Бахшҳо

Боздошти як тан аз пайравони «Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон»

Мансур Собитов, як сокини 32 солаи шаҳри Исфара, ки корманди корхонаи «Кимиёсервис» маҳсуб мешуд, барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ  мавриди боздошт қарор гирифт.

 

Тавре аз идораи умури дохилии Суғд ба хабарнигори минтақавии  «Озодагон» иттилоъ доданд, Мансур Собитов, замоне мавриди боздошти мақомот  қарор гирифтааст, ки ӯ  дар тӯли моҳҳои сенябр- октябри соли 2010 дастуру супоришҳои аъзоёни қаблан дасгиршудаи   «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» Ҳасанов Абдунаим,  сокини 29 солаи чамоати Навглени ин ноҳияро дар мавриди дастрас намудани ғизо ба ӯву аъзоёни дигари аз чашми мақомот панаҳбаранда мусоидат кардааст. Инчунин ӯ  барои харидорӣ  ва дастрас намудани ғизову маблағ ба аъзои дар кофтукоб қарор доштаи мақомот Сӯҳроб Ваҳҳобов, сокини шаҳри Исфара, ки дар моҳи октябри соли 2010 дар рафти амалиёти махсуси мақомот кушта шудааст, пайваста кӯмак намудааст. Оиди ин ҳодиса аз рӯи моддаи 36 қисми 5 ва 187 -и Кодекси ҷиноии ҶТ оғоз карда шудааст ва тафтиши ин қазия   идома дорад.

Ин танҳо як ҳодиса аз боздошти ҷавонон ба хотири пайвастан ба  гурӯҳҳои ифротгароӣ  набуда, балки дар соли гузашта дар қатори чанд нафар аз сокинони  шаҳри Исафара як хонандаи мактаб ҳам  бо исми Насибуллоҳи Собирзода, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидааст, барои  пайвандонаш, ки аз чашми мақомот ғоиб ба сар мебурданд,  бо расонидани ғизову дигар муҳимот мусоидат кардааст, мавриди боздошт ва ба чанд соли зиндон равона карда шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта Исфараву Истаравшан ва Хуҷанд аз шаҳрҳои саноатии Суғд маҳсуб мешуданд, вале ҳоло ба руйхати мақомотҳои давлатии Тоҷикистон,  шаҳрҳое унвон мешаванд, ки масоили гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъи экстремистӣ  бештар мушоҳида мешавад, ки чунин раванд, аз тамоюли нави ҷинояткории ҷавонон дар солҳои охир  ба шумор рафта ва дар ин минтақаҳои саноии Тоҷикистон бештар ба назар мерасад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)