Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:37

Видеои Давлат Усмон: “Фақат мухолифин гунаҳкор набуданд...”

15 июл 2013, 09:51

Давлат Усмон, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон, мегӯяд, “сиёҳ кардани мухолифонро” ба унвони гунаҳкорони аслии ҷанги дохилӣ бепоя хонд.

Ӯ, ки рӯзи ҷумъаи 12-уми июл дар нишасти Бунёди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе суҳбат мекард, афзуд, иштибоҳот аз ду тараф буд.

“Имрӯз гуфтани он ки мухолифон сияҳкор буданд, ҷинояткор буданду тамоми ҳодисаҳои солҳои навадум кори дасти онҳо буд, аз инсоф нест. Иштибоҳу камбудҳо аз ду тараф буд. Онҳо низ кам наоманд. Қудратро додан кори бисёр мушкил аст”,-таъкид дошт Давлат Усмон.

Ҷузъиёти суҳбати Давлат Усмонро аз ин навори видео бубинед:




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • озод

  • 15 июл 2013 11:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъд , ин мардак нагуфт . ки худшона ки маблаггузори мекард. Хотира дигар чиз аст мегуяд. Магар хотираи он чавонони курбошударо модарон метавонанд фаромуш кунанд. Хуни он чавонон бар гардони кист?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хамин рузхои аввали мохи рамазон ин мардакро ин кадар интервьюборон карданд?.Вай аз афташ рузадор аст.Хело хаставу бемадору асаби метобад.Бисёр кахролуду норозиёна ба саволхо чавоб дода истодааст.Ягон дахолати куввахои берунаву ягон хизмати хочагони хоричи нисбати вокеахои он солхо дар Точикистон набуд,набуд,набуд.Мо худамон точикон гунахгор будем.Демократияву озодиву сохтори конституциониро "бомба " мефахмидем.Хамаи ин корхоро аввал демократхову растохезчиёну чамъияти озодфикрону равшанфикрони "Лаъли Бадахшон" бо таврхои маданиву бо тартибу интизом огоз карданд.Ана баъд,майдонхоро муллову муллобачахои "мубориз"у "чонсупор"у пешвоёни онхо забт карда гирифтанд.Фаъолияти хизби коммунистро дар Точикистони Шурави манъ карданд.Аммо рухониён хам ба амру фармондехи акнун омода шуданд.Дар собик вилояти Кургонтеппа,ки асосан даргирихо ончо бештар сурат гирифт,"штаб"хои онхо таъсис ёфт.Тамоми раисони колхозхову собик котибони парткому,кормандони милисаву прокуратураву сардорони корхонахоро онхо хар бегох барои "отчет"додан даъват мекарданд.Агар мохе чанд пеш ягон раиси колхоз дар идораи "райком,ба чониби котиби якум,"рафик Сиёсат Тундович" мурочиат мекард,акнун у дар ин рузхо дар "щтаб"и муллохо,"мулло-бобо ё хазрати домулло,мо хамеша дар хизмати шумову исломем" гуфта мурочиат мекарданд.Ман он солхо хело чавон будам,иштирок хам кардаам.Яку якбора,боз як хизби хоким,хизби муллову муллобачахо ва уймокбозхову картабозхову "шогирдони хазрат"хо пайдо шуданд.Дар собик вилояти Кулоб бошад,"штаб"хои дигари мукобил,яъне хизби "Горди Миллии Кулоб" таъсис шуд,ки онхо хам тамоми сардорони хочагихову шахсони маданиятноку коммунистхову собик сардорони нохияву кормандони прокуратураву суду милисаро тобеи худ гардониданд.Яъне хама хоху нохох пеши Сангак Сафарови собикадори чинои сар хам карданд.Ягона чавонмарде,ки пеши у сар хам накард,раиси нави собик вилояти Кулоб,полковники хизмати дохили Чиёнхон Ризоеви 44-сола буд,ки барои сулху амнияти миллии Точикистон саъю кушиши бузург карда буд.Мархум дар хакикат Кахрамони Точикистон аст.Дахолати куввахои беруна,дар рузхои шикаст хурдани оппозиция фаъолтар шуданд.Мисолаш кумакрасонии Узбакистон барои чамъоварии аскарону додани яроку аслиха ба"полк"хои собик генерал-майори КГБ Сафарали Кенчаев ва бастани рохи охану манъи каторахои боровар ба самти шахри Душанбе буд.Бо ин максадхо онхо мардумони гуреза ва тарафдорони оппозицияро "изолияция"и иктисодиву моли ва таъминоти карданд.Хазорон нафар русзабонхо якбора душмани ашаддии опозиция шуданд.Россияи нави демократи равандхои демократии Точикистонро химоя хам,ки намекард,лекин бохабар буд. Он рузхо дигар дар Точикистон овози демократия шунида намешуд.
Посух додан
  • Махди

  • 25 июл 2013 09:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Видеои сифати хуб. Чараени вохури хам хуб, дар як мухити якдигарфахами гузаштааст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!