Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:52

Марат Мамадшоев: Як рӯзи мубориза бо хушомадгӯӣ дошта бошем!

15 июл 2013, 12:09

Марат МАМАДШОЕВ

Кишварҳои минтақаи мо, аз он ҷумла Тоҷикистонро зарур аст, рӯзи миллии мубориза алайҳи хушомадгӯӣ дошта бошанд.

Чоплус будан хеле шармовар аст! Аммо, ба фикри ман, ин ибора кӯҳна ва фарсуда шудааст. Ва ин дард ҳам дарди кӯҳна мебошад.

“Ҳам дар дӯстӣ ва ҳам барои кори давлатӣ, бояд сохтакорӣ ва хушомадгӯӣ ҷой надошта бошад”,-навиштааст Сисерон. Аммо хушомадгӯӣ дар ҳоли пешравист. Дар ҷамъиятҳо, кишварҳо...

Ҳамин тавр, чоплусӣ ҳам дар ҳоли равнақёбист. Ҷомеаҳои мо, ки дар раванди гузариш қарор доранд, шояд аз авторитаризм ба демократия, шояд аз авторитаризм то ба диктатураи мутлақ, хушомадгӯиро ба дараҷаи аъло расондаанд. Вохӯрии охирини раисҷумҳур бо намояндагони қишри рӯҳоният далели гуфтаҳои болост.

Фикр мекунам, вақти он расидааст, ки як рӯзи мубориза бар зидди хушомадгӯӣ дошта бошем. Ҳадди ақалл ба хотири он ки то андозае раванди хушомадгӯӣ коҳиш биёбад. Маълум аст, ки ин рӯзро дар сатҳи давлатӣ эътироф намекунанд.

Аммо чӣ метавонад монеи эълони чунин рӯз (рӯзи мубориза бар зидди хушомадгӯӣ) дар сатҳи ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ва институтҳои он шавад? Дар сатҳи ВАО, ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо...

Барои хушомадгӯйҳо ҳам ягон сабаби хабарӣ доштан лозим. Рӯзҳои бӯҳронӣ, идҳои давлатӣ, зодрӯзи сиёсатпешагон... Барои ҳамин, рӯзи мубориза бар зидди хушомадгӯӣ метавонад наздик ба рӯзҳои 27-уми июн, 9-уми сентябр ва ё 5-уми октябр бошад.

Баъд аз эълони чунин рӯз мо метавонем ба хулосабарорӣ ҳам бирасем. Мисол, нафареро хушомадгӯи сол эълон кардаву барояш ягон тӯҳфа супурдан.

Чӣ тавре ки Некрасов тановист бигӯяд, “қаҳрамонҳоро метавонӣ надонӣ, аммо хушомадгӯёнро бояд донист”. Хушомадгӯёнро метавон ба чанд намуд ҷудо намуд. Мисол, хушомадгӯи креатив, хушомадгӯи касбӣ, хушомадгӯи содда ва ғайра...

Як нуктаро инҷо мехоҳам ҳамчун мисол биёварам. Вохӯрии охирини раисиҷумҳур бо намояндагони қишри рӯҳоният ба ёдам як саҳнаи “Тоҷикфилм” -- афсона дар бораи Шаҳрзодро овард. Дарбориён ба шоҳи нав (вазире, ки худро шоҳ эълон карда буд) мадҳу сано мегуфтанд, ки “ту шоҳи бузургӣ, одилӣ, оқилӣ”. Баъд аз он ки худи шоҳ баргашт, дубора ин ҳарфҳоро ба ӯ мегуфтанд.

Вақти он расидааст, ки аз тариқи телевизионҳои давлатӣ як бори дигар он филм пешкаши тамошобинон гардад. Ҳадди ақалл, пеш аз интихобот.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дарвеш

  • 15 июл 2013 13:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хушомадгуй ва ё чоплус(подхалим)душмани Худованд мебошанд ва дар охират аз чамоли Парвардигор махрум мешаванд.Дар чамъияти мо бештари мардум чоплус шудаанд,чи тавре,ки аз баромади рухониёни кишвар маълум гардид.Чоплус будан аз хислатхои бадтарини инсони мебошад ва дар чомеъа чоплусон обрую эътибор хеч вакт надоштанд ва надоранд. Мартабаи чоплусон ба даюсон наздик мебошад ва гури хардуяш то рузи киёмат алангор аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Марат!
Хеле хуб гуфтед, вале як ғайрат кунед ва ҳимматро каме боло бардоред. Бо ин қабил мардум ба фикри ман як рӯзи мубориза камӣ мекунад. Мо (ҷавонмардон, албатта) бояд бо онҳо 365 рӯз дар як сол мубориза дошта бошем. Вагарна, онҳо метавонанд гардани моро бишкананд.

Чоплусе, ноҷавонмарде қасамҳо бишканад,
Нашканад тарфи кулаҳ, аммо дили мо бишканад.
Зиндагӣ! Гар довари якрӯй бошӣ, пас чаро
Аблаҳе аз бом афтад, гардани мо бишканад?

Рӯҳат шод бод, устод Лоиқ!
Посух додан
  • соиб

  • 15 июл 2013 22:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
марати азиз ин бемори решаи хазорсолахо дорад вале икдоми шумо алакай як зарба шуда метавонад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!