Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:51

Ҳушдори МТС аз ташкили давлати алоҳидаи Бадахшон ва Фарғона

12 июл 2013, 11:23

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, гуфт, нақшаи ташкили ду давлати алоҳида дар Осиёи Миёна вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо Бадахшони бузург будааст. Ин давлат, ба гуфтаи ӯ, бо ҳамроҳ кардани вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон пайдо хоҳад шуд.

Оқои Сафаров, ки рӯзи 12 июл дар як нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, ин иттилоъро аз як намояндаи Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ (СНГ) дар Қазоқистон шунидаанд. “Аз сабаби он ки дар он нишаст намояндагони расонаҳо низ ширкат доштанду ин гап баромад, мо ҳам ин гапро мегӯем. Намояндаи Маркази зиддитеррористӣ дар асоси маълумоти дар даст доштааш гуфт, нақшаҳое ҳаст, ки дар Осиёи Миёна ду давлати нав бояд пайдо шавад. Яке Бадахшони бузург дар якҷоя кардани Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон ва дигаре дар Фарғона”,-афзуд ӯ.

Муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, ин “масъала бисёр хавфи ҷиддӣ дорад. Зеро бозиҳои геопалитикӣ оддӣ нестанд ва онҳо бо мақсадҳои муайян равона шудаанд. Натанҳо мо, балки Русия ва Чин низ дар ин масъала бисёр дар ташвишанд. Зеро тамоми ин корҳо бар зидди Чин ва Русия нигаронида шудааст.”

Сайфулло Сафаров афзуд, гуфта наметавонанд, ташкили давлати алоҳида бо номи Бадахшони бузург, ки аз рӯи нақшаи шунидаашон Бадахшони Тоҷикистон шомили он хоҳад буд, хатари ҷиддӣ дорад, ё не. Вале ба гуфтаи ӯ, ҳифзи ин минтақа дар дасти Тоҷикистон аст ва барои иттифоқ науфтодани ин кор барояшон Чину Русия низ кумак хоҳанд кард.

“Ин хавф он қадар воқеӣ нест, лекин мо бояд хеле эҳтиёт кунем, ки ҳамин минтақаи Тоҷикистон ноором нашавад. Чизи муҳим барои мо ин аст. Барои ҳамин, қувваҳои низомии мо дар ин минтақа рафтанду бисёр машқ карданд”,-таъкид дошт ӯ.

Дар мавриди ташкили давлати алоҳидае бо номи Фарғона оқои Сафаров гуфт, “солҳои 1996, вақте мушовири президент будам, Давлаталӣ Раҷабалиев ва чанде аз дигарон ба Қазоқистон рафта буданд ва дар як конфронси байналхалқӣ бунёди давлати Фарғона ба миён гузошта шуда буд. Ҳамон вақт мо ба Эмомалӣ Раҳмон ин маълумотро дода будем. Бо сабаби он ки водии Фарғона аҳолияш хеле зич аст ва аз нуқтаи назари менталитет як минтақаи махсус аст. Новобаста аз он ки қирғизҳо дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд, узбакҳо дар Узбакистон ва тоҷикҳо дар Тоҷикистон ва қазоқҳо дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад, мехоҳанд як давлати алоҳида ташкил бидиҳанд. Инҳо мардуми сатҳи қадиманд, яъне савдогарони қадим, бисёр мардуми аҷибанд. Ин мардум мехоҳанд, фарғониҳоро аз давлатҳои минтақа ҷудо намуда, давлатҳои моро майда кунанд ва онҳо як давлате шаванд, ки аз ҳисоби онҳо дигар давлатҳоро идора кардан осон шавад. Бахусус муқовимат ба сӯи Чин ва Русия бисёр хуб анҷом дода шавад. Ташкили ин давлат ҳам барои Чину Русия хатарзо аст, барои ҳамин ҳам онҳо инро намехоҳанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сиёсатшинос

  • 12 июл 2013 14:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин суханхо ягон асос надоранд. Точикистон узви СММ хаст ва давлати сохибистиклол эълон шудааст. Ва аз Точикистон сохтани давлати дигар ба ягон кувва муяссар намегардад. Ин суханхоро нафароне мегуянд,ки Точикистонро намехоханд сохибистиклол ва демокративу хукукбунёд бубинанд. Чину Рус боз аз саринав албата мехоханд,ки Точикистонро нотинч бубинанд ва ин маротиба уро зери тассаруфи худ дароранд. Лекин иншоаллох ин тархрези ба душманони мо муяссар нахохад шуд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин макола хело бесаводона навишта шудааст ва хеч вакт точики асил ин кисмат бо такдири миллату Ватан бози намекунад. Ин макола ба истилохи мардуми одди- "хара хандаю, буза бози"... Ин супориши сиёси аст, ки окои Сафаров ичро менамояд. Максади ассосиаш - мардуми оддиро аз хам чуо карда, бояд доимо онхоро дар дахшат нигох доштан даркор (махсусан дар рузхои пеш аз интихоботи) ва аз хазор душманони дохиливу хоричи тарсондан даркор. Дар чунин шароити сангину ногувор, мардуми одди мачбур мешавад, ки на танхо ба "номзади арзанда", балки ба маймун хам овоз медиханд.
Дар иртиботи манбаъи маълумот бояд чунин навишт: Назар ба маълум- оти ОБС (одна баба сказала) ва баъд матни ин маколаро овардан аркор аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дусти азизам Сайфулло! Таъсиси давлати алохидаи Бадахшон дар ВАУ вакте пайдо шуд, ки Огохони 4 сохтмони пулхоро аз болои дарёи Панч байни ду Бадахшон шуруъ кард. Ин "утка" бо гаразхои муайян аз чониби куввахои муайян партофта шуда буд........ Баъд ин гапро вакили парламони Афгонистон Латифи Пидром дар яке аз мусохибахояшон дар рузномаи "Миллат" низ гуфта буд. Акнун Шумо инро аз кадом узви маркази зиддитероористии СНГ шунидед. Ягон накшаи аник оё вучуд дорад? Як фарзияи сиёси аст, ки ба максади муайян пахш мегардад ва ба манфиати гурухи давлатхост. Фарк байни Бадахшони Точикистон ва Бадахшони Афгонистон аз замин то осмон аст . Агар ин тавр шавад, аксари мардуми Бадахшони Точикистон аз ин чо куч мебанданд. Вале хеч вакт бояд ин тавр нахохад шуд. Зинда бод Точикистон!
Посух додан
  • беном

  • 13 июл 2013 20:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачоиб номаш чи мешуда боша ин давлати хаёлии окои Сафаров ва кадом куввахо ё худ кишвархо хостори чунин давлат мебошанд
Посух додан
  • Курбонали Сагак

  • 13 июл 2013 21:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо "Великий Бадахшан" мекадагира, калтык шап мекнем...
Посух додан
  • President

  • 15 июл 2013 13:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Stranno, no nashi chinovniki do sey pori "veryat" shto Rossiya, Kitay i Amerika budut deystvovat v okh polzu.
ya bi khotel prokomentirovat ochen mnogoe, no ne khochu tratit nervi i vremya na nashikh "umnikh" chinovnikov. Skaju lish odno, ya sam iz Kulyaba, no mne bilo ochen jal kogda v 2012 godu provitelstvo nachala boi v Khoroge. Ne dlya kogo ne sekret shto Pamirsi, Kulyabsi, Lenabadsi i drugie... ne ochen dolyublivayut drug-druga, no po krayne mere mi ne ubivaem, ne nasiluem i ne grabim drug-druga.
Prosetiruyu: “Ин хавф он қадар воқеӣ нест, лекин мо бояд хеле эҳтиёт кунем, ки ҳамин минтақаи Тоҷикистон ноором нашавад. Чизи муҳим барои мо ин аст. Барои ҳамин, қувваҳои низомии мо дар ин минтақа рафтанду бисёр машқ карданд”,-таъкид дошт ӯ.
In mintakaest, ki tar tuli tarikh dar on jo khun rekhta nashuda bud, harchande ki mo az tarikh medonem, ammo davlati abadkudrati mo, da on jo hakkatan "oromi va tenji" barpo kard. Man sharm medoram, har vakte ki chunin gaphoro mekhonam. Uy mardakon, okhir in dunyo abadi nest, kamtar insofu, emon mondan darkor.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!