Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:34

Раиси ноҳияи Восеъ: Ҳоҷӣ Убайдуллоҳ камбудҳои зиёде дошт...

15 июл 2013, 13:52

Рустам Латифов, раиси ноҳияи Восеъ, мегӯяд, Убайдуллоҳ Ҳасанов -- сархатиби масҷиди марказии ин ноҳия барои камбудҳояш аз мақоми худ барканор гардидааст. Убайдуллоҳ Ҳасанов рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон суханронӣ карда, дар оғоз аз ӯ тавсиф ва баъдан гуфта буд, ки дар ноҳияи Восеъ масҷиди ҷомеи марказӣ нест.

Рустам Латифов мегӯяд, дар пайи санҷиши намояндагони бахши дини ноҳия маълум гардида, ки дар фаъолияти Убайдуллоҳ Ҳасанов камбудҳо ҷой доштаанд. “Ӯро танҳо барои пешниҳоди кардааш бо президент сабукдӯш накардаанд, агарчӣ дар он пешниҳод ҳам каме нофаҳмӣ буд. Ахборе, ки он ҷо доданд, носаҳеҳ буд. Дар маркази ноҳия 2 масҷиди ҷомеъ дорем, ҷамъ дар ноҳия 12 масҷид аст. Барои ҳамин, гуфтани ин ки дар ноҳия масҷиди ҷомеъ нест, каме нодуруст буд”,-афзуд ӯ.

Раиси ноҳияи Восеъ илова кард, ҳоло дар ин ноҳия масҷиди марказӣ низ таъсис дода, Маҳмадсаид Акрамовро ба ҷои Убайдуллоҳ Ҳасанов интихоб кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Убайдуллоҳ Ҳасанов, қарори барканории ӯ аз мақоми имомхатибӣ бе ҳузури ӯ сурат гирифтааст. Вай ба “Озодагон” гуфт, “дирӯз (14 июл) омада бо иштироки 5 хатиби масҷид маро озод кардаанд. Мо 12 масҷиди ҷомеъ дорем, аз ин ҳисоб имомхатиби 7 масҷид иштирок надоштанд. Маҳмадсаидро, ки аз ноҳияи Данғара аст, ба ҷои ман сархатиб таъин карданд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шодон

  • 15 июл 2013 14:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
маколи мардуми ба ед меояд.."Мискин хараке орзуи дум кард.думро наефта ду гуш гум кард". Ох , ин вохурии имомхатибон дар чонам зад..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom bar hamai khonandagon
in muloi bechora hanuz az durug fuftan dast nakashida ast .in sukhanash durug ast омада бо иштироки 5 хатиби масҷид маро озод кардаанд. Мо 12 масҷиди ҷомеъ дорем, аз ин ҳисоб имомхатиби 7 масҷид иштирок надоштанд. Маҳмадсаидро, ки аз ноҳияи Данғара аст, ба ҷои ман сархатиб таъин карданд.”
man yake az oshtirokchiho budam .hamagi 9 emom hitibhoi jomei onjo huzur doshtand .tanho se nafarshon nabud yake az onho se nafar khudi hamin khatib bud .va hoji mahmasaid az soli 2010 dar in nohiya emom khatib ast va in hoji ubaydulloh khud yake az shogirdoni hoji mahmasaid ast .in nomhoi emomone astnad ki dar majlis ishtirok doshtand.
1 akramov mahmasaid emomkhatibi masjidi ba nomi muhamad s a v da shahrak
2 davlatov sharif emomkhatibi masjidi dahsti dili nohiyai vose
3 ahtamov azam emomkhtibi masjidi jomei shobikai nohiyai vose
4 karimov emomali emomkhtibi masjidi dehai tigarak
5 ashurov pahlavon emomkhatibi dehai voseobod
6 gayurov nematulloh emomkhatibi dehai guliston
7 nazarov abdukholiq emomkhatibi dehai qurbonshahid
8 husenov davlatkhuja emomkhatibi masjidi jomei dehai hulbek
9 fakhridinov mahmadi emomkhatibi masjidi jomei okhjar
haqiqat in ast ki in emomi bechora az ruzi emom shudan tohol hej foidae bagayr az jamm kardani sumi khayriya va sumi namozhoi janoza kori digare nadosht ast alloh hidoyatash kunad
shumo agar az kadom odame az in nohiya pursend ki hoji ubaydulloh dar mudati 8 sol chi foidae dar din ovard .javob hamonero khohi shunavid ki man guftam alloh hidoyatash kunad
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи фоида аз чунин хатибу имомхатиб будан ки чи аз пули хайрияву чи аз пули чаноза барои мактабе ки худат дар он деха зиндаги мекуни хатто як кутти ранг барои таъмир нахаред. Чи фоида аз будани шумо баррин хатибон ки фоиде набошад аз Шумо дида дарахти бесамар хубаст ки фоидае мерасонад. Агар дар мудати 8 сол як дарахти дар нохияхое ки ту ин вазифрао бар ухда дошти мешиноди ин нохияхо богзор гашта буд. Кучо як хайр бошаду шумо бад ончо равед. Чи аблах нафароне ки вазифе доранду хидмат бар халку ватани худ намекунанд.Дехаи кафтархонаи нохияи Восеъро зарур аст ки парчамшонро поин кнунад ки чунин номдори бегайрат аз dазифа озод шуд. Аз у худнамои шерсарои дар назди Президенn у хуб набуд ки обе ба манзили беобон барори.Хайa аст чунин вазфа ба чунин бемасъулиятон.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!