Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:17

Боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Агроинвестбонк”

15 июл 2013, 13:39

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйид намуд, ки бо иттиҳоми ҳамла ба “Агроинвестбонк” чанд нафарро боздошт намудаанд, аммо аз додани иттилои бештар дар ин бора ба далели идомаи тафтишот худдорӣ кард.

Рӯзи 7 июли соли равон, тахминан соати 18:05-дақиқа, як гуруҳ вориди бинои филиали «Агроинвестбонк», воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Файзобод шуда, посбони бонк, сержанти калони милитсия Шерализода Раҳмонхуҷаро, бо яроқи оташфишони хизматиаш тамғаи АКС ба ҳалокат расонидаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳамлагарон бо олоти буранда талош кардаанд, дари сандуқи оҳанини (сейф) –и бонкро буранд, аммо натавониста, автомат Калашникови посбони кушташударо гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Барои ифшои ҷузъиёти ҳодиса ва дастгир намудани ҳамлагарон бо фармони вазири корҳои дохилӣ, Раҳимов Рамазон, гурӯҳи махсуси тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шудааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, сардорони Раёсатҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ барои кушодани ҷинояти мазкур сафарбар шуда, тафтиши ҳодисаи мазкур зери назорати қатъии Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!