Бахшҳо

Оё Тоҷикистон ҷузъе аз сарзамини Темурланг аст?

Як академики узбак гуфта, ки тоҷикҳо элитаҳои узбаканд. Тавре элитаи русҳо дар асри 19 ба франсавӣ ҳарф мезаданд, инҳо ба форсӣ такаллум менамуданд. Ӯ ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёнаро сарзамини Темури ланг хонда, мегуяд, давлаташ бояд дар паи даъвояшон бошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин "Озодагон" аз коршиносон пурсид: Оё Тоҷикистон ҷузъе аз сарзамини Темурланг аст?


Сӯҳроб Шарипов, вакили парлумон

Аслан даъвои ва ё баҳси ҷорӣ кардаи академики Узбакистон ин ҷиддӣ нест. Аз тарърих бигирем агар, нисфи ҷаҳон дар империяи Мақдунӣ буд, ё худ империяи форсҳо ҳам сарзамини васеъ доштанд. Аммо мо наметавонем бигӯем, ки имрӯз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аз Эрон аст. Он замон гузашт. Ин баҳсҳои хом аст. Ин баҳсҳо чизе ба ҷуз аз ворид кардани сардӣ ба муносибатҳои давлатии ду кишвар намедиҳад. Дар асл ин даъвоҳо амалӣ намешаванд, чӣ дар Узбакистон ва чӣ дар Эрон. Аз ҷониби дигар ҳамин Темури Ланг худ узбак набуд ва худашро ҳам узбак намешумурд. Муғул ва аз хонаводаҳои Чингизхон буд, сад дарсад монандӣ ба Чингизхон дорад. Дар дарбораш ҳам ҳамеша бо форсӣ сӯҳбат мекард. Баҳси сарҳад миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯи нав нест. Академикҳои мо ҳам даъво мекунанд, ки Самарқанду Бухоро моли мост. Аммо ӯзбакон дар ин маврид ҷавоби рад медиҳанд ва ҷойе ин баҳсҳо обуранги сиёсӣ мегирад. Аз назари ман ба ин гуна иддаоҳо бояд ҷавоби илмӣ дод. Беҳтар аст ин масъаларо таърихнигорон ва кормандони академияи улум ба баҳс гиранд. Чунки расман миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 1924 бо ташкил ёфтани ҳокимияти шӯравӣ сарҳад тақсим карда шуд. Тавре мо медонем миллати ӯзбак дар ин минтақа баъди асри 15 пайдо шуда, миллати қадимтарини минтақа тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Пас, метавон гуфт, ки ин гуна даъвоҳои академики ӯзбакистон чизе ба ҷуз аз сиёҳкунӣ дар муносибат ворид намекунад.

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ

Ман бо тамоми ҳамон эҳтироме, ки нисбати мардуми Узбакистон доштам, мегӯям, ки он шахсиятҳое, ки баҳсҳои сарзаминиро мебароранд, онҳо шояд сиҳатии худро аз даст дода бошанд. Зеро шахси солим ин гуна даъво карда наметавонад. Зеро то соли 1924 дар Осиёи Марказӣ давлате ба монанди Узбакистон вуҷуд надошт. Ба назари ман даъвои академики ӯзбакистон беасос ва иғвогарона аст.

Умед Ҷайҳонӣ, таърихнигор

Он академик ниёз ба дармон дар тимористон дорад. Посухи иддаоъяшро устод Ғафуров солҳо пеш дода ва дигар пажуҳишгарон низ санге бар дасташ куфтаанд. Ин иддаъоҳо кӯшише беҳуда барои кӯҳансозиву торихитарошии буду бошӣ узбакҳо дар минтақа ва машруъият додан ба вуҷуди Узбакистон дар сарзаминҳои ишғолии тоҷикон аст.

Тоҷикистон 16 уктобри 1929 аз Узбакистон ҷудо шуда буд. Ин Узбакистон аст ки дар сарзаминҳои ситондашуда аз тоҷикон сохта шудааст ва кишваре бебуну бунлод аст. Вуҷуди Узбакистон дар сарзамини тоҷикон ҳамон андоза номашрӯъ аст ки вуҷуди Исроил дар сарзаминҳои арабҳои фаластинӣ.
Мӯҳр
Зарнигор
Ин даъвохои бемантик, дар баробари дигар масъалагузорихое, ки аз чониби коршиносони тарафи Узбакистон сурат мегирад, боз хам аз тарси бахамомаданхои таърих аст. зеро ки мо ва бародарони узбаки мо, хохем нахохем, таърих кори худашро мекунад. "Хар як ходисаи таърихи ду бо такрор мешавад".

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)