Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:33

Саволи сокини Рӯдакӣ вазирро дар вазъи ногувор гузошт

11 июл 2013, 14:17

Як саволи “ноҷо”-и Асадуллоҳ Саидов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, вазири тандурустии Тоҷикистонро дар вазъияти ногуворе қарор дод. Саволи оқои Саидов дар бораи пулакӣ ё ройгон будани табобати беморони сил буд, ки рӯзи 11-уми июл, дар нишасти хабарии Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ, садо дод.

Ин сокини Рӯдакӣ аз вазири тандурустӣ пурсид, “оё табобати беморони сил дар Тоҷикистон ройгон аст, ё пулакӣ?” Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон, дар ҳазури хабарнигорон ҷавоб дод, ки “бародари азиз, табобати беморони сил ройгон аст”.

Аммо Асадуллоҳ Саидов дар посух гуфт, “чӣ гуна ройгон аст, ки баъди чор соли беморӣ ҳамсарам соли 2013 аз сил фавтид ва ҳоло писари 14-солаам, ки 6 моҳ боз дар беморхонаи Мачитон хоб асту ҳатто пули сӯзанро ҳам аз ман мегиранд”.

Вазири тандурустӣ дар ҳузури хабарнигорон ваъда дод, ки табобати писари ин сокини Рӯдакиро зери назорати худ мегирад. Аммо пас аз анҷоми нишасти хабарӣ масъулини вазорат монеи суҳбати Асадуллоҳ Саидов бо хабарнигорон шуда нагузоштанд, ки дар бораи мушкилаш суҳбат кунад.

Нусратулло Салимов дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе ба мавзӯи никоҳи хешутаборӣ ҳам дахл кард. Ӯ гуфт, “фикр мекунам, оилаҳои зиёде ҳастанд, ки баъд аз хонадор шудан кӯдакони носолим ба дунё меоранд. Аз ин рӯ, бояд ин масъаларо омӯзем.”

Оқои Салимов афзуд, “пештар ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод карда будем, ки аз ҳисоби мутахассисони соҳа, аз ҷумла генетикҳо, як гурӯҳи алоҳида ташкил шавад, то ин масъаларо дар якҷоягӣ баррасӣ ва баъдан хулосаи ниҳоиро баён кунанд.” Се моҳ пеш Саодат Амиршоева, узви Маҷлиси Намояндагон, пешниҳод кард, ки ба Кодекси оила банди махсусе дар бораи никоҳи хешутаборӣ ворид шавад.



Дар акс: Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Бемор

  • 11 июл 2013 14:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вазири тандурусти Н.Салимов нашармида боз дуруг хам мегуяд. Беморони ба бемории сил гирифторшудахои минтакаи Кулобро рафта пурсед,ки дар беморхонаи вилоятии касалихои сил дар ш.Кулоб,чи тавр хизмат мерасонанд.Хамаи касалихо маводхои дорувориашонро худашон аз дорухонахо бо нархи гарон мехаранд. Хато барои бистари бемори хам то маблаг пардохт накуни ба бемор,чои хоб намедиханд. Дар бораи хурок дигар чои гап хам нест. Чаноби вазир акаллан, хакро гуед намешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
тавки зарин хама дар гардани хар мебинам
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инчо дар бораи онки духтурони Кулоб аз мардум пул мегиранд айби Вазир нест! Барои он, ки дар Точикистон 15000 беморхонахои калону хурд аст кадом яки онро Вазир донад! Барои ин чиз бояд ба сардухтурон мурочиат кард на ба Вазир!
Посух додан
  • Душанбеги

  • 11 июл 2013 16:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин огои Салимовро вакти истеъфо доданаш барвакт расидааст аммо намехохад креслоро сахт капида шиштааст "НЕ ДАМ" гуен фаред мезанад чунки мисли дигар мардум гурусна мемонад .. хатто агар касал шавад худаш кафолат дода наметавонад ки уро ройгон табобат мекарда бошанд. Ин калимаи "Ройгон" дуруг аст худо шохид аст бисери мардуме ки кораш дар духтурхонаи Мачитон афтидааст ё ки хешу табораш афтидааст медонад,ки ин калима мисли филмхои Амрикои "Фантастика" аст. Хатто духтурхо дорухои нодаркорро ба касалихои бечораи камбагал менависанд аз ким кадом фирмахои хоричии бегона харед мегуянд, худашон намедонанд ки ин дору барои чи фоида дорад барои чи зарар!!
Посух додан
  • саттор

  • 11 июл 2013 21:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар точикистони мо ба кавле раисону вазирон сухбат карданро бо мардуми одди ва касалию дардмандро ор медонанд.Набошад худи онхо маризанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
огои салимов сабаби гирифтории ин бемори дар чист чиба як маротиба хакикатро намегуед ки аз сабаби надоштани гизо яъне хаки гизои мардуми камбагалро мо истемол мекунем чуноне ки фармудаанд як мавизро чил каландар хурдааст аммо мо масулин як мавизро танхо истемол мекунем

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!