Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:16

Sos: Пули мошингузари болои рӯди Хингоб тахриб шуд

19 июл 2011, 07:03

Дар ноҳияи Тавилдараи води Рашт ҳудуди 4500 нафар аз истифодаи пули мошингузар маҳрум монданд.


Тавре Тоҷиддин Аҳмадов, як корманди масъули дафтари матбуоти кумитаи ҳолатҳои фақулодда ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, нимаи дуюми рӯзи гузашта симтаноби такягоҳи (трос)-и пули мошингузар канда шуда, ба дарёи Хингоб фурӯ рафтааст. Хушбахтона, бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдрас менамоем, ки пули мазкур дар километри 34-уми рустои Миёнадуи ноҳияи Тавилдара ҷойгир аст, ки сокинони деҳаи Миёнаду ва қишлоқҳои атрофи он аз ин гузаргоҳ истифода мекарданд, ки айни замон кӯпрук корношоям гаштааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!