Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 09:00

Сайфуллоҳ Сафаров: Интихобот бояд шафоф ва демократӣ гузарад

13 июл 2013, 10:25

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба интихоботи президентӣ дар кишвари мо таваҷҷуҳ дорад.

Оқои Сафаров, ки рӯзи 12-уми июл дар як нишасти хабарӣ суҳбат мекард, дар мавриди интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарор аст моҳи ноябри соли равон баргузор шавад, мавқеи Маркази тадқиқоти стратегиро рӯшан намуда гуфт, “мо ҳамавақт умедвор хоҳем буд, ки ҳар як ҳизби Тоҷикистон намояндаи худашро барои интихоботи демократӣ ва шафоф пешниҳод мекунад. Халқи мо аз ин намояндаҳо аз ҳама арзандатаринашро интихоб мекунанд”.

“Интихобот бояд, ки шафоф ва демократӣ гузарад. Дар он бояд, намояндаҳои аҳзоби сиёсии гуногун иштирок кунанд ва он ҳақиқатан интихобот бошад, яъне мардум тавонад, ки интихоб кунад. Кадоме аз онҳо чанд фоиз овоз мегирад ин барои мо чизи ҳатмӣ нест, лекин худи интихобот бояд ҳатман дар сатҳи бисёр баланд, қонунӣ, шафоф ва демократӣ баргузор шавад”.-афзуд, ҷаноби Сафаров.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Интихобкунанда

  • 13 июл 2013 12:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Саёфулло як хеле гап мезани, ки гуё хама чиз дар дасти худи шумо бошад. Як бори дигар хамин гапатонро гуед аз вазифа барканор мекунанд. боз барои гапи гуфтагиатон гуштов накунанд?
Посух додан
  • Эмомчон

  • 13 июл 2013 23:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Интихобкунанда" бисёр гапи хуб зади)))))))))))) боз гуштобут накунан?))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ДАР ТОЧИКИСТОН КОНУН НЕСТ. МАСАЛАН. ОЙНАХОИ МОШИНРО СИЕХ КАРДАН 500 долр дар холеки мардум чавонони точикистон дур аз ватан мардикоранд. Ба таври конкрети гуйем чаноби оли Эмомали Р. Бо хамин обу ру бас кунад. Рахмат барои хизматхояш лекин ба мо кадри нав ДАРКОР.
Посух додан
  • илеси зарафшони

  • 15 июл 2013 19:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Сафаров
Бояд шаффоф гузарад? - бояд эмомали рахмон подшох шавад мегуфтед мо мефамидем
Посух додан
  • Интихобкунанда

  • 16 июл 2013 13:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муҳтарам СафароВ бисёр гапи хуб гуфтеду лекин чаро нагуфтед, ки бас Эмомали Рахмон дигар номзадияшро намонад ана он вакт шояд интихобот шафоф мегузашт. Бас будагист дигар бо суханбозихоятон мардумро фиреб карда наметавонед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!