Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:40

Масунияти дипломатии духтари президент лағв шуд

13 июл 2013, 13:10

Ҳукумати Узбакистон масъунияти дипломатии духтари раисҷумҳури ин кишварро бекор кард.

Оҷонсии Риа-новости менависад, ҳукумати Узбакистон дар пайи ҳодисаи кофтукови чанд иншоот дар Фаронса, ки ба Гулнора Каримов таалуқ доштааст, қарори мазкурро қабул кардааст.

Ба навиштаи сарчашма, кофтуков дар Фаронса бо дархости додситонии Шветсария анҷом ёфт, ки ин мақомот дар нисбати чанд шаҳрванди Узбакистон тадқиқот мебарад. Ҳарчанд додситонии Шветсария парвандаи махсуси Гулнора Каримоваро дар баррасӣ надорад, вале ҳадс зада мешавад, ки афроди гумонбар бо духтари раисҷумҳур робитаи наздик доранд.

Аз ин пеш Гулнора Каримова солҳои зиёд Тошкандро дар созмонҳои байналмиллалии Шветсария муаррифӣ мекард ва ҳамзамон аз соли 2010-2012 сафири Узбакистон дар Испониё буд.

Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов собиқаи корӣ ҳамчун сафири ин кишвар дар Испониё, мушовири вазири умури хориҷа, мушовири дипломатии Узбакистон дар Маскав ва намояндаи доимии Тошканд дар СММ-ро дошт. Гулнора ҳамчун тарроҳи либос ва сароянда низ шуҳрат дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!