Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:08

Суғд: Дари масоҷиди бастаро барои таровеҳхонӣ кушоданд

12 июл 2013, 09:14

Мақомоти Идораи дини вилояти Суғд мегӯянд, дар моҳи шарифи Рамазон барои адои намози таровеҳ дари чанде аз масоҷиди бастаро боз кардаанд.

Абдулҳаким Шарифов, масъули ин идора, ки дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд сӯҳбат мекард, гуфт, ин амал муваққатан дар моҳи Рамазон сурат гирифта, баъд аз он дари масоҷид дубора баста хоҳад шуд. “Аз номи масҷидҳои басташуда ба идораи мо мактуб омад, ки муваққатан дар моҳи шарифи Рамазон барои адо кардани намози таровеҳ иҷозат диҳем. Кӯшиш мекунем, то дар моҳи Рамазон барои адо кардани маросими динӣ монеа эҷод нашавад”,-афзуд ӯ.

Дар тӯли чаҳор соли охир, дар пайи қабули қонуни нави дин дар вилояти Суғд дари 88 масҷид баста шудааст. Аз ин ҳисоб 41 масҷид дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир будааст.

Абдуҳаким Шарифов гуфт, аксари ин масоҷид ба далели ин ки асноди расмии худро пешниҳод накардаанд, баста шудаанд: “Агар дар вақташ ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд ва ҳуҷҷатҳо ба талабот ҷавобгӯ бошад, ягон хел монеа нест. Ҳоло 15 масҷиди дигар барои ба қайдгирӣ ба Кумитаи дин пешниҳод карда шудааст, ки дар баррасӣ мебошад”

Ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 90 масҷиди ҷомеъ ва 932 масҷиди панҷвақта амал мекунанд, ки аз қайди расмии Кумитаи дини Тоҷикистон гузаштаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташаккури зиёд!!! Барои намозҳои фарзу воҷиб дари масоҷид баста вале барои намозе ки фақат анҷоми он мустаҳаб аст, боз. Ин чӣ навъ сиёсате аст, ки ҳукуматдорони мо пеше гирифтанд? масалан мехоҳанд худро дар байни мардум сафед нишон диҳанд, туф ба ин навъ сиёсату ҳукуматдорӣ!!!
Посух додан
  • точик

  • 25 июл 2014 00:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ак бародар и хукумат барои хама маълумай наке муфтийот чихел чавобмедодабоша дар назди худо.у емомалра дилш сазт зангзадагияй ура худо хидоятш накна у пиршидай нав одам мешава

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!