Аз ҷумла таронаи ахири Ҷонибек, ки мегӯяд: «Ма имшаб тра мехом».

Ба ҷуз аз истифодаи зиёди вожаҳои лаҳҷавӣ баъзан дар сурудҳои тоҷикӣ бо калимаҳое дучор мешавед, ки ҳеч тарҷумоне аз кадом забон будани онро муайян карда наметавонад. Барои мисол таронаи «Чабргади»-и Наимҷони Саидалӣ. Наимҷон дар ин суруд мехонад, ки:

“Ҳой чашми ман ба чашми он паричашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу,
Ҳой аз чашми парӣ ба чашми ман чашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу.
Ҳой гуфтам, ки ба чашми худ бубинам чашмаше, чабргади лабргади, лабргади лу,
Ҳой аз чор тарафе ба чашми ман чашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу.”

Ва нақарот:

“Чабргади лабргади, либргада, лабргада, лабргада, лубргада, либргада лу.”

(зиёд талош кардам, ки ин калимаҳоро дуруст нависам, агар ягон ҳарф ғалат шуда бошад, маъзарат мехоҳам)

Шояд, воқеан, ин лабргдадаву либргада, ки ба тезгӯяки мураккабе монанд аст, ягон маъное дошта бошанд, ки мутаассифона хабар надорам. Агар Шумо медонед, лутфан маънидод бикунед.

Як таронаи Парвина Шукруллоева, хонандаи муваффақи тоҷик ҳам замоне сабаби баҳсҳои гарм шуда буд, ки мегуфт,

«Доим садо мекуни маро, лали ҷал(в)ӣ,
Ҳастии ҳарфи туро бошад, лали, ҷалӣ.
Хазон мешавад барги дилат, лали, ҷалӣ,
Бар тану ҷонам мехонам, лали, ҷалӣ».

Ҳоло боз сарпӯши деги шоу бизнесро боз мекунем, бубинем, ин навбат дар кафлезамон чӣ бармеояд (фикр мекунам танҳо овардани матнҳо кофист ва ҳоҷат ба шарҳи ман нест. Аммо агар Шумо шарҳе доред, зери матлаб бинависед).

Рӯзибеки Файзалӣ дар таронаи «Телефон» мехонад:

“Хона таклифт кнм, якшаба меҳмонт кнм,
Номри тилфонта бте, Зебо, ки тилфонт кнм.
Ба Ту Зебо, ки дига мисли ма ошиқ мешава,
Номри телфонша намета оҳ, дилакм зиқ мешава. Номри тилфонта бте, номри тилфонма биги, Номри тилфонша намета, э Хдо ҷонша бигӣ.”

Зоири Икромзод бошад, дар суруди «А духтар» мегӯяд:

“А духта шидай т пухта,
Т ба ма ниго к духта.
Т нигоҳ кни ё накни,
Ма тра кадм шинохта»

Нақорот:
“А дхта, а дхта, ма тра кадм шинохта,
А дхта-йе, а дхта, ма тра кадм шинохта”

Намояндаҳои ҷинсҳои латиф ҳам аз мардон кам намеоянд. Миҷгонаи Мирзо дар суруди «Духтари тоҷик»:

“Манам духтари тоҷик,
Ба ишқат шуда ошиқ,
Сароям аз дилу ҷон,
Миёнам химчаборик…

…Занам сурма ба чашмам,
Ба тан куртаи зебо.
Ба абрӯ усмаи тар,
Ба гуш ҳалқаи тило.
Ба сар тоқии гулдуз,
Ба дастам гирам ҳино.
Ба зулфам мушку анбар,
Шавам зеби тамошо.”

Дар жанри РЭП низ суханҳои бемантиқ кам нестанд. Мо ба шеваи сароидани он ҳоло кор намегирем, чун хусусияти жанр ҳамин аст. Аммо дар бархе маворид суханҳои пайи ҳам барчида ба ҳам мувофиқ нестанд. Дар бештари ҳолатҳо рэпсароҳо маънии калимаҳоро намефаҳманд ва ин сабаб мешавад, онро ғалат истифода кунанд. Масалан дар муаррифии таронаи «Ишқи оригинал»-и Mc Fedya «Истеҳсолоти Ҷадидон» мегӯянд. Ба эҳтимоли қавӣ инҳо «истеҳсоли Ҷадидон» гуфтанӣ ҳастанд.

Дар ин тарона ташбеҳи хеле аҷибе аст (воқеан ба мавзӯи ташбеҳҳо дар матлаби дигар бармегардем, ҳоло танҳо бо овардани ду намуна ва он ҳам аз жанри рэп иктифо мекунем). Mc Fedya мегӯяд, «ишқи ма бд аргинал, ишқи т бд хитоӣ». Баха-84 бошад, ҷое «Ма хирсу ту асалӣ» мехонад.

Ин матлабро дуру дароз навиштан мумкин аст, аммо мақсад ин нест. Барои ислоҳ танҳо намунаҳо басандаанд ва ин ҳам чанд намуна буд, ки навиштем.
Мӯҳр
Мақолаи хуб навиштӣ, брат Абдулазиз. Лекин дар таронаи Парвина "лали, ҷалӣ" нест, балки "лали дарлинг" аст, ки тарҷумааш мешавад "азизи дилам", хайр аку ту, ки забони англисиро бомба мефаҳмӣ, аз гуноҳат гузаштем. Дигар далелҳои овардаат 100% дуруст. Баъд нолаи дили продюсери навбаромад Беҳрӯза ҳам фаҳмидан мумкин, азбаски Нозия қатиш шартнома надорад, аз алами дилаша навиштагӣ, агане сурудҳои Ҷонибека бинен нимуш бемазмуну плагиат, чиба аз эҷодиёти Ҷоник мисол намеорад? Усуша хайр аку худтон бфаҳменда.

Хофизи кучагиро ки гуш карди, ана хамин хел норохат мешави. Маслихат: хофизони асили бофархангро гуш бикун.

суруде, ки субх дар мусофиркашон шунидам, хеле маро дар хайрат гузошт. Духтари точике бо садои "нофорам" месароид: "-Т ба мн чи ко дори, давай дасвиданя". Ман аз шунидани ин суруд хеле хашмгин шудам, аммо ронанда ва чавононе, ки бо ман буданд, аз шунидани он хеле халоват бурда, хамовоз мешуданд. Хайфи мо, хайфи забони ноби точики, хайфи "Гулшан"-у хайфи Акашариф Чураев.

“Хона таклифт кнм, якшаба меҳмонт кнм,
Номри тилфонта бте, Зебо, ки тилфонт кнм.
Ба Ту Зебо, ки дига мисли ма ошиқ мешава,
Номри телфонша намета оҳ, дилакм зиқ мешава. Номри тилфонта бте, номри тилфонма биги, Номри тилфонша намета, э Хдо ҷонша бигӣ.” барои ина фахмидан тарчумон даркор э бародар шарм намеддори факат ин бача лахчаи як макон кати шер гуфтааст тамом дигар хатое надорад.

Донишчу аз Амрико
Офрин ончунон хандаовар ки ба холашон мехохам гиря кунам. Нход онхо инкадар кунда бошанд ки хатто чумлаи мехондаашона дарк накунанд. Суруди Нозияро гушкардам дар хакикат хандаовар инро бо кадом максад хондабошад? барои худаша хонда бошад? Мардум шояд барои ханда омаданашон ин сурудро гуш мекунанд. Масъулияташонро шояд ингуна овозхонхо дарк накарда бошанд ё хаир..

Салом. Бародарон якчиро дарк кунед,ки сабаби зиёд шудани "сароянда"-гони кучаги аввал камбагалии чомеа бошад,дуввум ин аст ки ба завки аксарияти мансабдорони имрузаи мо созгор аст. Магар мардум хамеша дунболи ин масъулин нарафтаанд??!! Ёди Одина Хошиму дигарон ба хайр..

гуш кардани сурудхои бемантику бефарханг аз сатхи пасти фарханги мо вобаста аст. Бубинед, чунин сурудхои бемантик (рэп ва сурудхои кучаги) имруз серталаб ва маъруфтаранд, чунки фарханги мо коста шудааст. Аз ин истифода бурда хофизони мо ба кавле "Бозор бардорад зам кун", гуфта даст ба эъчодиётхои бемаъниву мантик мезананд.

Максади асосии вайрону бадном кардани забони ширини форси-точики ин аст, ки комилан ин забони ниёгонамонро аз байн бурда, тадричан,ягон забони бегонагонро ба мо тахаммул намоянд.

hammai onho shaiton parast hastand yane ki freemoson

Точики асил
Дар катори чанд конуни гайримантикие,ки ин хукумати магз магзаш фасодзадаву хукумати бесаводон кабул кард,мебоист боз як конунеро кабул кунанд.Яъне манъи гап задан бо забони лахчавии ягон макон.Азбаски дар он маконхо мардуми гайри точик аз чумла лакаю кангурту карлукхо таърихан зиёд буданд,бисёр калимаву тарзи гуфтори онхо ба он махалхо тасир кардааст!Азбаски рохбарони мо аксар аз як махаланд,онхо ин тарзи гуфтори гайри точикиро ГУИЁ МУД кардаанд.акте ман суханронии Бег Зухуроро гуш мекунам,рости гап бисёрии гапхои уро намефахмам,ё ин ки тарзи гуфтори у хеле аз забони ширини точики дур буда ба хар як точики асил намефорад.Хуб мешуд,ки дар корхонау идорахо,бпа мансабдорон а коргарони далати,ба хофизон бо чунин забони БЕЗЕБИ гайри точики гап задану суруд хонданро манъ мекарданд.Мумкин бади 10 сол тамоми точик бо забони ширини адабии форси дари гуфтугу мекард.Вагарана "ТАТА МЕТАТА НАТАТА НАМЕТАТА"ин ягон зарра ба точики иртиботе надорад.

Забондонӣ ҳам сатҳи саводу фарҳанги баландро талаб менамояд. Банда аз ин шодам ки ба ягонтаи он сарояндагон ихлос надорам ва гӯш намекунам. Санъат дар Тоҷикистони имрӯза мисли бозор шудааст. Онҷо моли гаронбаҳои баландсифат ҳам ҳасту пастсифати арзон ҳам. Мегуяндки бозор барометри (ҳавосанҷ) ҳаёти иҷтимоии ҳар як кишвар аст. Ба бозор раву бибин, ин мардум чӣ ҳасту кӣ ҳасту чи гуна асту чи тавр сухан мекунад.

Дуввум инки, назорат аз болои меъёри Забони Давлатӣ вазифаи муқаддаси ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон аст: фарқаш нест, забон дар куҷо вайрон мешавад: дар эълону таблиғоти бозору кӯча ё дар матни сароянда! Мебинем ки ҳоло ҳеч чизи муқаддас намондааст, чӣ бирасад ба забони модарӣ!

Ва дар маҷмӯъ, ҳама чиз вобаста ба сатҳи илму донишу таълиму тарбия аст. Дар он давлате ки ин соҳа сусту парешон шуд, ашхоси чолок аз рӯи матали ХУДАМ ШОҲУ ТАЪБАМ ВАЗИР амал мекунанд.

Карим
Ба фикрам ин муаллиф аз хамаи рузноманигорони озодагон бехтар аст! АхсаН!

Пуф... Аъ!!! Аз ин гуфтахо буи махал омад. Уъ навиштаи ту, хатто чавобгуи забони точики нест!!!

Behruz
In jurmi owozhonon jurmi tanho hudi onho nest,in jurmi jamiyati most,ki tuli solhoi ohir nasli besawodro tawlid soht.Az in toifai dayduhoe,ki yak bayti haloli sheri tojiki namedonand chi mehohem,Imruz dar tamomi tojikiston alfozi kuchagii lahjai kulobi mud shudaast wa aksariyat bo in lahja suhbat mekunand.Wakte,ki jomeai mo nametawonad yak nasli solimro tarbiya kunad,holi sanati muosiri tojik az in badtar hohad shud,In ba istiloh surudhoe,ki dar bolo zikrashon rafta shohidi onand,ki in owozhonho dat sathi honandai sinfi sei zamoni shurawi sawod nadorand.Bo labkajkuniwu dodu woy surud surud nest,Agar in toifa az adabiyoti boi mo habardor meshudand,metawonistand shohbaythoe saroyand,ki onhoro wokean ham sitorai sanat mesoh,wale badbahtona baroi in sawod wa salikai balandi intihobi sher wa ma'ni lozim.

Олим
Рости ин мавзуъи хеле хубест, ки бояд сари он хамавакт нависему ислохот намоем. Имруз аксари хофизон кадри забони модариро ва кадри шеъру сурудро ба замин задаанд. Аксар хофизон аз шеърхои кучагии худашон истифода мебаранд. Пеши рохи инро бояд гирифт....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)