Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:23

Демократияи дурӯғин. Ё Ғарб бо мо ҳарчӣ хоҳад мекунад?

11 июл 2013, 11:38

Алӣ МАСТОВ, таҳлилгар

Ҷои тааҷҷуб нест, ки тағйири мафҳум дар ҳама ҷо паҳн шудааст. Аммо намедонистам, маънии “демократия”-ро иваз кардан мумкин аст.

Ҳоло мефаҳмам, мафҳуми “демократия” ё “мардумсолорӣ” бозичаи Ғарб аст, ки аз мундариҷа ва натиҷаҳои имконпазири гуногун, масалан, баланд шудани садои мардум, иборат аст. Яъне, Ғарб танҳо он натиҷаи “демократӣ”-ро “ташкил мекунад”, ки худаш мехоҳад бубинад. Натиҷаи дигар, ҳатто агар мувофиқи хоҳиши мардум бошад, аз нуқтаи назари Ғарб, мардумсолорӣ нест ва ба ҳар роҳ бояд таҷдиди назар ва тағйир дода шавад.

Як сол қабл Муҳаммад Мурсӣ дар муборизаи шаффоф ва боз ғолиб омада, аввалин раисҷумҳури аз ҷониби мардум интихобшудаи Миср гардид. Бо гузашти як сол, ӯро артиш барканор кард ва чуноне маълум мешавад, аз ин ҳолат ҳама “паҳнкунандагон”-и низоми мардумсолор розиянд.

Сабаби расмии табаддулоти ҳарбӣ раҳпаймоии ороми мрадум бахшида ба солгарди аввали интихоботи президент буд. Ягон нафар аз раҳбарони мамолики ғарб табаддулоти ҳарбӣ ва дастгир намудани президенти ба таври қонунӣ интихобшудаи Мисрро маҳкум накард. Ягон нафари онҳо ҳатто ба худ суол надоданд: бо шаҳрвандоне, ки соли гузашта ба ҷонибдории Мурсӣ овоз дода буданд, чӣ хоҳад шуд?

Кӣ назари онҳоро ба инобат мегирад, агар мӯҳраи аслии бозиҳо дар тахтаи Миср, артиш бо тӯпу туфанг аст, на мардум? Дар чунин ҳолат, интихобот чӣ лозим аст, агар аз натиҷаи он чизе вобаста набошад?

Ман ҳоло дар хусуси он ки Мурсӣ чигуна инсон аст ва тӯли ин як сол чӣ тавр дар мансаби президентӣ кор кард, чизе намегӯям, чунки мардуми Миср, ба фарқ аз мамолики зиёди дигар, имкон доштанд пас аз се сол ӯро рад ё дубора интихоб намоянд. Ҳамагӣ се сол, на сӣ сол, мисли роҳбари собиқи кишвар.

Ҳолати монанд дар интихоботи охирини Афғонистон буд, ки ба ғалабаи ниҳоии номзади мухолифин Абдулло Абдулло касе шак надошт. Ҳатто ҷонибдорони Карзай, аз он ҷумла Ғарб, ғайрирасмӣ ғалабаи ӯро эътироф карданд. Аммо азбас натиҷаи раъйдиҳӣ “ғайридемократӣ” буд, он дарҳол ба фоидаи номзади “мамолики демократӣ” таҷдиди назар шуд. Танку туп зери дасташон буд.

Аз чунин амали “паҳнкунандагони” мардумсолорӣ дар Осиё ва Африқо бармеояд, ки ҷорӣ намудани арзишҳои демократӣ ва ҷалби мардум ба ҳаёти кишвар зарурат надорад. Шояд, дар диди онҳо, мо ҳанӯз барои расидан ба ҳаёте бидуни диктатор ва озодии аққалан расмӣ “калон нашудем”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Мурсиро барканор намекарданд, дар Миср чанги шахрванди сар мезад. Лекин холо хам ки Мурсиро барканор карданд, хатари чанги шахрванди вучуд дорад. Политика это искусство возможного. Барои хамин дар Миср ду тарафро ба сари мизи музокирот шинондан лозим аст. Мурси банкрот, хатогихои зиед кард. Ба Миср чехрахои дигар лозиманд, бигзор аз Ихвониен башанд хам, лекин более гибкие люди. Не догматики и экстремисты, а политики.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мардуми Миср аллакай маълум ки бозичаи дасти Гарб шудани худро сад дар сад эътироф мекунанд. Чун дар хокимиятронии Мурси хеч бади ва хеч мардумозори дида намешуд! Ачаб мардуми нофахмое хастанд! Боре мебини як тасмими окилона, ба гуфтае интихоб аз худашон сар мезанад, баъди муддате боз аз интихоби уд мунсариф мешаванд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Режими Хусни Муборак Мисро ба чи хол овард дар 30 сол ба хама маълум аст. Магар осон аст, дар як сол хостахои ба хостахои мардум расидан хохиш мекунам дар вакти сухан гуфтан дар бораи цаноби Мурсии мухтарам боехтиром бошед. Худои кахор душманони Мурсиро хору залил бигардонад.
Посух додан
  • муаллим

  • 11 июл 2013 21:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чаноби Мурсиро оли Саъуд бо рохбари Амрико & k. Фиреб дод.инки хизби салафхои миср дар аввалин фурсат аз низомен пущтибони карданд чун дастурро аз арРез мегирифтанд.хатоги нахусти ихвонихо хамин буд ки ба низоме ки зидди хамагуна харакатхои сиесист эътмод карданд.ин хам дар холе ки сохтори Саъуди тахаммули хизбхои сиесиро надорад. ин амалкарди ихвонихо аз ачоби рузгори мост.

чаноби Мурсиро оли Саъуд бо рохбари Амрико & k. Фиреб дод.инки хизби салафхои миср дар аввалин фурсат аз низомен пущтибони карданд чун дастурро аз арРез мегирифтанд.хатоги нахусти ихвонихо хамин буд ки ба низоме ки зидди хамагуна харакатхои сиесист эътмод карданд.ин хам дар холе ки сохтори Саъуди тахаммули хизбхои сиесиро надорад. ин амалкарди ихвонихо аз ачоби рузгори мост.

чаноби Мурсиро оли Саъуд бо рохбари Амрико & k. Фиреб дод.инки хизби салафхои миср дар аввалин фурсат аз низомен пущтибони карданд чун дастурро аз арРез мегирифтанд.хатоги нахусти ихвонихо хамин буд ки ба низоме ки зидди хамагуна харакатхои сиесист эътмод карданд.ин хам дар холе ки сохтори Саъуди тахаммули хизбхои сиесиро надорад. ин амалкарди ихвонихо аз ачоби рузгори мост.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аслан халки араб ва тамоми давлатхои араб ба фикри ман солхои охир ба монанди як рамаи гусфандеанд, ки бесохибеанд нигахбон надоранд барои хамин англичанхо еврейхо американсхо франсузхо диданд, ки дар хакикат арабхо сохиб надоранд ва халки кафомондаанд омада давлаташонро мустамлика карда хучаини карда истодаанд кадом давлати арабе, ки ин давлатхоро яъне англя израил америкаро фармонбардори накард ба монанди Ирок Ливия Сурия он давлатхоро бо хоку хун омехта карданд ЧИ МАГАР ОНХО КУРАНД ВА Ё ЧУХУДАНД, КИ ИН ХАМАРО МЕДОНАНД МЕБИНАНД БОЗ ФИРЕФТАИ ЧАНГИ ДУШМАНОН МЕШАВАНД .
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Этот мудак сам понял что сказал Али Пьяный
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пайёмбар саллаллоху ъалайхи ва олихи ва борик васаллам хадисе дорад, ки уро тамоми халки дунё медонад, чи мусулон чи гайр... (ИННАМАЛ МУСЛИМУНА ИХВАТУН)... садакта ё Расулаллох саллаллоху ъалайхи ва олихи ва борик васаллам.
Дар холате, ки мо мусулмонхо ин хадиси шарифро медонем пас чи дард дорем, ки бо ин хадиси шариф ъамал намекунем? Барои ту ва ё шумо чи фарк дорад, ки вай сунни аст ё шиа ё исмоъилия ва ё шофиъия, ту дар кадом мазхаб ва ё шохае хасти дар хамон ъамал кун зикр кун ибодат кун...! Сарчашмаи хамаи хамин мазхабхою шохахо ин ИСЛОМИ пок аст пас чаро душмангарои мекунем. Барои чи як бор насронихо праваславхо бо католикхо ва яхудихо бо хам чангу чидол намекунанд? ЧАШМОТОНА КАЛОНТАР КУШОЕД ВА БУБИНЕД, КИ ДАВЛАТХОИ ГАРБ ЧИЗЕ ЗЕБО ШУДА ИСТОДААНД ВА ДАВЛАТХОИ МО МУСУЛМОНОН РАФТА БА АФГОНИСТОН МОНАНД ШУДА ИСТОДААНД...

САЛОМАТ БОШ МУАЛЛИМ АРАБИСТОНИ СУЪУДИ ГУЛОМИ ХАЛКА БАР ГУШИ АМРИКОСТ БО ТАМОМИ ХАЛКАШ!
Посух додан
  • муаллим

  • 23 август 2013 12:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
харчи фикр мекунамам таваччух ва эътимоди ихвонихо нисбат ба Оли Саъудро нафахмидам ,бо собикаи 60сол мубориза дар сахнаи сиесй хатойест дагал.

харчи фикр мекунамам таваччух ва эътимоди ихвонихо нисбат ба Оли Саъудро нафахмидам ,бо собикаи 60сол мубориза дар сахнаи сиесй хатойест дагал.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!