Бахшҳо

Парвина Ҳамидова: Чаро Тоҷикистонро тарк кардам?

Парвина ҲАМИДОВА, журналист

Дар Тоҷикистон ба касе фаҳмондан шарт нест, ки барои чӣ Шумо мехоҳед, кишварро тарк кунед. Ҳама бе ҳарфи зиёдатӣ Шуморо мефаҳманд. Имконият нест, ояндаи фарзандон норӯшан...

Маориф, тиб, ҳаёти рӯзмарра дар Тоҷикистон дар шакли жанри хоси “саргузаштӣ” роҳандозӣ шудааст. Не, ба маънои аҷоиб не, ба он маъно, ки ҳатто шароитҳои оддӣ ҳам, чун шаҳоматеянд, ки барояшон бояд мубориза барӣ. Зимистонҳо барқ, тобистонҳо об нест, дар бемористонҳо сардаргумӣ, дар макотиб аблаҳӣ, дар роҳҳо беҳокимиятӣ.

Ин ҳама дирӯз пайдо нашудааст, солҳои дароз чунин зистем ва ҳеч гапе нашуд. Ман худам чанд сол пеш ҳатто дар фикри рафтан аз Тоҷикистон набудам, гарчанде имкониятҳо зиёд буданд. Аммо ман бе Тоҷикистон, бе обу ғизояш зиндагӣ кардан наметавонистам.

Баъдан кори хубу аҷоиб доштам, фарзандҳо таъмин ва ба назар ҳама хуб буд. Албатта мушкилот ҳам сар мезаданд, (кӣ имрӯз мушкилӣ надорад?) аммо барои мо журналистон мушкилӣ, ин мавзуъ, баҳона барои як мақолаи хуб аст.

Эҳсос, ки дигар чунин зиндагӣ кардан мумкин нест, якбора пайдо шуд. Баҳонааш як манзара дар мактаби фарзанди дуюмсинфам шуд, ки 1-уми сентябр сурат гирифт. Баъди сафи тантанавӣ кӯдаконро ба синфхонаҳо набурданду дар саҳни ҳавлӣ дар пеши як телевизори калон шинонданд, ки муроҷиати Эмомалӣ Раҳмонро ба донишҷӯён тамошо кунанд. Зимни намоиш, ки 2,5 соат давом дошт, кӯдакон дилгир шуда, аз гармию хастагӣ ранҷ мебурданд. Як духтарак гирён шуд. Чашмони фарзанди кунҷковам дигар аз хушии оғози соли нави таҳсил намедурахшиданд.

Ба суоли ман, ки чаро кӯдаконро маҷбур доранд, ки инро тамошо кунанд, мудири мактаб маслиҳат дод, ки ноҳинҷор нашаваму фарзандамро дар фазои ватандустӣ тарбия намоям: “Маъқул нест, мактаби дигарро кобед”. Мактабро баъдан тағйир додем, аммо қарори рафтан аз кишвар танҳо устувортар шуд.

Дар ҳамин ҳол чунин қазияҳо натанҳо бо ман рух медоданд. Як дӯстам, ки ҷавон ҳам нест, ба наздикӣ ҷоий зисташро тағйир дод. Вай ҳеч куҷое рафтанӣ набуд. Ҳатто дар замони ҷанг аз кишвар нарафт. Баъдан, ки духтарашро барои таҳсил ба хориҷа фиристод, иқрор кард, ки фарзандонашро барои хориҷа тарбия дорад ва баъдан худаш ҳам аз кишвар рафт. Дугонаи дигарам барои таҳсил ба Маскав рафт ва меҳнат карда, кӯдаконашро ҳам бо худ бурд. Дар ҳоле, ки дар Душанбе хонаю кори хуб дошт.

Бисёрии онҳое мераванд, ки дар Тоҷикистон муваффақ буданд. Ҳар роҳро ба кор мебаранд, тавассути шиносу хешу табор ва ғайра мераванд.

Барои бархеҳо имкони рафтан аз кишвар ин барномаи Русия дар бахши муҳоҷират (переселение) аст. Дар самаранокии ин барнома, дар вақташ Рамазон Абдулатипов, собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон шубҳа карда буд. Ӯ соли 2006 зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “ҳамаи хоҳишмандон аллакай рафтаанд. Онҳое мондаанд, ки ҷои рафтан надоранд, масалан нафақахурҳо.” Бармеояд, ки на ҳамаи хоҳишмандон рафтаанд. Миёни онҳое, ки мехоҳанд тавассути ин барнома аз Тоҷикистон раванд, баробари русҳою русзабонҳо тоҷикони муқимӣ низ зиёданд. Танҳо миёни шиносҳоям чунин чор оила аст, ки якеаш 7 узв дорад.

Чунин ҳодисаҳои берунравӣ ҳазорҳоянд, агар садҳо ҳазор набошад. Мо аввалину охирин нестем... Аммо Душанбе ҳамонест, ки буд, шояд зеботар шудааст. Барои бисёриҳо ин тағйирот, арчаҳо, биноҳои боҳашамат, рекордҳои боҳайбат писанд нестанд, аммо дар маҷмуъ ҳар навоварӣ ё тағйирот барои беҳбудӣ аст. Танҳо суол, барои кӣ?
Мӯҳр
Намешавад, ки тахсин нагуямат. Он чизеро гуфтаи, ки хар руз хамаи мо мебинем, хамаи мо ба он дучор мешавем, аммо чои рафтан надорем гуфта, боз хомуш мешинем...
Бовар дорам, итминонам комил аст, ки якояки мо берун шавем аз ин Точикистони ба торикистон табдилдода, нафъамон барои ояндаи ин Ватан бештар мерасад. Фарзандони мо билохира ба ин Ватан баргашта онро обод хоханд кард, ба ин бовар дорам.
Аз дустони ман низ кам нестанд, ки Русияро барои худ макони зисти доими интихоб кардаанд. Аммо худам Амрико ё Аврупоро мехохам ва он рузхо иншоАллох дур нест...

Апаи Парвина хамаи шумо,ахли эчод тарки Точикистон кунед, ба ояндаи дурахшон шудани кишвар умед надошта бошед, пас аз шахсони одди чи чойи гила. Дар ин замона мо ахли эчод бо хам шуда, чунин нокомихои пойтахтро бояд бархам дихем. Шумо дуруст кайд кардед, чунин проблемахо дар чумхури вучуд дорад, мо хам ахли эчод шумоя хуб дарк мекунем, лекин чи илоч. Бояд мо журналистон иттиход шуда ин мушкилихоро бояд аз байн барем, харчанд душвор хам бошад, ё ин ки ман нодуруст харф мезанам...

Хонуми зебову хушсаликаву адибаи хушгуфтору хушкалам!.Саъю кушиш намо, ки аввалаш аз Точикистон ба хорич нарави. Бехтараш дар ягон мактаби шахр, маркази ягон нохия ва ё дехае муаллма шаву ризку рузии худу фарзандонатро мухайё соз. Ба рузноманигории хам машгул шав, гох-гох тичорат хам намо. Масалан ба донишчуёни донишкадахо ёрманди намо. Худо хохад, рузат бо кудакону шавхарат мегузарад. Шумо маълумот доред,савод доред,фикру андешахои фоидабахш доред,дар мухочират азоб мекашед. Россия чои шумо нест. Хеч тассавур намекунам,ки боз як духтари точики дипломдори журналист,дар магозае фарроши кунад ё дар базаи меваву сабзавоту тарбузу харбуза нигохдори,ба навъ чудокуниву рубу чин машгул шавад. Албатта ин кори шахсии худи шумо мебошад,лекин хакикати холро хам гуфтан лозим аст.Агар тарики барномаи мухочири(переселение),бо таври дигар "Соотечественников",мухочир шудани бошед,пас шояд донед,ки ин барнома бештар манфиатхои русхои славянии дар хоричи Россия бударо химоя месозад.Агар шумо хамчун точикзабон ва аз миллати точик буда,хамчун шахрванди Точикистон ба Россия мухочир шавед, ба мушкилихои нихоят душвор гирифтор мешавед.дар Россия хатто афсарони даврони СССР,духтурхои собикадору артистхову рузноманигорони машхур барои гирифтани шахрванди ба мушкилоти азим гирифтор мешаванд. Агар шумо тарики ин барнома,хохед,ки ба Шарки Дур ва ё минтакахои Сибирь оед,ба гумон аст,ки дар дехахои дурдасту хомушу камодам,ки зимистонаш кахратун асту дигар фаслхояш бо борону лой ва чал гирифторанд,токат кунед. Шумо дар он чойхое интизор мешаванд,ки газ нест,обаш аз чоххо ва мактабхо дур аз чои истьикомат мебошанд.Агар шумо бо шавхаратон имконияти парвариши чорвову обчакори ва дар ягон корхонаи ин чо имконияти кор карданро дошта бошеду хохиш дошта бошед,пас ин хам як тарафи халли мушкилоти шумост. Хубтараш,ки Точикистонро тарк накунед.Агар хохишатон бошад,муваккати омада дар магозахову ягон корхона кор кунеду боз ба Душанбе баргардед.Аз ин суханхои банда,малолу хафа нашавед.мухочират осон нест.Саломат бошед,ба корхои эчодии шумо муваффакиятхо орзумандам.

Дуогу
Бародар Сорбони ошик , хонуми Парвина бо шавхару фарзандонаш дар Амрико хастанд, то чое хабар дорам алакай ва кор хам дарефт карданд. Шавхараш хам журналисти бехтарин аст . Онхоро фасодзадгии кишвар мачбур карда ки тарки ватан кунанд. Ояндаи фарзандон онхоро ба гурбат кашида. набошад бо донишу тачрибаи доштаашон онхо дар ин чо кору маоши хубе дарефт мекарданд. Дарк кардаанд ки оянда нест. Раксу бози ба чонашон зад. Точикистонро дигар дидан мехоханд. Шояд умеди фарзандонашонро омода кардан доранд барои Точикистони нав. Ман хам матлаби Парвинаро кайхо дарк кардаам ва дар банди андешаам. Меравам. танхо ба хотири фарзандон ва ояандаи онхо .

Парвина кори хуб карди ки рафти. Барквактар рафти барвактар ба по мехези. Агар лозим шумори даъват намо мо хам меравем, танхо барои ташкили намудани чамъияти хамватонону дастгирии якдигар бахри пешравии зиндагии инсони. Бовар кунед оби гарм, отопление, свети белимитро ёд кардем. Пешниход мекунам, ки ба макони рафтаатон дигаронро даъват кунед, ононеро, ки минталитети баланду донишу заковати баланд дошта бошанд ва номи точикро баланд бардошта тавонанд. Бисьер хастанд шахсони маълумотдору доно, ки аз рафтан мехаросанд, лекин намедонанд, ки дар макони дигар хам серталаб хастанду. зиндагии хуш гузаронида метавонанд.

Мухочир
Ман фикр мекардам,ки он андешахое,ки дар сари ман аст,танхо аз ман аст....Лекин айнан чунин фикрхо маро водор сохт,то тарки Ватан кунам!Зеро он рохе,ки моро бурда истодаанд, оянда надорад. Точикистон руз аз руз ба Кореяи шимоли монанд шуда истодааст. Бо чунин давлату давлатдори, бо ин дуруггуиву демагогияхони, бо ин фасоди дарачаи оли, ин давлат оянда надорад. Бо чунин рохбарони баландмакоме, ки акалан саводи казои надоранд,бо чунин рохбароне,ки дарачаи саводу интеллекташон танхо ба рохбарии як корхонаи майдаи дарачаи нохияви мерасаду Холо бархе аз онхо ВАЗИРИ ЯК ВАЗОРАТИ калиди дар хукумат.... ин давлат харгизу харгиз пеш намеравад.Аз хама аламовар аст,ки як гурухи мардуми точик тайёр аст,аз хисоби пораву дузди ва макидани хуни миллати худ косалесии ин хукумати магз магзаш фасоду тосидаро кунад.Наход миллати точик хамин кадар фарзандони нохалафи бисёр дорад?Руирост мисли манкуртхо мисли НАРКОМАНХО дуруг мегуянду дар бораи ким кадом ОБОДИЕ,ки онро мардуми одди хис намекунад,дахонашонро кафк дода сухан мекунанд.Албатта як гурухчаи майда аз чумлаи рохбарони макомоти кудрати зиндагии шохона доранд,дар зимистон кувваи барк доранд ва онхо аз холати мардуми худ фарсахо дуранд.Дар Руссия хама чиз аз инсон вобаста аст ва давлат дар хакикат барои мардумаш хизмат мекунад.Фарзанди ман низ соли аввалро дар ЧТ хонд.Синфхонахои хунук,муаллимае,ки ягон чойро тамом накардааст ...кариб хар руз бо хар бахонае маблагчамъкуни,синфхонахои хушку холи...ана ин буд холати мактабу дарсхонии фарзанди ман дар ЧТ.Вакте Руссия ман онхоро овардам,ба мактабе додам,ки он мактаб харчанд 70-80 фоиз русхо тахсил мекунанд,лекин барои тахсили мардуми гайрирус махсус карда шудааст!Синфхонахои васею равшану дар фасли зимистон гарм ва ба таври замонави таъмир шуда,муаллимаи дар хакикат донишманд,тамоми намуди техникаи дарсдихи аз чумлаи компютеру аппаратхои фильмнишондихи замонави 2 маротиба хуроки гарм бо мевачоташ .Программаи дарси ва тарзи дарсдихи аз программаи дарсдихии ЧТ 200 градус дигар хел.Китобу дафтархои махсус барои хар як фан.Хулоса дар хакикат мо на танхо окибмондаем дар ин соха,балки окибмонии бо суръати тез давом дорад хангоме,ки Рахмонову Саидов ба мо афсонаи ободиву пешравиро мехонанд. Баъди итмоми дарси асоси,то соати 6-и бегох дарси иловаги,ки дар ончо кудакон озоданд,яъне дар синфхона дарс таёр мекунанду,хамчунон бози.Дар худи мактаб сексияи Карате ва гайра...Ман писарамро ба мактаби футболи маркази вилоят додам,ки он хам ройгон.Ба наздики онхоро аз хисоби давлат ба лагери истирохати ба муддаи 21 руз гусел карданд..Дар худи мактаб низ мохи август боз як лагери истирохати,он хам ройгон ва аз хисоби давлат....Хулоса садхо факту далеле,ки дар Руссия ОДАМ кадр дорад на ба мисли ЧТ.Ва ободиву пешравии инсон дар инчо аз худи у вобоста аст!На ба мисли ЧТ,ки аз кадом махалу аз кадом авлод буданат барои бехбудии зиндагиат рол мебозад...

Парвинахон, ватандорӣ кори осон нест. Гурехтан аз проблема номардист, бояд ҳалли онро мекофтем то гурехтан. Шумо борин боақлҳо ҳама гурезанд, Тоҷикистонро ба ки месупорем?

Точик
Зафар,
Зафарбой Ватандори ба ГУФТОР нест, ба кирдор аст.Ин хаминаст Ватандории шумо, ки шабу руз суханхои зебо оиди Ватандори мезанеду рузи дигаш хеста пораи Ватанро ба Хитой "мебах....фурушед"? Ин хамин аст Ватандории шумо,ки ба мардум хамаги 500 сомони маош муаян мекунеду худ аз хисоби мардум дар Варзоб касрхои 2-3 млн доллара месозед?Тамоми корхонаву заводхои Точикистонро бо пули ночиз хусуси мекунеду ба кисаи худ фоида мебинед?Хамин аст ватандории шумо,ки аз миллати худ пораву ришва мегиред ва шарматон намеояд?? рохе,ки аз хисоби мардум сохта шудааст, боз ба мардуми хеш мефурушед? Холо дар ЧТ танхо нафароне мондаанд,ки дар вазифахои давлати кор мекунанду аз хушомадгуи ор намекунанд.Боз як гурухи дигар ба савдои майда машгул асту бечорахо на танхо оилаи худ балки оилаи мансабдорони макомоти давлати аз чумла андозу стандарту милисаву прокурорашро..гурухи дигар ин занхо ва пиразану пирамардхо,ки илочи тарки Ватан надоранд.Хулоса шахсоне,ки бо чунин нохаки рози шуда наметавонанду вичдонашон барои гирифтани пора ва харомхури ва хушомадгуи об намехурад илочи дар Точикистон истодан надоранд.

Гариб
Мо хам меравем!!! Ин мамалакат пас аз чанде як нохияи ЧХХ мешавад, мо хитои будан намехохем!!! Истодани мо инчо бемаъност,
Мо Точикистони навро дар дигар минтакаи олам хохем сохт!!!

neo
Тассавур кунед ки як давлати ёфт мешуд ,95 % ахолии Точикистон ки мехнати халол мекунад кабул мекар ба сарзаминаш, ва ин 4-5 % номардоне ки мемонанд бе ахоли ба ки хукмрони мекарда бошанд аз ки андоз мегирифта бошанд пеши ки худнамоиши мекунанд, охир яктоги чуб мегиранд давомашро худатон медонед ха-ха-ха ,ачоиб мешуд

Точик,
Дуруст қайд кардед ки бисёранд мансабдороне ки ришва мехуранду хушомадгуӣ мекунанд. Лекин шукри Аллох ки ман аз зумраи онон нестам. Машгулияти ман а касе вобаста нест, дуруст аст ки аз руи даромадам андози калон месупорам, мумкин 99%-и андозе ки ман месупорам, мансабдорон истифода барои худ кунан, шукр мегуям агар 1%-аш ҳам бошад, барои нафакахурон, маориф ва тандурусти истофода шавад. Шояд фикр кунед ки ман осудазиндаги дорам, дар ватан. Донед ки ман ҳар руз бо аҳмакону беадолатони ватанам ки аксари роҳбарон чунинанд, во мехурам. Ман муқобили тарки ватан барои ёфтани нафақа нестам. Аммо муқобили тарки ватан то абад ё то обод шудани ватан. Ман ҳам будам дар мухоҷират солҳо, ҳатто соҳиби шаҳрвандии руссия ҳам шудам. Вале чун ҳозир имконияти инҷо зистан дорам, ин ҷо мемонаму барои ободии ватанам мубориза мебарам. Мумкин мубориза дар 10 солу 20 сол шояд дигаргунии куллӣ надиҳад. Аммо аз қатра дарё ва шояд наберагону аберагонам ободтар зиндагӣ кунанд. Агар гӯям, кам аст як рузу шаб, бас аст сатрхои зерин барои одами соҳибмантиқ.

Ҳамон роҳе ки поёнаш намебинам-ВАТАНДОРИСТ,
ҳамон дарде ки дармонаш намебинам-ВАТАНДОРИСТ.
Ҳамон марде ки аз тири адӯ дорад ҷарроҳатҳо,
Вале чашмони гирёнаш намебинам-ВАТАНДОРИСТ.
Парешон-гаштагонро то қиёмат нест осоиш,
Ҳамон ҷамъе парешонаш намебинам-ВАТАНДОРИСТ.
Агар фикри ватан дар сар набошад, сар чи кор ояд?!
Диле холӣ зи армонаш намебинам-ВАТАНДОРИСТ.

Дар як вохури бо чавоно, дар ин вохури бисёрихо писарони "чиновник"-хо буданд. Онхо онкадар шароити имрузаро таъриф мекардаанд, ки агар мешунавиди мегуфти, ки дар Аврупо ё Амрико зиндаги кардести. Ман ба онхо мегуям ки: на об, на свет, газ, (то хатто хами хезумам проблема шудааст), ангиштсанг(ЧТ хамика кони ангиште дорад ки 1 аср Осёи Миёнаро басанда аст-аммо имруз аз Киргизистон ангиш ворид мекунанд). Умуман ба хулосае омадам аз он чамомад, ки инхо чизеро иваз кардани нестанд, чунки зиндагии онхо бо дарачаи ОЛИ гузаштаистодааст. Афсус ман мисли Шумо(Парвина Хамидова) шароит надорам, ки ба Амрико мухочир шавем бо хонаводаги...

Бону Парвина шахсест на аввалин ва на охирин, ки Ватанро бино ба далелҳои гуногун тарк кардаанд. Аксари онҳо дар зиндагии дур аз ватан муваффақ ҳам шудаанд. Аслан одам дар куҷое тавонад зиндагии дурустеро ба роҳ монад, қавонин ва расму оини он давлатро эқтиром кунад, забонашро омӯзад, онҷо барояш ватани дуввум хоҳад буд. Ватани аслиаш ҳамчун зодгоҳ боқӣ мемонад, на Ватан. Ватани асосӣ, яъне ҷое ки зода шудаӣ ва зиндагӣ мекунӣ, маънои бениҳоят васеъ дорад. Пеш аз ҳама ту барои Ватан фаъолият мекунӣ. Ватан бошад туро ҳифз ва барои фаъолиятат шароити мусоид фароҳам меорад. Яъне кӣ? Онҳое ки раҳбарӣ ва умури идоракунии ин Ватанро ба воситаи интихоботҳо ва таъинот ба ӯҳда доранд: президент, сарвазир, парлумони кишвар, вазирону кабирон ва зинаҳои поёнии давлатдорӣ. Агар ин афрод дар фасоду ришваситонӣ ва беадолатӣ биғӯтанд, дар он ҳолат вой ба ҳоли сокинони кишвар. Намегӯямки Ватани мо ҳамин тавр ҳаст ё не? Бигзор ҳар кас худ қазоват кунад. ҲАМИНАШРО МЕГӮЯМ КИ ОДАМОН АЗ ҶОИ ХУБ НАМЕГУРЕЗАНД! Ман дар Душанбе зиндагӣ мекунам ва ҳамарӯза шоҳиди беинтизомиҳои зиёд мегардам. Боре аз истгоҳи "Ёрии таъҷилӣ"(скори) бо автобуси рақами 8 то беморхонаи Қарияи боло дар 1.5 соат расидам. Ҳамон рӯз пулам кам буд нахостам бо таксӣ равам. Пеш аз ҳама, қариб 40 дақиқа дар истгоҳ интизори он автобуси шум гаштам (акси рақами давлатиашро дар телефон гирифтам: "TJ 0131 ТТ 01"). Ниҳоят автобус омад ва дар истгоҳи назди мағозаи китобфурӯшӣ қариб 15 дақиқа "дармонд". Пас аз он ба ҳаракат даромад ва ҳар истгоҳе чанд минутӣ меистод ва пулчинакаш одам даъват мекард... Чӣ будани билетҳои автобусу троллейбусҳоро шояд насли истиқлолият надонад ва мо ҳам онҳоро фаромӯш карда истодаем.

Албата ин як ҷузъиёти зиндагӣ аст ба шарте, фақат як маротиба содир шавад. Лекин вақте ҳамарӯза ин бенизомӣ такрор мешавад ва касе аз пайи ислоҳи он нест, оҳиста, оҳиста дили одам аз ин гуна ватан ва ҳукуматдорон сард мегардад. Ин фақат як далел аст. Ин гуна далелҳоро садҳо метавон ёдовар шуд.

На ҳар кас метавонад ба ин беадолативу талотуми даҳшатноки зиндагӣ тоқат кунад. Аз ин лиҳоз касе мехоҳад фазои ҳиҷратро ихтиёр кунад, маҳкумаш накунед. Одам як маротиба ба дунё меояд ва бояд мисли одам зиндагӣ кунад. Умри одамӣ мисли дарёст. Мебинед ки дар як лаҳза гузаштаасту соҳиби он умр пири фарсуда гаштааст, агар он пирӣ насибаш кардад...? Аз ин хотир, агар касе зиндагии шоистаро мехоҳад, шитоб кунад, ки фурсат кам аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)