Бахшҳо

Боздошти Додоҷони Атовуллоҳ ҳангоми бозгашт аз Прага

Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, рӯзи 15-уми июл дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав боздошт гардидааст.

Ин иттилоъро яке аз наздикони оқои Атовуллоҳ дар сӯҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард ва гуфт, боздошт дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ аз шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чех, ба Русия бармегашт. Мусоҳиби мо афзуд, "дар як тамоси кӯтоҳ гуфтанд (Додоҷони Атовуллоҳ), ки ин боздошт бо дархости ҷониби Душанбе сурат гирифта, дархост аз номи Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст."

Ҷузъиёти боздошти Додоҷони Атовуллоҳ, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, то ҳол маълум нест. Вале худи ӯ чанде пештар гуфта буд, ҷониби Тоҷикистон дархости 27-умашро барои боздошт ва таслими ӯ ба Маскав ирсол кардааст. Иттилое, ки мақомоти Тоҷикистон таъйид накарданд.

Додоҷони Атовуллоҳ, муассис ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, дар пайи ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Русияву Олмон ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар таҳқири раисиҷумҳур ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии низом муттаҳам медонанд. Бори охир Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2011 нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо карда буд, Атовуллоҳро ба Ватан истирдод намояд.

Додоҷони Атовуллоҳ тобистони соли 2001 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда, вале баъд аз якуним рӯзи ҳабс раҳо гашта буд. Он вақт созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз боздошти ӯ шадидан интиқод карда буданд.


Акс аз Фейсбук: Додоҷони Атовуллоҳ дар Прага
Мӯҳр
ман фикр мекунам (!), Атоуллоев рисолаташро дар назди халк ичро кард. Ё бояд уро биёранд, ё бояд "дамашро гирад". Чи коре хам нашавад, Атоуллоев бузургтарин журналисти Точикистони сохибистиклол дар таърих мемонад.

вф
Бояд пеши Сноуден равад транзитный зона.

изхор
Додочонат як хиёнаткор аст. журналист хамунест, ки ватанашро бардорад на хамилатонашро тахкир кунад. Ба хар сурат дасгираш карданд. Агар сенсатсия набошад!

Ы
Изхор! ки хаммилаташро тахкир мекунад?, Агар 1 сари худаша фикр мекард ранги Бозор собир ё ягонтои дигараш холо хушомадгуи карда дар ватани худаш гашта буд.

донишчу
Ина бояд барвакт боздошт мекарданд. Бад рафтори ва хар кучоро кофтан (....) то хамин дарача мерасонад.

изхор
ы , нияти нек маълум аст, аммо ин гуфтахои атовуло тамаъкорию хиёнату гарази шахси буданд. Лекин хамун нафароне. ки истифодаш кардан боз ба точикистон таслимаш мекунанд. сиёсат хамин аст чура!!

Акнун мардуми тоҷик ором намешинад. Рости гап агар ҳамин хабари нохуш рост бошад, пеши сафорати Тоҷикистон рафта суханҳои худро мезанем. Инхел намешавад. Ояндаро бояд фикр кунем, ояндаро! Дар шаҳри мардум ғулом дар ватани худ ғулом! Шармандагист! Аллоҳ гуфта аст. Аз ту ҳаракат аз ман баракат.

Як бор части малахак ду бор части малахак охир ба дасти амакак

сафар
додочон бо хамрохии умурали куватов вакте дар к+ баромад кард мегуяд ки хама героини афгонистон аз точикистон ба россия меояд.
Э мардаки беинсоф чашми дилу чашми аклат кураст фикри обуруи миллати точика намекни фикри ин кадар точике ки дар мухочирати мехнати аст намекни. Аз барои ту шуда мухочирони мехнати точик дар бало мондан. Агар сад дод зани хукумат то андозае кушиш мекунад ки дар химояи манфати мухочирони мехнатиаш бошад.вой бар холу ту барин дуруяа.

Не, не, не! Пора хуракони ватан хурсанд нашавед! Дододжон Иншаллох имруз дар фейсбук менависад.

то чи дарача ин кометаторхо беаклу бесаводанд, агар савод медоштанд хамин кадар монанди : Сафар, Хочии беимон, Донишчуи бедониш,Изхор ва боз бисер лагандбардорхо фикри курсаводонаи худро ин чо наменавиштанд,,!!! ИНХО е аз бой додани боигарии аз дуздию каллоби чамкардаи худ метарсанд, ё аз мансаб рафтан, ё, ки дар хает лагандбардори беномусанд!! аз бесааводию беаклию хомгуию лагандбардори харосед!!

Бо ин башараи хунук тубоз давлатгир-уу,ту кухнадавлату боз ачибаш ВАТАНДОРИ бе ВАТАН

Додочон!Мардаквори гап мезад!!!

Хай капидабошанш созш кардан

Алишер
Эээээээээ акнун К+ бе дододжонов бархам мехурдабоша

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)