Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

Ихтисоси 42 миллиард доллар барои бунёди бузургтарин нақби зериобӣ

12 июл 2013, 15:12

Ҷумҳурии мардумии Чин барои азсаргирии тарҳи бунёди дарозтарин нақби зериобӣ дар халиҷи Бохай 260 миллиард юан, муодили 42 миллиард доллар ҷудо мекунад.

Ин нақб, ки минтақаҳои шарқӣ ва шимолу шарқии Хитойро бо ҳам пайваст мекунад, 123 километр тул хоҳад дошт. Он аз шаҳри бандарии Далян, шимолу шарқии музофоти Ляонин оғоз ва то шаҳри Янтай дар вилояти шарқии Шандун бунёд мешавад.

ВАО-и Чин навиштаанд, ин нақб масофаи ду минтақаро ба 620 мил наздик месозад.

Пекин ҳанӯз соли 1994 аз тасмими бунёди нақби мазкур хабар дода ва 10 миллиард доллар ҳам ихтисос дод. Қарор буд, он то соли 2010 ба истифода дода шавад, аммо гуфта мешавад, ин ҳама муддат тарҳи мазкур дар сатҳи лоиҳакашӣ қарор доштааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!