Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:55

Таҷлил аз рӯзи ба тахт нишастани Оқохони 4 дар Тоҷикистон

11 июл 2013, 12:44

Ҳамасола рӯзи 11-уми июл пайравони исмоилияи Тоҷикистон аз нахустин рӯзи ба тахти имомат нишастани Оқохони чаҳор, имоми замони худ, таҷлил мекунанд.

Бештари пайравони ин равия дар суҳбат бо мо гуфтанд, нахустин рӯзи ба тахт нишастани Оқохони чаҳор “як воқеаи бузург” дар таърихи пайравони исмоилия буда, ҳамасола ин рӯз дар тамоми манотиқи дунё, ки пайравони ин равия ба сар мебаранд, ба таври густардаву барномаҳои мухталиф таҷлил мешавад.

Таҳлилгар Неъмати Амонбек мегӯяд, рӯзи ба тахт нишастани Оқохон миёни пайравони исмоилияи Тоҷикистон низ шуҳрат дошта, аз он ба таври тантанавӣ таҷлил мекунанд: “Дар Тоҷикистон низ ин рӯз миёни пайравони ин равия, ба хусус мардуми Бадахшон шуҳрат дораду аз он ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн бо барномаҳои махсуси фарҳангии рангин қариб дар ҳамаи деҳаву рустои ин вилоят дар байни ҷамоат таҷлил мешавад, ба хусус дар Маркази исмоилия дар шаҳри Душанбе. Барои мисол чанд сол қабл, ҷашне буд бо номи “Тилоӣ”, ки бахшида шуда буд ба 50-солагии ба тахт нишастани Аълоҳазрат.”

Оқохони чаҳор имоми ҳозири исмоилиён аст, ки пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум, дар рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар сини 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Ӯ чиҳилу нӯҳумин имоми исмоилиёни низорӣ ба шумор меравад.

Оқохони чаҳор (Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ) 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард аст. Вай замоне масъули ёриҳои кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид будааст. Ӯ бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) аст.

Оқохон чаҳор фарзанд дорад: шаҳдухт Заҳро Оқохон, шаҳзода Раҳим Оқохон ва шаҳзода Ҳусейн Оқохон аз Бегим Салима Оқохон ва шаҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Бегим Инора Оқохон.

Ҳоло дар Тоҷикистон дусад ҳазор пайрави исмоилия ба сар мебаранд, ки аксари онҳо муқими Бадахшони Тоҷикистонанд. Нахустин ва бузургтарин маркази фарҳангии исмоилиҳо дар маркази шаҳри Душанбе се соли пеш мавриди истифода қарор гирифт, ки аз 25 ҳазор метри мураббаъ иборат аст. Сохтмони ин бино ҳанӯз соли 2003 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Оқохони чаҳор оғоз ёфта, тақрибан ҳафт сол идома кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ерон

  • 11 июл 2014 12:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хамаи мусалмонони дуне чашни ба тахтнишнии Имоми Замон муборак!!! Хонаобод бошед!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!