Бахшҳо

Пурсиши Озодагон: Рисолати имомхатиб чист?

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ

Имомхатиб бояд аз улуми исломӣ бохабар, мусалмони ботақво ва донандаи хуби фиқҳи исломӣ бошад. Фақат бояд ба хости Худо амал кунад ва ҷуз Худову расул касеро дар масҷид ҳамду сано накунад. Аммо ин чизҳое, ки ахиран муллоҳо дар минбар мегӯянд, хулосаи шахсияшон набуда, балки супориши ҳокимиятҳои маҳаллист. Кураторҳо аз ҷониби амният ин муллоҳоро назорат мекунанд. Мехоҳанд фаъолияти рақиби аслии ҳукумат ҲНИТ-ро дар ҷомеа қатъ намоянд. Зеро ҲНИТ дар тамоми дунё ҳамчун як ҳизби мӯътадил эътироф шудааст. Бинобар ин мехоҳанд ба воситаи имомхатибоне, ки хидматгори мансабдоранд, на бандагони Худо, фаъолияти ҲНИТ-ро гӯё ҳамчун яке аз талаботи ҷомеа қатъ кунанд. Зеро дар интихоботи парлумонии соли 2010 ҲНИТ аксарияти овозҳоро гирифта буд ва дар байни мардум ҷойгоҳи баланд дорад.

Сифатҳои аъзои ҳизби Худро Худованд дар Қуръон маълум кардааст, пас ҳизб дар Ислом ҳаст ва ташкили давлати исломӣ, ки паёмбар баъди ҳиҷрат ба Мадина оғоз намуд, як амали сиёсӣ буд. Аз ин рӯ муллоҳое, ки тутивор такрор мекунанд дар Ислом ҳизб нест, супориш анҷомдиҳандае беш нестанд. Бечораҳоеанд, ки барои ҳифзи курсӣ аз баҳри ҳамаи муқаддасоташон мегузаранд. Онҳо дар мулоқот бо президент бояд мегуфтанд, ки чаро рафтани ҷавонони то 18 соларо ба масҷид манъ кардед ва чаро ҳиҷоби духтаронро дар макотибу донишгоҳҳо манъ сохтед, ҳол он ки пӯшидани он барои духтарон талаботи шариъат аст. Чизе, ки воқеан талаботи Худост, аз президент напурсиданд ва дар муқобили чизе, ки Худо дар Қуръон фаъолияташро зикр кардааст, баромаданд.

Инҳо мулло ҳам нестанд, чун худи мансабдорон инҳоро интихоб кардаанд. Афродеро, ки шахсият ва ғурури исломӣ надошта, бешарафу беҳайсият ҳастанд, гирифта имомхатиб мондаанд. Дар маҷлисҳои ноҳияҳо ҳам ҳокимони маҳаллӣ инҳоро таҳқир мекунанд, ҳатто дар баъзе навоҳӣ инҳоро хару аҳмақ ҳам мегуфтаанд. Дар ноҳияи Ваҳдати мо ҳам инҳоро таҳқир мекунанду аммо онҳо ҷавобе намегӯянд. Пас, маълум мешавад, ки инҳо шахсият нестанд. ҲНИТ дар кишвар фаъолият кунад ё накунад инро қонун муайян мекунад. Барои инки фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон қонунӣ шавад шаҳиди бисёр доданд ва дар натиҷаи сулҳ фаъолияти ин ҳизб тазмин шудааст. Намешавад, ки ба ҳамин соддагӣ фаъолияти ин ҳизбро, ки охирин дастоварди сулҳ аст аз байн баранд ва баъди ин ҳам боз дар бораи сулҳу ваҳдат гап зананд.

Иршод Сулаймонӣ, устоди донишгоҳ

Рисолати як имомхатиб ба назари ман ҳамин аст, ки намози мардумро ба дурустӣ бигузорад ва дар рушди ахлоқии ҷомеа саҳим бошад. Нуктаи созиши шариат ва дунявиятро сарфаҳм равад ва мардумро аз ин огоҳ намояд. Ба ин васила ҳамин гуна бебандубории нозарурро, ки боиси дар мухолафат қарор додани шариат ва дунявиат гардиааст, барҳам зананд. Вале таассуфовар ин буд, ки дар ин мулоқот сатҳи пасти саводи як қисм имомхатиб ва муллоҳои мо ошкор шуд. То ҳатто таърихи исломро намедонистаанд, чӣ расад ба дигар донишҳои дунявӣ. Як имомхатиб бояд мардонагии ақлӣ дошта бошад ва қобилияти шинохтани дунёи имрӯз ва таҳлил кардани равандҳо ва ҳодисаҳои муосирро дошта бошад. Агар ин гуна қудратро надорад, мардумеро, ки аз пушташ намоз мегузоранд, наметавонад тарбияти дуруст кунад.

Бубинед ин хатибу муллоҳо ба тавсифу таърифи раиси ҷумҳур чуноне машғул шуданд, ки худи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аз ин шармид ва гуфт, ки бас кунед ва агар пешниҳод доред, бифармоед. Аммо ҳеч кадоме аз онҳо пешниҳоди ақливу фикрие надошт, ба ҷуз партофтани вожаи Ислом аз ҲНИТ. Онҳо дар бораи мушкилоти Тоҷикистон умуман ҳарф назаданд, дар масъалаҳои бебандубории ахлоқӣ, фурӯпошии хонаводаҳои ҷавон, афзоиши фоҳишагарӣ умуман фикр надоштанд, чӣ расад ба мушкилоти иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон. Агар онҳо аз ин дидори муҳим истифода мекарданд ва зеҳни раиси ҷумҳурро ба ҳалли мушкилоти кишвар машғул медоштанд, бисёр кори савоб буд, вале афсӯс, ки хестанду «шпаргалкаҳо»-и худро қироат карданду халос. Дареғи чунин як мулоқоти муҳим.

Онҳо дар ҳоле аз сиёсӣ шудани Ислом нигаронӣ мекунанд ва ҳадс мезананд, ки худ ба унвони объекти идеологӣ ва сиёсӣ қарор гирифтаанд. Ин таноқуз дар амал ва гуфтори ин мардум аз он дарк медиҳад, ки ин гуна имомхатибҳо (ва муллоҳо) намедонанд, ки сиёсат чист.

Мавлавии Муҳаммадалӣ, домулло

Касе инҳоро вазифадор кардааст, ки ин суханонро бигӯянд, набошад аз ҳамон саркардаи маҷлис то поин худашон намедонанд, ки ҳизби сиёсӣ худаш худро ташкил медиҳаду дар Вазорати адлия ба қайд гирифта мешаваду номашро худаш номгузорӣ мекунад. Касе, ки ба ин масоил дахолат надорад чи кор дорад ба номи як ҳизб. Дунё ҳамаш ҳизбу ҳаракатҳои сиёсист, ки фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишварҳои озоду пешрафта доранд ва касе ба номи онҳо кор надорад. Фақат дар Тоҷикистон хиёл мекунӣ, ҳамаи мушкилоти дунё бар души ҳаминҳосту инҳо чунин ҳаққе доранд, ки номгузории ину он созмонро худ ҳал кунанд. Ин як нишонаи бесаводиву камфаҳмии сиёсии гӯяндагони ин суханҳост. Таассуфи мо ба афродест, ки дар онҷо иштирок доранду аз ин ҷараёнҳо бохабаранд аммо ақаллан намегӯянд, ки чунин беақлиро накунед. Як кас номи фарзандашро Исломуддин мегузорад ва ин ба касе рабте надорад.

Тибқи ҳадиси паёмбар агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст, гар хомуш нишинӣ гуноҳ аст. Дар ин мавзуъ агар камбудӣ бошад ҳақ доранд сухан гӯянд, аммо ба шарте, ки ин суханон сабаби рушди ҷомеа бошад. Агар исломро дар сиёсату фарҳангу иҷтимоъ ҷонибдорӣ кунанд мо хуш мешавем. Мо ташвиқ мекунем, ки як чизе ба номи ислом гуфта шавад. Вале аз номи ислом манъ кардан як бадбахтист ва онҳо худ бояд қазоват кунанд, ки чаро инқадар нисбат ба ислом нафрат доранд ҳатто намехоҳанд ҳаракати яке аз ҷарёнҳои қавии кишвар ба номи ислом бошад. Хатиб бояд исломро ба мардум пайванд диҳад на инки мардумро аз як гурӯҳ битарсонад. Ин як фитнагарист. Касе, ки носозгории ҷомеаро мехоҳад ингуна суханҳои дар онҷо шударо мегӯяд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси шӯрои фатвои ҲНИТ

Аз нигоҳи Ислом вазифаи имомхатиб ин тарғиби ғояҳои исломӣ дар байни мардум аст. Вале мутаасифона дар ин вохурие, ки имомхатибон бо президент доштанд дар як қолаби аз пеш тарроҳишуда қарор дошта худашон намедонистанд, ки дар мавриди чӣ доштанд баҳс мекарданд. Вақте бо садои баланд аз минбар баромад мекарданд намедонистанд, ки ин мавзуъ ба онҳо дахл надораду онҳо ҳаққи дахолат ба ҳизбҳои сиёсиро надоранд.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҷамъиятии "Перспектива+"

Имомхатибон, олимон, нависандаҳо ва шоирон ҳама аз ҳақиқат дуранду ба таърифу тавсиф машғуланд. Вазифаи имомхатибон чизи дигарест. Бояд дар ҳар масъалаи доғи рӯз аз ҷумла мушкилоти дин ҳатман як диалог бошад ва дар онҷо имомхатибон бояд баҳсу мунозира кунанд хусусан бо онҳое, ки аз баъзе масоил норозиянд. Маҳз ҳамин имомхатибон бояд мардумро даври ҳам оваранд ва барои ҳалли масъалаҳои муҳиме, ки дар ҷомеа пайдо шудааст кӯшиш намоянд. На инки таърифу тавсиф кунанд ё гуруҳеро таҳқир созанд. Суханоне, ки дар мавриди ҲНИТ ва аъзоёни онҳо зада шуд, баръакс мардумро аз ваҳдат дур мекунад. Вазифаи онҳо ҷомеаро ба роҳи дуруст таклиф кардан аст. Бинобарин ин маҷлис ҳам давоми ҳамон ҷаласаи равшанфикрон аст, ки мо интизоре аз он надорем.

Бурҳониддин Халилаллоҳ, домулло

Касе, ки аз қавонини парвардигор дур шуд, аз раҳмати Худо дур мешавад. Имомхатибоне, ки ҳастанд меросбарони пайғамбаранд. Сархатибоне, ки дар ҷомеаи 90 фоизаш мусалмони Тоҷикистон ингуна суханҳо мегӯянд, аз қонунҳои шариъат дуранд. Хатибони мо чизеро, ки Худованд гуфтааст бояд ба мардум бигӯянд. Инки мегӯянд Ислом аз сиёсату давлат дур бошад хатост. Барои ҳамин мо ба ин марҳила расидем, ки на ҳамсоя ба ҳамсоя ва на бародар ба бародар раҳм дорад.

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон

Имомхатибон дар мулоқоти ахир бо райисҷумҳур ба сиёсат дахле накардаанд ва онҳо дар мулоқот бо райисҷумҳури Тоҷикистон танҳо вазифаи инсонӣ, шаҳрвандӣ ва имонии худро иҷро кардаанд. Онҳо танҳо мавқеъгирӣ карданд, то аз Ислом гуруҳ ва ҳизбҳои сиёсӣ сӯистифода накунанд. Ҳамаи суханҳои имомхатибон дар доираи қонуни озодии виҷдон ва сарқонун буд.

Мӯҳр
САВОЛ: БАРОИ ЧИ, КИ КУМИТАИ ДИН Ё РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ ТОЧИКИСТОН ИМОМХАТИБХОИ КУРСАВОД, БЕСАВОД ВА ФИТНААНДОЗОНРО АЗ ИМОМ ХАТИБИ ОЗОД НАМЕКУНАНД.

Толибилм
Имом-хатибони мо, холо хама барои як лукма нон ё вазифа, имонашонро фурухтаанд ва чоплуси хукуматдорон шудаанд. Агар на, барои чи, хакикатро намегуянд ва факат ба таърифу тавсифи хукуматдорон ру овардаанд. Ман як шахрванди одди, ки навакак Куръонро бо алифбои киррили хатм кардам ,бисёр чизхоро фахмидам. Фахмидам,ки ришвагири дар хакикат харом аст ва дар кишваре,ки ришвагири ва рибо хаст, у кишвар хеч вакт рушд намекунад ва мардумаш дар факр зиндаги ба сар мебарад ва фахмо шуд,ки пушидани либоси исломи, яъне хичоб барои занони мусалмон ин як фармудаи иллохист.

анас
Ин бадбахтхо аз Худо наметарсанд Инхоро мулло нагуед шайтон гуфтан даркор

Имоми масчид
Хафа нашавед бародарон! Ин охирон бор буд, ки хатибхои бо фахм дар ин мулокот ширкат карданд. Баъди ин аксари онхое, ки дарк кардаанд, ки бозичаи дасти аракхурхову зинокорхо шудаанд аз хатиби истеъфо медиханд. Бовар кунед бояд тамоми умр тавба кунем аз ин рузи баде ки ба сари моомад. Наход дар пеши касе ки хазору як ..... кардааст таъзим куниву тавбаву надомат куни. Ин сарваони кишвар хама аракхур аксарашон руза намегирад, чандин зани беникоху фохиша доранд.... чаро мо бояд барои онхо хидмат кунем. гунох аст хар чумъа варак меоранд зури мекунанд ьояд инро хонед бас аст пули хароме ки мехоханд ба мо диханд моли марудм аст. хурдани нони харом сабабаш таваллуди фарзанди харомзода аст.

МОСКВА Мухочирон
Ба раиси кумитаи дин А.Холиков! Имомхатибон вазифаи имонияшонро не,вазифаи косалесию хушомадгуияшонро ба чо овардаанд.

Аввалан, Имомхатиб бояд шахсе бошад ки ба хуби аз аҳкомҳои Исломи огоҳ бошад, чаро ки маънои Имом будан решво ва роҳнамо будан аст ва табиист ки шахси бесавод ва ноогоҳ наметавонад роҳнамо бошад, чи тавре ки мегуянд "хуфтаро кай хуфта кунад бедор" . Имомхатиб масули дуруст ба роҳ мондани тоаъту ибодат ва намози ҷамоъат мебошад ва хатои имом дар мазъаби Ҳанафи ҳамчун хатои ҷамоъат ҳисоб карда мешавад. Барои ҳамин бояд Имомхатиб аз ҳамаи масалаҳои марбут ба имомати хуб огоҳ бошад
Сониян, бояд ки Имомхатиб шахси худотарс ва тақводор бошад ва худро аз сифатҳои бади инсони монанди чоплуси, тамаъҷуи, паст задани шарафи худ дар назди махлуқи худованди ва ғайра ҳифозат кунад. Имомхатиб бояд барои ислоҳи камбудиҳои дар ҷамъият дошта кушиш кунад ва ба қадри тавоноии худ саҳми худро дар корҳои неку фоидаовар барои халқи Худованд бигзорад.
Агар шахсе ки ин сифатҳои заруриро надошта бошад , пас беҳтар аст ин вазифаи муҳимро ба душ нагирад ва худро гунаҳгору дигаронро парешон насозад

Мутаассифона як хафта пеш шунидам ,ки вохурии имомхатибони точикистон бо президент баргузор мегардад интизори он будам,ки муллохои мо дар ин мулокот саволхои камбудии доги рузро матрах мекунанд, аммо баъди баромади онхо дар симои онхо на мулло, балки агар сиёсатмадор гуйям хато чунки онхо тамоман саводи сиёси надоштанд умуман шахсони дониши исломидошта гуем , намедонам охир шахси дониши исломи дошта бояд дар бораи пайёмхои илохи ва расули худоро ба халк расонадан бошад.хулоса бад ном имомхатибони мо дар ин мулокот на вазифаи чонии худ балки аз пай талаби курси ва хизмат ба ашрофон равона гашта будаанд.

фффы
Имом-хатибони имруза нишон доданд, ки онхо шестеркаи хукумат хастанд.

Асламшо
Агар як нафар хохад номаш писарашро Исломуддин мегузорад. Дуруст! Хатто Уссома хама гузоштаанд! Хеч кас ба онхо кор нагирифтааст. Лекин ин муллохои беакли игвогари Шумо чи хак доранд,ки намегузоранд то мардум номи писаронашонро Чамшед, Самандар ё Фаридун гузоранд. Кулли ин номхоро кофариву мачуси хонданд-ку!

salom bar hamai khonandagon
man az sukhanoni in turajon zoda taajub mekunam . zamone ki khud dar vazifa budand in sukhanhoro ba zabon nameovard imruz ki az hama monda ast mardum ro daavat ba jangu jidol dar muqobili hukumat mekunad bo in hizbi shayonash .chunki inho tajrubai khub dorand yak bor kardand qarib 160 hazor musalom kushta shud . va jangandozon sohibi zavodu qasru tamomi chiz shuda and . va in hizb khud hizbi shia va hizbi eron ast . hej rabte ba islom nadoran .shumo hukumati rahmonro kofir meguyed . imruz qarib 4 hazor masjid faoliyat dorad .shumo yak khizmmati nahzatro dar islom biguyed ba gayr az shia kardani mardum kore nakarda and bo hamkorii in turajonzodaho . va hoji akbar meguyad
mullo boyad tanho az khudovu rasul itoat kunad charo khudaton dar soli jangi shahrvandi az khudo natarsida hukmi qatli mardumi kulobu kasonekki bo shumo muvofiq nabudand barovarded ? az khudo tars e shoytoni kalon . shumo sababi kushtashudani 160 hazor musalomon shuded . bas kuned .in hizbe ki shumo taayid mekuned hamon hizbi shayton ast na islom .alloh hidoyataton kunad .agar qobili idoyat nested alloh laanataton kunad .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)