Бахшҳо
15 июл 2013 21:11Тоҷикистон / Сиёсат

Додоҷони Атовуллоҳ: “Ман дар роҳи дуруст ва ҳақ ҳастам”

Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, ки рӯзи 15-уми июл ҳангоми бозгашт аз Прага дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав боздошт гардид, дубора ба маркази Ҷумҳурии Чех фиристода шудааст.

Ӯ дар як тамоси кӯтоҳ ба “Озодагон” гуфт, сиҳҳату саломат аст ва мехоҳад қазияи боздошти ӯ таҳқиқ бишавад. Оқои Атовуллоҳ баъд аз он ки ба Прага расид, дар саҳифаи Фейсбуки худ ҳам навишт, ки “аз ин боздошти ногаҳонӣ хулоса баровардам, ман дар роҳи дуруст ва ҳақ ҳастам.”

Вай лаҳзаи боздошти худро чунин тасвир кардааст: “Маро дар ҷойгоҳи контроли гузарномаҳо боздошт ва ба як ҳуҷраи махсус бурданд. Дар лаҳзаҳои аввал тарс маро фаро гирифт. Зеро ҳеч кас сӯҳбат намекард, ба чашмон нигоҳ намекарданд, балки фақат дастур медоданд, ки ин ҷо бишин, мунтазир бимонед... Сипас тавонистам аз тариқи телефон тамос бигирам ва то он ҷо ки алъон мефаҳмам, дар ВАО хабари боздошти ман ба сурати густардае инъикос пайдо кардааст.”

Баъд аз он, менависад Додоҷони Атовуллоҳ, муомила бо ӯ ба тарзи чашмгире тағйир ёфт ва дарҳол барояш қаҳваву сигор овардаанд. “Сипас ба ман пешниҳод шуд, ки барои бозгашт ба Прага билет бихарам ва ман парвоз кардам. Хулоса ва натиҷаи ман аз ин ҳама, ба шарҳи зерин аст: Аввалан, боздошти ман дар фурудгоҳ тасмими сиёсии раҳбарияти Русия нест, балки дар пушти ин тавтиа лоббиҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мутаассифам, ки дар иқдомоти сиёсати хориҷии Русия чеҳраҳои машкуке таъсиргузор ҳастанд”,-навиштааст ӯ.

Дар охир оқои Атовуллоҳ гуфтааст, “эътибор ва ҷойгоҳи Русия тақозо мекунад, ки дар ин маврид таҳқиқот анҷом бигирад ва бидонанд, ки бо дастури чӣ касе ман боздошт шудам?!”

Додоҷони Атовуллоҳ, муассис ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, дар пайи ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Русияву Олмон ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар таҳқири раисиҷумҳур ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии низом муттаҳам медонанд. Бори охир Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2011 нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо карда буд, Атовуллоҳро ба Ватан истирдод намояд.
Мӯҳр
Хайрандеш
Худоро шукр, ки устод боздошт нашудаанд.

аллоҳ нигаҳат дорад эй устоди аз ҷонам боло баноми аллоҳи пок қасам аз ҷонамда боло медонамта аз шунидани ин хабари нохуш “Додоҷон Атовуллоев, имрӯз, 15-уми июл баъди парвоз аз пойтахти Чех, шаҳри Прог ба Маскав дар фурудгоҳи “Шереметево” баздошт шуд” бисёр ғамгин будам лек аллоҳ зуд моро бо озод шуданатон хурсандамон гардонид шери нар мо ҳамеша дар ҳаққат дуои хайр мекунем ман 1 солу 6 моҳ дар яке аз масҷидҳои вилояти хатлон имом хатиб будам дар рузи ҷумъа дар байни ҷандин мусалмонҳо дар ҳаққат дуо мекардам лек афсус устоди муҳтарам Додоҷон Атовуллоев номатро гирифта немтонистам аллоҳ худаш медонад ки ман дар назар киро дорам устодам хидматгори дини ислом ва хидматгори миллати бошарафи тоҷикам аллоҳ ҳофиз эй шери нар Додоҷон Атовуллоев мо муллоҳои тоҷик бо ту ҳастем албатта дар назар муллоҳои ҳақиқиро дорам на муллоҳи хоинони дин
озодагон аз аллоҳ тарс чизе навистам мон мардум хонан шумо чихели озодаен ё номтон озод худатон асир>>>>>>>>>>>>>>>>>>
>
>>>>>>>

ыв
Бас кунед ба Россия рафтанро. Россия давлати криминал аст. Ба ягон конуни байналхалки нигох намекунад. Искандаров, Салимов ва даххо дигарон хилофи конуни байналхалки аз он чо оварда шуданд. Магар хамин ба шумо дарс нест?

муслима
Устоди азиз худованд шуморо дар панохи худ нигахдорад ва зиед хохиш дорам ки ба хамин россия дигар сафар накунед зеро кишвари россия як кишвари дуруябоз хаст боки зинда бошед муваффак бошед.......

Кулоби
Дар ин як шабонаруз дуо кардем,ки ин бародари хакчуи моро ,Худованд дар панохаш нигох дорад ва гуфтани суханхои хак ва адолатнокро боз хам дар забонашон бурратар, чори намояд. Мо бо шумо хастем, бародар Додочони Атовулло. Аз озод Шудани Шумо хело ва хело хам хурсанд шудем.

Восеъ
шукронаи Худо, ки равшангари рохи хак сихату саломат аст. Факат ба пеш

Дигар кор надоред Кати хамин Устотон !!!

ин хамааш бозии сиёсист бовар накунед ба ин хиёнаткор! чаро касе савол наметияд ки ин шахс аз кучо маблаг меёбад барои чунин икдомхо,ба ахмакии ин одам он вакт мутмаин шудам ки дар Лондон сухбат мекарду Точ-ро бо Англия мукоиса мекард!ба умеди пули хоричихо шуда харом мемурад агар одами пок мешуд гурехта намегашт!

Имомхатиб
Хайф ин ном бар шумо, шумо агар имони ботакво ва пархезгор мешудед хеч вак инхел наменавистед. Шуморо ношукри як руз не яу руз кур мекунад. Ба коментнависон дигарбора гуфтаниам, ки ин кадар суфию авлиё бошед аввалаш ки ба дуъои курмуш шумо баринхо борон намеборад Худованди покам ба доди шумо хам намерасад хар нафаре ки рост дар рохи хак аст Худованд нигахаш медорад ин додоякишумо бандашро холо Худованд дароз сар додаги (гапаша бинед ман тарсидам, ба ман кахваву сигор оварданд)...

ИН ДАФЪА БАРЛОС РАХИД, АЗ ЧАНГИ ЛАКАЙ ЧАХИД.
ДАФЪИ ДИГАР ИН ЗАРГУШ, БА ДОМ АФТАД ХАМЧУН МУШ!!

Устоди мухтарам хак ба чониби шумост ва иншоАллох Худованд пуштибоши шумо аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)