Бахшҳо
15 июл 2013 12:21Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Раҳим Масов гуфт, академики узбак бояд зиндонӣ шавад

Раҳим Масов, академики тоҷик, бо пахши як ҷавобия иддаои Рустам Абдуллоев, академики узбакро дар бораи тоҷикону Тоҷикистон ва дигар ҳамсояҳо, берун аз ҳадди пучию беҳаёгӣ хонда, онҳоро хандаовар гуфтааст, “агар аз ҷониби як ҳамқадаҳ гуфта мешуданд.”

Масов таъкид кардааст, ки чун иддаои Рустам Абдуллоев дар сомонаи машҳури интернетӣ, ки миллионҳо хонанда дорад, нашр шудааст, ин академики узбак бояд барои чунин нақшаҳои геополитикияш ҳадди ақал ба 15 соли зиндон маҳкум шавад.

Академики тоҷик бо такя ба моддаи 150-и Кодекси ҷиноии Узбакистон, “барои тарғиби ҷанг” ва моддаи 156 “барои адовати миллӣ, этникӣ, нажодию динӣ” зарур медонад, ки Рустам Абдуллоев мувофиқан ба 10 ва 5 соли зиндон маҳкум гардад.

Рустам Абдуллоев, ки худро доктори илмҳои иқтисодии Узбакистон муаррифӣ кардааст, чанд рӯз қабл дар матлабе, ки 12news.uz нашр кард, гуфт, кишвараш бояд ба бархе аз давлатҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон иддаои бозпас гирифтани заминҳояшро кунад. Ба гуфтаи Абдуллоев, дар давраи ҳукмронии Темури Ланг ин минтақаҳо дар ихтиёри узбакҳо буданд. Илова бар ин, академики узбак таъкид дошта буд, ки Узбакистон ба хотири манофеи миллии худ бояд узви НАТО шавад.

Дар бораи Тоҷикистон Абдуллоев навишт, ки “аслан тоҷикҳо ин “нухбагони узбак” мебошанд, ки бо забони форсӣ ҳарф мезананд, ба мисли он ки ашрофони рус дар қарни 19 бо забони фаронсавӣ менавиштанду сухан меронданд”.

Ин академики узбак ҳарфҳои раҳбари кишвари худро ба ёд оварда, мегӯяд, тоҷикону узбакҳо як миллате мебошанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд. “Худи раҳбарияти Узбакистон буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистонро ба хотири дӯстии бародаронаш ба мардуми тоҷик ва кумак намудан барои анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар дар солҳои 1992-97, ки мунҷар ба ҳалокати 150 ҳазор нафар ва муҳоҷир гаштани 75 ҳазор шуда буд, сари қудрат овардааст”,- гуфтааст Абдуллоев.

Аммо академики тоҷик Раҳим Масов бо такя ба осори шарқшиносони машҳури рус “пучӣ”-ии даъвоҳои академики узбакро нишон дода, заъфи донишҳои таърихии ӯро исбот намудаст. Масов аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳам ҳукумати Узбакистон даъват намудааст, ки ба ин “осор”-и академики узбак вокуниши мувофиқ нишон диҳанд.

Аз ин пештар мақолаи Рустам Абдуллоев, сарусадоҳои зиёдеро дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Аз ҷумла сиёсатшиносони қазоқ ба он вокуниши сахт нишон доданд. Дониёрр Ошимбоев, сиёсатшиноси қазоқ, гуфт, дар шароити кунунӣ беҳтар аст, Узбакистону Қирғизистон ба қаламрави Қазоқистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор шомил карда шаванд. Ба гуфтаи Ашимбоев, ин баҳамоӣ, як иттиҳоди сулҳомези Осиёи Марказӣ зери боли як миллати пойдортарин ба шумор хоҳад рафт.

"Узметроном”, як торнамои узбакӣ, зиёдаравӣ ва ин изҳороти ғайримантиқии академики узбакро нишонаи гирифтории ӯ ба бемории шизофрения дониста буд.
Мӯҳр
Изхор
Дидед бародарон Узбак бе савод ва бе илм буданашро исбот кард. Охир узбак таъриху тамаддун надорад. Аз хамин сабаб хар чи гуяд гуфтан мегирад. Мо насиб бошад хомушона Бухорои Шарифро як руз не як руз мегирем. Чунки ватани ачдодии мо мебошад. Ин узбако бодиянишин буданд. Алишер Навои аслан точик аст, узбакхо шеър чист шоир чист фахманд гуфта бо узбаки шеър навишт. Дили А. Чоми ба ин кабила сухту Навоиро ба узбаки эчод карданро талкин кард!!

Наркала академисиян кад афрохт. Аз мардуми шарифи Точикистон дар мохи шарифи Рамазон як хохиши банда хамин хаст, ки имзо чамъ карда хамин марди майдона хамчун намояндаи мардуми барои макоми Раиси Чумхури РТ пешниход кунем. Адлу адолат зуд баркарор мешавад. ЧТ аз фасодзадаги, хешу кавмбози, сарватгундории ашхоси муайян, махалчибози халоси меёбад. Иналлоху тавфик.

Мамадшо Илолов ва Мехмон Бахтиву Ато Мирхоча чаро хомушанд?

ин узбакхо холо аник ба хулосае наомадаанд, уи онхо "узбак" ва ё "узбеканд". Ва дар ин баробар даъвои сарзамин мекунанд.

муаллим
зиёи будани масов барвакт исбот шуда буд, лек *зиёиён* чаро хомушанд.

зиёи будани масов барвакт исбот шуда буд, лек *зиёиён* чаро хомушанд.

Ба фикри ман, ин бародари узбак масъалаи асосии марбут ба асли хешро мутаассифона, мисли як зумраи зиёди тоқикону дигар миллатҳо нафаҳмидааст. Сабр кунед! Ҳамаи даъвоҳои "қадим будан", "фарҳангу адабиёт доштан" ва хулоса "миллатгароиҳо" чӣ маъно доранд? Бо Ҷалолиддини Румӣ мефахрем, вале маснавиашро намедонем. Агар мелонистем, ин гуна даъвоҳо намекардем. Ман як хоҳиш дорам. Ҳамаи мо хоҳу нохоҳ дар баъзе мавридҳо ва бо сабабҳои гуногун "Эй Худо" мегӯем. Рӯза мегирем, намоз мехонем, Хонаи Каъбаро зиёрат мекунем. Вале баъд аз ин, боз даъво мекунем, ки мо аз узбакҳо қадимтарем. Ин чӣ гуфтанӣ гап? Асли пайдоиши насли башар куҷо шуд? Нақши Худованд дар офариниш чӣ шуд? Ҳазрати Одам алайҳиссалом ва Момо Ҳавво ҳеҷ коре накарданд? Мушкилӣ дар ин ҷост. Мо асли хешро фаромӯш кардаем. Аз ин даъвоҳо бояд болотар бошем. Маснавиро хоне!!! Қурону Инҷилу Тавротро хонед! Падару модари тоҷик, рус, узбак кистанд? Эй Худоё! Чаро ин қадар даъвоҳои пуч?

Устод Лоиқ мефармоянд:
Бегона наем, гарчӣ дурем зи ҳам,
Фарзанди ҳамон як Одаму Ҳаввоем.

Абдусамад
Ба хаму узбако бген ки худшона аввал як бор дар оина нигох карда баъд гап занан. Кучои мо ба онхо монанд аст? Чашмои мо аз чашмои узбако аз замин то осмон фарк мекунад. И узбак хар чое боша и гапоша ио обета гуфтаги аст.

Устоди мухтарам ман сад дар сад бо Шумо рози хастам, ки чунин дассисабозон ва чангчуён бояд хама вакт аз тарафи хукуматдорон ва органхои хифзи хукуки хам Точикистону хам Узбекистон ба чавобгари кашида шаванд. Лекин, сад афсус, ки рахбарони Осиёи Маркази вакти асосии хешро дар маракахои хусуси ва сафархои бенатича ба мамолики дуру наздик сарф карда, проблемахои хеле мубрами мардуму давлатро ба доми хомушиву махфи супордаанд. Ин аъмолашон ба худашон ва махсусан ба тамоми сокинони мантика бадбахти меоварад. Чунин олимону сиёсатмадорони чангхоху беномус (ба мисли академик Рустам Абдуллоев) пеш аз хама душмани миллати хешанд. Онхо ба хотири даромади муфт ба даст овардан, хама вакт омода хастанд, ки супоришоти мухталифи душманони хоричиро дилсузона ичро намоянд.
Ман аз фурсат истифода карда, тамоми мардуми чабрдидаи Точикистону Узбекистонро хушдор медихам: Эй мардуми дар хоб, панохатон ба Худо, То дидани дидор панохатон ба Худо. Ин шеър ба мардуми шарифи Точикистону Узбекистон хамчун як мурочиатнома аст. Шумо ду миллати бародару хамсоя хастед ва хеч вакт ба дассисаву провокацияи сиёсатмадорону олимони бесавод дода нашавед. Ба гузашта салавоту ояндаи худатонро фикр кунед. Шукр кунед, ки хамин хоки муккаддасу Ватани азизи худро аз даст надихеду кудакону пиронро хонахаробу овораи дуньё насозед. Агар дар таърихи инсон аз нав таксимоти заминхову сархадот сар шавад, ба Куръони мукаддас касам,ки ягон инсон, тамаддун, забон дар чахон намемонад, ба гайр аз теъдоди махдуди хайвоноти вахши, ки аз тудаи мардумон дур зиндаги мекунанд.
Наход,ки баъзе сиёсатмадорону олимони мо то ин андоза бесаводу тангназаранд, ки дарк намекунанд, ки душманони мо баъди 11 сентябри 2001 тасмими котеъона гирифтанд, ки мардуми мусульмон бояд бо хар бахона нобуд шаванд. Таффовут нест, ки онхо аз кадом кавм, кабила, миллат, мамлакат ва ё мантикаву хизб хастанд. Барои мо шармовар аст, ки рахбарони Осиёи Маркази забону каломи хамдигарро дарк намекунанду мардуми шарифу хакири ин мантика доимо ранчу захмат мекашанд ва гулому гариби мамолики бегона шуданд.

Корманди ифтихории КГБ СССР Пояндашоев О.П.

ЧАРО ЭМОМАЛИ РАХМОН ХОМУШ АСТ.
Ё БЕТАРАФ АСТ

Dev
khilvatsho,

Mehmon Bahti vakti in hel masalahoya didan nadorad u bo Olga Tutubalina dast ba girebon !

Хохиши зиед ба Вазорати умури хорича "хомуш нашинен" намояндагони дипломатии мо дар каламрави Узбакистон барои химояи кадом манофеъ маош мегиранду истифода аз масунияти дипломатии мекунанд.
Бикушед оташи хурд пеш аз газанд!!
Ки гети бисузад чу гардад баланд.

Агар он турки тошканди ба даст н-орад дили моро,
В-агар бо дасти худ надхад, Самарканду Бухороро,
В-агар сад соли дигар банд кунад роху вагонхоро,
Агар лашкар кашад, шурад, казоку турку тоторро,
Хамесозем Рогунрову мегирем Бухороро.

Гули Зард
Кандаша занад академик Ращим Масов! Умре душманони милати моро мекубаду гурзаш девафкан аст! Худованд ӯро барои мо тоҷикон нигаҳ дорад! Офарин ба Устод!

Одил
Баъзе академикхои камсаводу бефароат вокеан сазовори махбас мебошанд. Аз чумла Масов борхо нисбати Точикистон ва точикон харфхои
тахкиромез гуфтааст ва амали зишташ холо хам идома дорад. Миллати моро на Абдуллоеви узбак, балки баъзе академикхои худамон дар минтака ва арсаи чахони паст мезананд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)