Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:33

Turajon.org: “Шоҳ сояи Худо дар рӯи замин нест”

11 июл 2013, 15:51

Тӯраҷон нуқта орг, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон, мақоли “шоҳ сояи Худо”-ро бофтаву беасос донистааст. Мақоли “шоҳ сояи Худо дар рӯи замин” дар миёни сокинони Тоҷикистон роиҷ аст. Аксари сокинон ин мақолро нисбат ба раисиҷмуҳур истифода мекунанд ва гоҳо низ мегӯянд, “ҳукми подшоҳ воҷиб аст”

Tорнамои Turajon.org дар посух ба суоли яке аз корбаронаш, ки ин мақол то куҷо ҳақиқат дорад, навиштааст: “Суханҳо дар мавриди сояи Худо будани шоҳ хурофоте беш нестанд. Аз ин рӯ, набояд ба ин суханҳои авомфиребона фирефта шуд.”

Ба навиштаи Тӯраҷон нуқта орг, ингуна гуфтаҳо, ки “шоҳ сояи Худо”-ст, “ба монанди суханони Олами Ғарби қадим мебошад, ки мегуфтанд, шоҳҳо (ба Худованд паноҳ мебарем) маконати ними худоӣ доранд.”

.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Умуман гири, бисере аз шохон дузду фасодзадаву фосиканд. Пас чи гуна ин хел шахс сояи худо буда метавонад?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!