Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:45

Тоҷикистон аз Қатар хост, дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи об иштирок кунад

13 июл 2013, 09:36

Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, рӯзи 11-уми июл Ардашер Қодирӣ, сафири мухтор ва фавқулодаи Тоҷикистон дар Қатар бо Алӣ Ал-Ҳоҷирӣ, муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар мулоқот кардааст.

Дар ҷараёни дидор маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта, инчунин атрофи баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Созмони миллали муттаҳид гузаронида мешавад, суҳбатҳо шудааст.

Конфронси мазкур қарор аст, рӯзҳои 20-21-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!