Бахшҳо

Мақолаи пурсарусадои Рустам Абдуллоев аз интернет ғайб зад

Мақолаи пурсарусадои Рустам Абдуллоев аз торнамои 12news.uz пок шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо маъмурияти 12news.uz ба дасти Дилшод Нуруллоев, собиқ сухангӯи президенти Узбакистон ва корманди пешини дастгоҳи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар аст.

Рустам Абдуллоев, ки худро доктори илмҳои иқтисодии Узбакистон муаррифӣ кардааст, чанд рӯз қабл дар матлабе, ки 12news.uz нашр кард, гуфт, кишвараш бояд ба бархе аз давлатҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон иддаои бозпас гирифтани заминҳояшро кунад. Ба гуфтаи Абдуллоев, дар давраи ҳукмронии Темури Ланг ин минтақаҳо дар ихтиёри узбакҳо буданд. Илова бар ин, академики узбак таъкид дошта буд, ки Узбакистон ба хотири манофеи миллии худ бояд узви НАТО шавад.

Дар бораи Тоҷикистон Абдуллоев навишт, ки “аслан тоҷикҳо ин “нухбагони узбак” мебошанд, ки бо забони форсӣ ҳарф мезананд, ба мисли он ки ашрофони рус дар қарни 19 бо забони фаронсавӣ менавиштанду сухан меронданд”.

Ин академики узбак ҳарфҳои раҳбари кишвари худро ба ёд оварда, мегӯяд, тоҷикону узбакҳо як миллате мебошанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд. “Худи раҳбарияти Узбакистон буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистонро ба хотири дӯстии бародаронаш ба мардуми тоҷик ва кумак намудан барои анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар дар солҳои 1992-97, ки мунҷар ба ҳалокати 150 ҳазор нафар ва муҳоҷир гаштани 75 ҳазор шуда буд, сари қудрат овардааст”,- гуфтааст Абдуллоев.

Ин мақола сарусадоҳои зиёдеро дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Аз ҷумла сиёсатшиносони қазоқ ба он вокуниши сахт нишон доданд. Дониёрр Ошимбоев, сиёсатшиноси қазоқ, гуфт, дар шароити кунунӣ беҳтар аст, Узбакистону Қирғизистон ба қаламрави Қазоқистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор шомил карда шаванд. Ба гуфтаи Ашимбоев, ин баҳамоӣ, як иттиҳоди сулҳомези Осиёи Марказӣ зери боли як миллати пойдортарин ба шумор хоҳад рафт.

"Узметроном”, як торнамои узбакӣ, зиёдаравӣ ва ин изҳороти ғайримантиқии академики узбакро нишонаи гирифтории ӯ ба бемории шизофрения дониста буд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)