Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:29

Русия: Sms ва ё худ пайёмакҳои ширкатҳои мобилӣ ба интернет роҳ ёфтанд

19 июл 2011, 08:54

Ба думболи «Мегафон»-и Русия мактубҳои муштариёни ширкатҳои мобилии «Билайн» ва МТС низ ба инетернет роҳ ёфтаанд.


Ин ҳодиса метавонад, барои ин ширкатҳои машҳури алоқаи Русия зарари ҷиддии молӣ ва хисороти эътиборотӣ расонад. Ёдовар мешавем, ки шурўъ аз рўзи душанбе ҳазорон мактубҳои электронӣ ва ё худ смс-ҳои мардум дар сомонаи ҷўстуҷўии «Яндекс» пайдо гардида, дастраси умум шуданд. Акнун, ҳар нафар бо ворид кардани рақами дилхоҳ метавонист, бемалол матни ин смс-ҳоро мутолиа намояд. Баъдтар ин смс-ҳо дар Google низ пайдо шуданд.

 

Ҳатто аз тариқи Яндекс ва Google озодона сана ва соати фиристодани смс-ҳоро метавон ба осонӣ дайн намуд. Ҳамчунин, баъзе аз смс-ҳо маълумоти дигари шахсӣ, аз қабили рақамҳои нақлиёти шахсӣ, рамзу логинҳои серверҳои гуногуни моливу инфиродиро доро будаанд.

Дар ҳамин ҳол ширкати «Мегафон» ба гуноҳи худ иқрор карда, гуфтааст дар ҳоле ки дар 1 соат аз тариқи ин ширкат беш аз 2 миллион смс  мегузарад, ҳамагӣ 8- ҳазор смс-ҳо ба интернет рехтаанд. Феълан, мутахассисони ин ширкат навоқиси техникиро пайдо ва бартараф кардаанд,гуфтааст намояндаи ширкати «Мегафон» Юлия Дорохина.

Дар ҳамин ҳол сардори Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ба зердастонаш  супориш додааст, то қазияи роҳ ёфтани смс-ҳо ба интернет ва дигар маълумоти шахсиро ба пуррагӣ омўзанд ва натиҷаи ин кор масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноиро матраҳ хоҳад кард, гуфтааст ў.

Ёдовар мешавем, ки қонунгузори  Русия барои дахолат ба иртиботи шахсиро ҷаримаи 80 ҳазор рублро барои 1 ҳолат пешбинӣ мекунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!