Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:39

Итолиё иштибоҳашро зимни ихроҷи оилаи Аблязов иқрор кардааст

15 июл 2013, 14:44

Фишорҳои рӯзафзун Итолиёро маҷбур сохт, то иштибоҳи худ дар мавриди ихроҷи хонаводаи мухолифи қазоқро аз қаламраваш эътироф кунад.

Ҳукумати эътилофии Энрико Летта рӯзи 12-уми июл қарори худ дар мавриди берун кардани ҳамсар ва духтари 6-солаи Мухтор Аблязов, мухолифи аршади ҳукумати Қазоқистонро аз ин кишвар бекор карда, эълон дошт, ки дар ин раванд ба хатогӣ роҳ дода шудааст.

Рӯзи 31-уми май ҳамсар ва духтари Мухтор Аблязов, мухолифи аршади ҳукумати Қазоқистон бо фармони Анҷелино Алфано, вазири умури дохилии Итолиё ба хотири ин ки гӯиё шиносномаи қалбакӣ доштаанд, аз Рум берун карда шуда буданд. Дар ҳамин ҳол, додгоҳи Рум қалбакӣ будани шиносномаҳои хонаводаи Мухтор Аблязовро рад карда, қонунӣ будани раванди берункунии онҳоро аз Итолиё мавриди омӯзиш қарор дода буд.

Мухтор Аблязов, мухолифи ҳукумати Қазоқистон ва собиқ домоди раисиҷумҳури ин кишвар, ки дорои паноҳандагии сиёсии Британия мебошад, бо ирсоли як нома аз ин иқдоми ҳукумати Итолиё истиқбол карда, миннатдорияшро барои хомӯш наистодани эшон дар робита ба ин қазия баён кардааст. Сиёсатшиносон ва рӯзноманигорони итолиёвӣ Алфаноро ба он муттаҳам карда буданд, ки ин хонаводаро бо дархости Нурсултон Назарбоев аз ин кишвар берун кардааст. Ба гуфтаи онҳо, вазири умури дохилии Итолиё яке аз шахсиятҳои наздики Силвио Берлусконӣ, собиқ нахуствазири Итолиё ва дӯсти самимии Назарбоев мебошад ва дар мавриди берун кардани ин хонавода раисиҷумҳури Қазоқистон аз ӯ кумак хостааст.

Маврид ба зикр аст, ки Мухтор Аблязов дар Қазоқистон ба тақаллубкории иқтисодӣ ба ҳаҷми 5 миллиард доллар муттаҳам дониста мешавад. Додгоҳи олии Лондон феврали соли 2012 Аблязовро ҳукм ба 22 моҳи ҳабси пешакӣ карда, ҳанӯз ҳукми ниҳоии ӯ хонда нашудааст. Ин дар ҳолест, ки худи мухолифи қазоқ иттиҳомот алайҳи худро рад намуда, онҳоро ангезаҳои сиёсӣ медонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!