Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:34

Муҳсин Муҳаммадиев: “Дари тими миллӣ барои касе пушида нест”

13 июл 2013, 09:31

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон ба нахустин ҷамъомади таълимиву тамринӣ 23 бозигарро интихоб кардааст.

Нахустин ҷамъомади даста дар шаҳри Турсунзода аз 17-ум то 28-уми июл баргузор мешавад, ки ба он 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудааст. 11 нафар аз дастаи “Истиқлол” 5-нафарӣ аз дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, якнафарӣ аз дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Слобода”-и Сербия мебошанд.

Торнамои расмии ФФТ ба нақл аз Муҳсин Муҳаммадиев навиштааст, ки “дари мунтахаби кишвар барои касе пӯшида нест”. Сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон ҳамчунин афзудааст, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон ҳанӯз ниҳоӣ нест ва мумкин аст, тағирот ба амал ояд.

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Турсунзода дар ҳайати зерин ширкат мекунад:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев (“Истиқлол”), Рустам Ризоев (“Равшан”), Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”); ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Неъматов (ҳарсе – “Равшан”), Соҳиб Саванқулов, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров (ҳамагӣ аз “Истиқлол”); нимҳимоятгарон: Абдусамад Ҳоҷибаев (“Равшан”), Маҳмадалӣ Содиқов (“Хуҷанд”), Хуршед Маҳмудов, Расул Файзов (ҳарду – “Регар-ТадАЗ”), Нуриддин Давронов (“Слобода”, Сербия), Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳарсе – “Истиқлол”); ҳамлагарон: Комил Саидов, Шодибек Ғаффоров (ҳарду – “Регар-ТадАЗ”), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – “Истиқлол”).

Дидори дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон 14-уми августи соли равон дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Аз ин пеш, мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳинд се маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Нахустин дидор, 13-уми августи соли 2008 дар Ҳайдарободи Ҳиндустон дар чорчуби қисми ниҳойии Ҷоми даъвати АФК сурат гирифт ва мусовӣ: 1:1 анҷом ёфт. Баъди дувоздаҳ рӯз ду даста дар бозии финалии сабқати мазкур вориди рақобат шуданд. Ин навбат ҳиндуҳо бар ивази чор гол, танҳо як туб сар доданд.

Маротибаи сеюм тимҳои миллӣ 9-уми марти соли сипаришуда, ҳамчунин дар даври гуруҳии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар шаҳри Катмандуи Непал бозӣ карданд. Бозӣ 2:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар рейтинги ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 106 ва мунтахаби Ҳиндустон дар ҷои 146-ум қарор доранд.

Акс аз ФФТ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!