Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:38

Мақомот ҳанӯз омилони латту кӯби М.Ҳайитро ҷустуҷӯ доранд

12 июл 2013, 15:32

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), мегӯяд, бо гузашти 80 рӯз мақомот ҳанӯз омилони латту кӯбашро пайдо накардаанд.

Муовини раиси ҲНИТ гуфт, охирин бор моҳе қабл бо муфаттиши парвандааш --Мустафо Каримов сӯҳбате анҷом додааст. “Аз сӯҳбати ӯ маълум шуд, ки масъулин ҳамоно дар ҷустуҷӯи авбошон будаанд”,-афзуд ӯ.

Маҳмадалӣ Ҳайит аз он изҳори нигаронӣ кард, ки муфаттишони парванда омилони қазияро бештар миёни наздикон ва ҳамсояҳояш меҷӯянд. “Аммо ин ҳам кашолкориҳо сабаб дорад. Қазия сиёсӣ аст, латту кӯб бо дастури як нафаре анҷом ёфтааст. Мақомоти қудратӣ манфиатдор нестанд, то омили аслии ин латту кӯбро расман ошкор ва ё эълон кунанд”,-илова кард оқои Ҳайит.

Маҳмадалӣ Ҳайит рӯзи 19-уми апрели соли ҷорӣ дар наздикии хонааш аз сӯи афроди ношинос мавриди латту кӯб қарор гирифта буд. Дар робита Вазорати умури дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот ҳанӯз ба поён нарасидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Исмоили Сомони

  • 12 июл 2013 16:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огои Хайит парво накунед ягон вакт умр бошад пайдо мешаванд
Посух додан
  • Чонибек

  • 12 июл 2013 20:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
макомот хеч вакт пайдо нахохад кард! чун, ки ин кори худи дасти макомот аст!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!