Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:55

Хадамоти муҳоҷират теъдоди дақиқи зан, мард ва кӯдакони муҳоҷирро эълон кард

11 июл 2013, 16:22

Дар шаш моҳи соли равон аз Тоҷикистон 571 ҳазору 209 нафар шаҳрванд ба хориҷа сафар намудаанд.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба «Озодагон» иттилоъ доданд, аз нафароне, ки дар ин давра ба хориҷа рафтаанд, 489 ҳазору 472 нафараш мардҳо ва 81 ҳазору 737 нафарро занҳо ташкил медиҳад.

Аз шумораи онҳое, ки дар ин нимсола Тоҷикистонро тарк намудаанд, 480 ҳазору 658 нафараш муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки 84% шумораи умумиро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, аз шумораи нафароне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 429 ҳазору 940 мардҳо ва 50 ҳазору 718 нафарашонро занҳо ташкил медиҳад: «Хадамоти муҳоҷират дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурӯдгоҳҳои ҷумҳурӣ баҳисобгирии рафту омади пурраи шаҳрвандонро тавассути Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба роҳ мондааст».

Раванди муҳоҷирати меҳнатии ноболиғон низ давоми чанд сол боз дар ҳоли афзоиш ёфтан аст, ки тибқи иттилои расмӣ шумораи ноболиғони тоҷик дар Руси айни ҳол беш аз 30 ҳазорро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки масъулини Хадамоти муҳоҷират борҳо аз афзоиш ёфтани муҳоҷирати ноболиғон ва занҳо изҳори нигаронӣ намудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • nosir

  • 11 июл 2013 16:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шумо ин аркоми дуругро аз кучо мегиред чанобони ХАДАМОТ???. фарз кардем ки дируз се занро худи ман ба русия гусел кардам яке пеши шавахараш ва дуи дигар мустакил точикистонро тарк карданд. билетхоро ман харидам дар майдони хавои гусел кардам касе онхоро сабти ном накард аз кучо медонед ки чи кадар рафт? то кай ба чашми давлату халк хок мепошед чиновникхои точик??????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар бокимондаи ахолие, ки дар Точикистони мо зиндаги мекунанд яъне кампирхоро президенти мекунанд хукуматдор...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гапхои хадамот дуругай. Ман вактеки ба Россия сафар доштам таёраамон задершка шуд дар давоми 10 соате,ки мо дар фурудгохи Душанбе нишастем 5 хатсаир ба самтхои Руссия парвоз карданд. Гапхои Хадамот дуругай. Ман танхо шахри Душанберо гуфтам фурудгохи Хучанд,Кулоб ва Кургонтепа дар ин фурудгохо барои ба хорича рафтан хам хизмат мекунанд. Дар як руз чанд таёра ба хорича сафар мекунад хисоб намекунанд!
Посух додан
  • Парвиз

  • 12 июл 2013 01:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
nоsir билета ту харида боши хайр чи дар билет ному фамилияи занхо хаст ку

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!