Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:39

Барканории раиси “Барқи тоҷик” ба хотири “вазъи саломатиаш”

12 июл 2013, 08:11

Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи Тоҷик», рӯзи 11 июл бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз мақомаш барканор гардидааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, барканории оқои Ёров ба вазъи саломатиаш марбут буда, ҳоло Аслӣ Назаров раиси нави ширкати “Барқи тоҷик” таъин шудааст.

Абдулло Ёров се соли пеш бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба мақоми раиси ширкати “Барқи тоҷик” таъин ва дар ин вазифа Санъат Раҳимовро иваз карда буд. Оқои Ёров дар ҳоле аз ин симмат барканор шуд, ки дар тӯли се соли раёсаташ қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” (Русия) ва “Сангтӯда-2” (Эрон) афзуда, лимити нерӯи барқ ба манзили сокинони Тоҷикистон низ рафъ нагардидааст.

Инчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Исматулло Насриддинов намояндаи доимӣ дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупову созмонҳои дигари байналхалқӣ ва ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори кишвар дар Австрия таъин карда шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салим
Ин рафтану саломатиро аз даст додан ,ин натичаи халкро азоб доданатон аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!